ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

СУРАЙЁИ ҚОСИМ: «АЗ ТАҚДИР ҶОЙИ ГУРЕЗ НЕСТ…»

Сурайё Косимова

Сурайё Косимова

Сурайёи Қосим баъд аз як садама тақрибан як соли ахир мавриди табобат қарор дошт. Ин ҳодиса дар замоне иттифоқ уфтод, ки духтари хурдияш Фарзонаи Хуршед зиндонӣ шуда, бештар аз як соли умри худро дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак сипарӣ кард.

Дар соли 2010-ум додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фарзонаи Хуршедро ба ду соли зиндон маҳкум намуд. Он ҳам ба далели ин ки Фарзона талош кардааст, то дӯстписари худ Фаррух Рӯзиевро аз толори додгоҳ бигурезонад. Фарзона тирамоҳи соли гузашта, дар пайи тасвиб ва мавриди иҷро қарор гирифтани қонуни афв аз зиндон озод шуд.

-Хонум Сурайё, ҳоло худро чӣ гуна эҳсос мекунед?

-Худоро шукр, ки хеле хуб шудам. Худамро хуб эҳсос мекунам.

-Муборак бошад «бозгашт»-и Шумо ба саҳнаи ҳунар. Акнун чӣ барномаҳо доред?

-Мо нақша дорем, ки то ду моҳи дигар бо ҳамроҳии Шабнаму Фарзона барномаҳои консертӣ доир намоем. Ин консертҳо, қарор аст, дар Кӯлобу Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар баргузор шаванд.

-Духтаронатон чӣ гуна гуна зиндагӣ доранд? Фарзона чӣ хел аст?

-Ҳамааш хуб аст. Онҳо кор мекунанд, мехонанд, дар маъракаҳои мухталиф иштирок мекунанд. Фарзона ба саҳна бозгашт ва ӯ хеле ҳам хушҳол аст.

-Хонаводаи Шумо, шахсан худатон ва Фарзона дар ду соли ахир бисёр нохушиҳоро паси сар гузоштед. Аммо дар баробари ин ҳама Шумо мардона истодед…

-Русҳо мегӯянд, ки ин «хатти сиёҳ» буд. Инчунин мегӯянд, «нохушӣ худаш танҳо намеояд». Инсон дар зиндагӣ ба озмоишҳои зиёде рӯбарӯ мешавад. Ҳоло ҳама чиз хуб аст. Рости гапро гӯям, ҳамаи ончиро, ки аз сар гузаронидем, ба ёд овардан намехоҳам.»

-Мегӯянд, ончи ба Фарзона рух дод, кори оноҳе буд, ки ба духтари Шумо «рашк» мекарданд ва пешрафти Шабнамро намехостанд. Шумо дар ин маврид чӣ назар доред?

-Аз тақдир ҷои гурез нест. Фикр мекунам, Фарзона кадом иштибоҳе кардааст, чун бисёр ҷавон буд…

-Бо Фаррух Рӯзиев чӣ шуд? Додгоҳ дар соли 2010-ум  ӯро ба даҳ соли зиндон маҳкум карда буд. Мо дар бораи ӯ чизи дигаре нашунидем. Шумо ягон хабаре доред?

-Рости гап, намехоҳем дар бораи ӯ чизе ҳам дониста бошем.

-Ақаллан намедонед, ки ӯ  ҳоло дар зиндон аст, ё на?

-Мо фаҳмидем, ки ӯ дар озодист.

-Дар репертуари Фарзона оё таронаи наве ҳам ҳаст, ки ба зиндагии ӯ дар зиндон рабт бигирад?

-Фарзона бисёр таронаҳои нав дорад. Аммо на ҳамаи онҳо ба зиндагии ӯ дар зиндон рабт доранд. Балки онҳо баъд аз раҳоии Фарзона эҷод шудаанд. Фикр мекунам, муносибати вай ба эҷоди тарона тағйир кардааст. Ӯ бештар ба маънии онҳо диққат медиҳад. Ба назари ман, вай бисёр самимӣ шудааст. Ҳамчунин, бисёр чизҳоро дар сабки худ ва ҳунарнамоӣ дар саҳна бознигарӣ кардааст.

-Шумо ба кори духтарони худ аз нигоҳи танқидӣ менигаред? 

-Бале, талош мекунам, ки ба онҳо назари шахсии худро бигӯям. Ба ман мақбул аст, ки духтарҳо баъзан пеш аз иҷрои таронае матну интихоби либосро машварат мекунанд. Ман 42 сол боз дар рӯи саҳна ҳастам ва ҳамеша бар ин бовар будам, ки танқид ба нафъи ҳунарманд аст. Ҳамеша ба он чизе, ки ба ту мегӯянд, бояд тавваҷҷӯҳ кунӣ. Чун танқид барои пешрафти ҳунармандон кумак мекунад.

-Шумо дар кори Шабнам чӣ камбудҳоеро мебинед, барои мисол?

-Намедонам дар ин бора ба Шумо дақиқан чӣ бигӯям. Кори ӯ барои ман писанд аст. Ман ҳамчун модар ва ҳамчун мухлиси санхати ӯ инро мегӯям. Ҳунарманд ҳамон вақт муваффақ мешавад, ки миёни мардум ва бо мардуми худ бошад. Аммо фаромӯш набояд кард, ки таронаҳои касбӣ баёнгари касбияти ҳунармандон аст.

-Дар Тоҷикистон бисёриҳо дар бораи духтарони Шумо — Шабнаму Фарзона медонанд, аммо дар бораи Бибирӯзигул иттилои камтаре доранд. Мегӯянд, ки ӯ баръакси хоҳаронаш мазҳабист…

-Дар ҳамаи хонавода фарзандон гуногун мешаванд. Аз рӯи хислату рафтор. Вай аз хурдӣ чунин буд. Дар бистсолагӣ зиёрати Ҳаҷро ба ҷо овард. Ҳоло 34 сол дорад ва дизайнери либосҳост. Барои интихоби лисбоҳо ба хоҳаронаш кумак мекунад.

Бо вуҷуди ин ҳама духтарон бо ҳам дӯстанд ва бо якдигар бо эҳтиром муносибат мекунанд. Агар ягон нофаҳмие шуд, онҳо бо маслиҳат онро ҳал мекунанд. Ҳамеша ба онҳо мегӯям, ки дар ҳар вазъияте инсонгариро набояд фаромӯш кард.

«Озодӣ»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!