ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ВАЛӢ: «НАВРӮЗ БА КУЛЛИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОШАД!»

Valy - Вали

Valy - Вали

Маҳфилҳои фарҳангӣ ва барномаҳои рангини консертие, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар пойтахти кишварамон баргузор гаштанд, наврӯзи имсоларо ба тантанаи ҳақиқии санъату ҳунар мубаддал гардониданд.

Яке аз чунин чорабиниҳои зебои ҳунарӣ консети муштараки сарояндаи машҳури афғон Валӣ бо ҳунармандони намоёни тоҷик Баҳром Ғафурӣ, Шабнами Тоҷиддин, Моҳира Тоҳирӣ ва Фаридаи Бахтиёр дар толори сирки Душанбешаҳр буд, ки басо хотирмон гузашт. Як рӯз қабл аз барнома ба мо даст дод, ки бо меҳмони олиқадру соҳибҳунар Валӣ ҳамсӯҳбат гардем. Хонандагони азиз, биёед ҳамроҳ аз боғи андешаҳои Валӣ хӯша бичинем.

 Тоҷикистон аз назари меҳмон

-Валӣ, ин сафари аввалини Шумо ба Душанбешаҳр нест. Ин навбат Тоҷикистонро чӣ сон дарёфтед?

— Ин сафари сеюми ман ба Тоҷикистон аст ва ҳар дафъа, ки меоям кишвари шуморо зеботару зеботар пайдо мекунум. Душанбе мисли ғунчаи гули садбарг торафт шукуфонтар ва дилработар мегардад.

-Шумо, ки дар саҳнаҳои бузурги ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардаед ва мактаби ситораҳои ҷаҳониро гузаштаед, ба ҳунари сарояндагони тоҷик чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Мардуми тоҷик зотан «талант» доранд, яъне аслан ҳунарманд ҳастанд. Ман дар ҳар сафарам ба кишвари шумо ва ҳунарнамоӣ ҳамроҳи ҳампешагони тоҷик бештару бештар ба ин андеша мӯътақид мегардам, ки дар шараёни хуни ин бачаҳо ҳунар ҷӯш мезанад.

Бо Садриддини Наҷмиддин барин ҳунарманд ҳамкорӣ доштан бароям хоса хушоянд буд. «Талант»-и ин ҳунарманд дар сатҳи ҷаҳонист. Умедворам, ки ин навбат низ ҳунармандони асилро рӯи саҳнаи тоҷик дармеёбам ва дастаҷамъона бо барномаи рангини ҳунарӣ ба дилҳои мардум баҳор меорем.

-Тоҷикон Валиро зиёд дӯст доштанд ва мехоҳанд дар боби зиндагии хонаводагиаш бештар бидонанд…?

-Зану бача надорам. Волидонам дар Германия зиндагӣ мекунанд. Айни замон дар се шаҳри бузурги олам Лос-Анжелос, Дубай ва Олмон зиндагӣ дорам.

-Барои арӯси Валӣ гаштан бону кадом сифатҳоро бояд дошта бошад?

-Ростӣ, ҳанӯз сари ин масъала ҷиддӣ фикр накардаам. Ҳар духтар метавонад соҳиби сифатҳои хуб ва арзандаи арӯсӣ бошад, вале мушкил дар он аст, ки ман ҳанӯз барои шавҳар ва падар шудан омода нестам. Аз шаҳр ба шаҳр, аз кишвар ба кишвар ҳамеша дар парвоз ва сафари ҳунарӣ ҳастам. Бо ин ҷараёни зиндагие, ки ман дорам барои зану бача аслан вақт намемонад.

-Валӣ, барои ба саҳнаи ҷаҳонӣ роҳ ёфтан муҳимтарин нақшро чӣ мебозад: пули калон, такягоҳ ё санъати асил?

— Шоу-бизнес дар дунёи муосир як навъ бозор аст. Моли хуб дошта бошӣ ба рақобат тоб меоварӣ ва муваффақ мешавӣ, агар не ба зудӣ ин дарёи пурталотум туро ба соҳили номуродӣ меафканад. Муҳим истеъдод аст.

Ҳар рӯз ҳунармандони нав ба нав ба саҳна меоянд ва агар сароянда истеъдоди комил надошта бошад, наметавонад тоб оварад. Ҳунармандоне, ки кулборашон аз матои ҳунари асил бой аст, ҳамеша харидор меёбанд, ба шарте, ки танбал набошанд. Саҳна ҳамеша моли тозаю нав мехоҳад.

Амрико: дӯст ё душмани Афғонистон?

-Инсони соҳибдил агарчи солҳо дур аз мелодгоҳи хеш зиста бошад ҳам, бӯйи Ватан ҳеҷ гоҳ аз димоғаш намеравад. Ба қавле хумори Ватан одамро мисли оҳанрабо сӯйи хеш мекашад. Сафари охиринатон ба Афғонистон кай буд?

-Моҳе қабл дар Афғонистон будам. Ватани мо рӯз то рӯз ободтар мешавад. Афғонистони имрӯз рӯ ба пешрафт аст ва маро аз ин басо хуш меояд. Ман нақшаи калонтаринамро дар Афғонистон амалӣ карданӣ ҳастам. Мехоҳам як шабаки ҷаҳонӣ, яъне шоу-канали телевизионӣ боз намоям.

-Фоҷиае, ки чанде қабл ба сари мардуми афғон омад, гумон мекунам натанҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон низ одамонро бетараф нагузошт. Хабари даҳшатангези дар як шаб чанд нафарро ба ҳалокат расонидани як сарбози амрикоӣ дар васоити ахбори омма ҳангомаи ҳақиқӣ барпо намуд ва имрӯз бархе бо нафрат ба Амрико менигаранд. Мехостем назари Валиро ба ин қазия бидонем.

-Касоне, ки ҳамеша дар дохили ҷанг ҳастанд, хоҳ-нохоҳ асабашон хароб мешавад. Ман аниқ намедонам, вале ба назарам чунон мерасад, ки он сарбози амрикоӣ ба кадом маризии равонӣ ё иллати асаб гирифтор буда, ки даст ба чунин ваҳшоният задааст.

Инсони солим наметавонад ба сари мӯйсафедон, кӯдакон, занҳо даст бардорад, тир кушояд ва одамони куллан бегуноҳро қатл намояд. Дар ҳар ҳолат иллати равонӣ ё кирдори ҷиноии як нафарро ба сари як давлати бузург бор кардан аз рӯи адолат нест.

-Шумо чунин меҳисобед, ки дар ин қазия Амрико даст надорад?

-Амрико ҳар сол барои Афғонистон зиёда аз 400 миллион доллар харҷ мекунад. Акнун худатон андеша кунед, магар кишваре, ки ин қадар маблағро барои ободии як давлати дигар сарф менамояд, бо дасти хеш, бо як амали ваҳшиёна худро бадном мекунад? Албатта не! Амрико ҳеҷ гоҳ обрӯи худро бо чунин амал хароб нахоҳад кард.

Таронаи ҳамзабонон

-Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон се кишвари решапайванд ҳастанд. Дар мавриди ҳамкориҳои ҳунарии ҳунармандони ин се кишвар чӣ назар доред?

-Ман бо ҳунармандони машҳури эронӣ Дориюш, Муин, Лайло Фуруҳар ҳамкорӣ ва ҳунарнамоӣ доштам. Бо сарояндагони тоҷик Садриддини Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Шабнами Тоҷиддин, Фаридабону ҳам якҷоя консертҳо барпо кардем. Ростӣ ҳанӯз таронаҳои муштарак-дуэт насурудаем, вале гумон мекунам, ки минбаъд робитаҳои эҷодиамон боз ҳам қавитар хоҳанд гашт.

-Шунидем, ки дар кадом як фестивали байналмиллалӣ ғолиб омадед?

-Соли 2011 дар фестивали байналмиллалии мусиқӣ, ки бо ширкати ҳунармандон аз 47 кишвари олам барпо гашт, соҳиби «гран-при» гаштам. Бори аввал аз кишварҳои минтақаи Осиё ва Ҳиндустон ҳунарманде дар ин фестивал ғолиб омад ва ин боиси ифтихори ман аст, ки номи Афғонистонро дар ин озмун баланд бардоштам.

-Кадоме аз кишварҳое, ки сафари ҳунарӣ доштед, бароятон бештар писанд омад?

— Беҳтарин вақти сафари ҳунари ман дар айёми ҷашни Наврӯз аст ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки Наврӯзро дар Тоҷикистон ва бо мардуми тоҷик гузаронам. Соли пешин ҳам Наврӯзро дар Тоҷикистон пешвоз гирифтам ва имсол ҳам дар Тоҷикистон ҳастам.

Ман зодаи шаҳри Ҳироти Афғонистон ҳастам ва ҳар дафъае, ки ба Тоҷикистон меоям, худро дар Ҳирот тасаввур мекунам. Мардуми тоҷик чеҳраи бисёр гарм ва қалби пурэҳсос доранд. Аз дидани чеҳраҳои пурмуҳаббаташон хушам меояд.

-Инсон ҳар қадар серкор набошад ҳам, боз шуғле ҳаст, ки дӯст медорад ва хастагии худро бо ҳамон мебарорад. Яке ошиқи спорт аст, дигарӣ дилбохтаи шикор, саввумӣ китоб хонданро дӯст медорад. Валӣ ошиқи чист?

-Ошиқи футбол! Воқеан, имрӯз мо футболбозӣ кардем ва тими ҳунарии Тоҷикистонро бо ҳисоби 3-0 мағлуб намудем.

-Кадом ҳунармандон дар ҳайъати тими ҳунарии футбол аз ҷониби Тоҷикистон бозӣ карданд?

-Садриддинҷон, Рустами Нур ва навозандагонашон буданд. Соли гузашта бо ҳисоби 3-2 бозиро бохта буданд, имсол дар 0 монданд!

-Валӣ кадом ғизоро дӯст медорад?

-Оши палав ва спогети.

-Бароятон Наврӯзи фирӯз ва парвозҳои баланди эҷодиро дар ин баҳори сабз хоҳонем!

— Наврӯз ба кулли мардуми Тоҷикистон муборак бошад!

«Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Афғонистон,

4 комментария

  1. Саъдуллои Камол:

    Салом ба хамма мардуми Точикистон бовар кунед ман барномахои хамин хофизи афгонира дидум ба фикри ман на маъни дораду на мазмун шумо ахмият дихед ягон оханги худуш намесароя вакте ки сахнаро дидам ки чикадар духтарои зебо карибки худашонро кушанд барои хамин маймуни бедум аниктараш номусам омад чунки дар назди дигар давлатхо зану духтари Точик барои мо ба мисли хохарамон асосаш зан модар аст ин аламовараст ки як маймун дар назди 1000хо мард буромада ба суи зану хохару модари мо алавю гуфта такрор ба такрор кардан гирад мо сукут карда истем хайр албата давлати мо демократи аст лекин мо ТОЧИК буданамонро бояд фаромуш накунем хай як мисол кани як хофизи мо рафта дар Авгонистон ба суи духтару заношон алавю гуяд кани хаминхел бохучат нест ва намешавад барои хамин эй мардум камтарбошадам мо бояд одоби худамонро дорем ё ки шумо ягонта хофизаи авгонира бо хофизи Точик дует сароидагиашро дидед ё ёд доред ин хофизахои мо бисёр нотарсанд ё беномусанд барои 2 сум худшона ба инхо мефурушанд аввалаш ин ки мо хофизахои бономус дорем ки аз афту башараи авгонхо безоранд ин хофизахои бо авгонхо месароидаги худашон гузаштаашон ракосаву … будааст барои хамин на номус доранду на одоб охир гумшавед аз думи хамон авгонхо равед Точикистони азизи моро инкадар беобуру накунед инкадар паст назанед Точикистон аз шуммо безор аст аз ин маймун дида хофизони худмон бо маъни месароянд ба мисли БАХРОМ Г ВАЛИЧОН А ВА ГАЙРАХО ХАЙР САДРИДДИНАМ СОЗАЮ КАМТАР БЕНОМУС АСТ

  2. gulru:

    Мебахшед Саъдулло ин кадар шумо ба ин овозхонхо фишор овардед,Бо ин хунараш вай ба точикистон омадаст тавонистас хунарашро ба мо нишон бидихад канд занад!Чи шумо хам ранги вай тавонед дар Амрико консерт монед барои ин хунар даркор

  3. Саъдуллои Камол:

    дуруст гуфтам хамон маймун буромада дар пеши падару бародари шуммо ба суни шумо алавю мегуяд хамин акнун хунар шуд замин кафаду мо дароем ба хамин занои ки кариб да пеши пои хамин маймун худкуши кунанд

  4. Саъдуллои Камол:

    дурустараш ин хари дажол аст

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!