ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЗИКРУЛЛОҲ БЕҲТАРИН МАРД, БЕҲТАРИН ИНСОН, БЕҲТАРИН ДӮСТ…

Зикруллох Хакимов

Зикруллох Хакимов

Бузургон гуфтаанд, ки ҳунар чашмаест зоянда ва давлатест поянда. Ҳунарманд ҳар куҷо равад болонишин бошад ва ҳеҷ гоҳ хорӣ набинад, ки бешубҳа ин суханон ҳақиқати кулланд.

Овозхонӣ ё чӣ тавре, ки дар мо маъмул аст, сарояндагӣ истеъдоди Худовандист, ки онро на бо зар харида мешаваду на бо зӯрӣ пайдо карда. Агар инсон ба ин лутфи Худованди карим арзанда гаштаю он зоти пок барояш истеъдодро ҳадя карда бошад, албатта назди мардум азизу муқаррам аст.

Овозхонон бо сурудҳои дилнишину гӯшнавози худ дарди садҳо дардмандро даво мебахшанду мушкили садҳо нафари дигарро осон менамоянд. Зикруллоҳ Ҳакимов — овозхон ва оҳангсози машҳури Тоҷикистон аз ин истисно нест, зеро ӯ бо навозишҳои фораму гӯшнавоз ва таронаҳои баландмазмуну дилнишинаш кайҳо дар дилу дидаҳо ҷой гирифта, эшонро тариқи овози ширадору гуворояш аз банди дарду ғам ва садҳо мушкили рӯзгор раҳо намудааст.

Ин марди соҳибҳунар, ки маҳз бо ҳунари волою истеъдоди хуби овозхониаш садҳо дили шикастаро ба ҳаёт аз нав гарм намудаю садҳо ноумедгаштаро дубора ба зиндагӣ дилгарм кардааст, ба наздикӣ зодрӯз дорад. Бисёр мехостем дар арафаи мавлудаш бо Зикруллоҳ ҳамсӯҳбат шуда, ӯро аввал шодбош бигӯему баъдан як сӯҳбате ороем, мутаассифона, натавонистем пайдояш созем, бинобар ин, тасмим гирифтем, то бо дӯстону ҳамкасбонаш сӯҳбат карда, шодбошаш намоем.

ИНСОНИ ЗИНДАДИЛ АСТ

— Зикруллоҳ Ҳакимов беҳтарин мард, беҳтарин инсон, беҳтарин дӯст ва беҳтарин ҳамкасбу ҳамкор аст. Ӯ инсони самимиву зиндадил буда, ба зиндагӣ бо нигоҳи тозаву нав менигарад, нисбат ба касе дар дил кинаву адоватро ҷой намекунад, пешравию муваффақияти инсонҳоро мехоҳад. Як хислати хуби дигар дорад, ки ҳарчанд ҷиддӣ менамояд, вале хеле хушчақчақу шӯх аст, дуриҳои дурро меандешад.

Хулоса, бо Зикруллоҳ будан як дунёи дигар аст, дунёи шодиву фараҳ, дунёи некбинӣ, дунёи хушҳоливу фориғ аз ҳама ғамҳои зиндагӣ. Зодрӯзро барояш муборак мегӯям, илоҳи зинда бошад ва ҳамеша дар саҳна бо мухлисони азизаш бошаду бо таронаҳои баландмазмунаш боз ҳам хотири дӯстдорони савту наво ва суруду мусиқиро шод созад.

Шаҳзоди Даврон, сароянда: ХУБ МЕДОНАМ, КИ…

— Вақте ансанбли «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радио таъсис ёфт, Зикруллоҳ Ҳакимовро барои ҳунари волою садои гӯшнавоз доштан, барои оҳангсози хуб ва аз нозукиҳои санъат бохабар будан роҳбари дастаи мазкур интихоб намуданд, ки воқеан ҳам тавонист чанд муддат вазифаи хешро сарбаландона иҷро намояд. Ҳатто аввалин сурудҳои яккаи ансанбл бо заҳмати зиёди ин марди соҳибистеъдод пешкаши ҳаводорони таронаҳои дилангез гаштанд. Агар гӯям, ки маҳз оҳангҳои гӯшнавози Зикруллоҳ муаррифгари як ансанбли нав шуданд, хато нахоҳам кард.

Ӯ роҳбари ҷиддию сахтгир, ҳамзамон меҳрубон буд, роҳбарӣ ба вай мезебад, чунки метавонад аз ӯҳдааш ба хубӣ барояд, зеро фаҳмиши хуби мусиқавӣ дорад, агар нозукиҳои санъатро намефаҳмид, ин қадар оҳангҳои зеборо намеофарид. Берун аз саҳнаю санъат ва ҳамкорӣ ҳам хуб медонам, ки инсони софдилу поктинату поксирату покният аст. Ба касе бадӣ кардан намехоҳад, ҳамеша тарафдори хушрӯзию хушбахтии мардум аст, муборакаш бошад ин ҷашн!

Боғигул Саидова, сароянда: ҲУНАРИ АСИЛ ДОРАД Ӯ

— Агар аз ҳақиқат ҳарф занам, аз миёни тамоми санъаткорони кишвар беҳтарин ҳамкасб, ҳамкор ва дӯсту бародарам аст, Зикруллоҳ Ҳакимов. Ӯ ҳунари хуби овозхонӣ, садои дилнишин, оҳангҳои фораму тасхиркунанда, сабку услуби хос ва ҳаракатҳои ба худ зебанда дорад. Агар мушоҳида карда бошед, дар саҳнаи ҳунар на ҳар кас метавонад мисли Зикруллоҳ бошад.

Вай оҳангсози хуб низ ҳаст, аксар овозхонон маҳз бо маҳсули эҷоди ӯ ба хурду калон муаррифӣ гаштанд, пас месазад, ки офаринаш хонд. Оҳанги таронаи «Омадӣ Нигорам» — и ман низ аз эҷодиёти ӯст, ки бароям тӯҳфа кардааст ва ҳангоме ки онро сурудам, ба тамоми мардум писанд омад, ки ин аз истеъдоди хуби ӯ дарак медиҳад.

Берун аз саҳнаю санъат ҳам бо ӯ дӯстию бародарӣ дорам, ба хонааш рафта, аз ҳоли ҷигарбандонаш бохабар мешавам, ростӣ, дар хона низ инсони хуб аст, падари ҳалиму меҳрубон ва нисбат ба таълиму тарбия, донишу хониши фарзандон ҷиддӣ аст, инро аз чеҳраи дӯстрӯяконаш фаҳмидан душвор нест.

АЗ ИНДОРА: Воқеан ҳам Зикруллоҳ Ҳакимов ҳунар ва истеъдоди хуби овозхонию оҳангсозӣ дорад. Сурудҳои дилангезаш ба дилҳо тасхир бахшида, хастагиро дур месорзанд. Шунаванда аз шунидани таронаҳои дилчаспи ӯ болидарӯҳ гашта, вориди дунёи орзуҳои ширин мешавад. Оҳангҳояш низ гӯшнавозанд, аз навозишҳои ин марди соҳибҳунар гӯшҳоят навозиш меёбанд, орому осуда мешаванд, роҳат мекунанд. Таманнои тансиҳативу хонаободӣ ва боз ҳам офаридани суруду оҳангҳои дилнишинро ба ин ҳунарманди маҳбуби дилҳо дорем. Зодрӯз муборак бошад, Зикри Оллоҳ!

Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. гимет:

    зикриоллох марди шариф ва овозхони нотакрор аст дар сухбати у нишастан кайфияти маънави дорад хануз аз овони чавони бо ин мард шинос хастам бигзор овозаш хаста набошад.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!