ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БАҲРОМ ҒАФУРӢ: «ДАР МО «ШОУ-БИЗНЕС» ВУҶУД НАДОРАД»

Бахром Гафури

Бахром Гафури

Баҳром Ғафурӣ аз зодагони насли инқилобии санъати тоҷик аст. Инқилобӣ ба он маънӣ, ки ин насли ҳунармандон — Садриддини Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Сироҷиддин Фозилов, Сӯҳроби Маҳмуд, Манижаи Давлат, Шабнами Сурайё замони пас аз даргириҳои дохилӣ пасопеш рӯйи саҳна омада, бо вуруди хеш ба ҷодаи эстрада дар олами мусиқии эстрадаи тоҷик сабку равияи навро эҷод намуданд ва як навъ инқилоби ҳунарӣ карданд.

То ҳанӯз ҷавононе, ки ба ҷодаи эстрада қадам мениҳанд, аксаран бо равияи ҳамин ҳунармандон месароянд ва бо шарофати ҳамин услуби сарояндагӣ, ки воқеан хеле ҷаззобу дилнишин аст, маҳбубият пайдо карданду мекунанд. Аз ин нигоҳ Баҳром Ғафуриро бемуҳобо метавон дар ҷодаи эстрада «профессионал» номид.

Садриддини Наҷмиддин ва Шабнами Сурайё аз ин миён кайҳо ба саҳнаи ҷаҳонӣ роҳ кушода ва акнун бештар бо ҳунарнамоии хеш дар кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар Амрикову Олмону Лондон барин давлатҳои муттарақӣ санъати тоҷикро муаррифӣ ва ташвиқ менамоянд. Чандест, ки Баҳром низ дар саҳнаи тоҷик кампайдост. Шояд Баҳром Ғафурӣ низ рӯ ба саҳнаҳои бузурги олам оварда бошад?- ин суол моро ба ҷустуҷӯи ҳунарманди дӯстдоштанӣ водор намуд. Ва инак, фишурдаи муҳовараи мо бо Баҳром Ғафурӣ.

-Баҳромҷон, вақтҳои охир дар саҳифаҳои матбуот камнамоед…?

-Ин иллати серкорист-эҷоди таронаҳо, сабти клипҳо, тӯю маҳфилҳои арӯсӣ… барои ҳамаи ин вақт сарф мешавад! Аз тарафи дигар дар саҳифаҳои бархе аз нашрияҳо овозаю ҳангомаҳои гуногунро аз қабили Баҳром саҳнаро тарк кард, дида, хеле асабонӣ мешавам. Намедонам, ки ин хабарҳои подарҳаворо аз куҷо меёбанд. Ақаллан занг зада намепурсанд, ки ин овозаю ҳангомаҳо ҳақиқат доранд ё не. Ҳунармандро чунин маводҳо аз матбуот дилсард месозад.

-Насли шумо, яъне насли ситораҳои инқилобӣ дар симои Садриддину Шабнам аллакай ба саҳнаи ҷаҳонӣ роҳ кушоданд. Шунидем, ки ошиқони садои Баҳром дар Аврупо ташнаи дидори ин ҳунарманди тоҷиканд ва Шумо ҳам азми тасхир намудани саҳнаи ҷаҳониро доред?

— Қадамҳои нахустинро дар ин самт гузошта истодаем дар ҳамкорӣ бо «Қиём-интертейманд».

-Имрӯз аксари ҳунармандони тоҷик мекӯшанд таронаҳояшонро дар хориҷи кишвар сабт ва махсусан клип намоянд. Магар ҳунари клипсозии коргардонҳои тоҷик шумо -ҳунармандонро қонеъ намесозад?

-Муҳим он нест, ки клип дар Амрико сабт шудааст ё дар Тоҷикистон, муҳим мазмун ва арзиши маънавии асари эҷодгашта аст. Танҳо ба хотири сифати техникӣ санъаткорони тоҷик мекӯшанд таронаҳояшонро дар хориҷа клип намоянд, зеро онҳо дурбин (камераҳо)-и навтаринро дороянд, ки ба талаботи стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯст.

-Аксари ҳунармандон аз он шикоят мекунанд, ки қимати клипҳо хеле гаронанд…?

-Моли хуб албатта гаронбаҳост! Имрӯз замоне фаро расида, ки ҳунарманд бояд дар баробари истеъдод киссаи пур дошта бошад. Барои он, ки ба рақобат дар дунёи ҳунар тоб оварӣ сарпарасти хуб ё тиҷорати шахсӣ доштан лозим, то тавонӣ таронаҳои муассирро эҷод ва сабт намоӣ.

-Сарпарасти Баҳром кист?

-Худованд.

-То ҳол сарпараст надоред?

-Бародароне ҳастанд, ки кӯмак мекунанд, вале ба маънии томаш сарпараст надорам.

-Дар як муҳоварааш Субҳони Саид гуфта буд, ки дар Тоҷикистон «шоу-бизнес» вуҷуд надорад. Шумо ба ин андеша розӣ ҳастед?

-Дар ҳақиқат ҳанӯз дар мо «шоу-бизнес» ба маънии аслиаш вуҷуд надорад, вале қадамҳои нахустинро дар ин самт гузошта истодаем. Итминон дорам, ки минбаъд заҳмати ҳунармандони тоҷик қадр карда мешавад ва тариқи шартнома кор карда, дастмузди арзандаи ҳунарашонро хоҳанд гирифт.

ӯҳрат манбаи беҳтарини даромад аст. Ҳунармандони Ғарб дар баробари консерту дискҳояшон аз реклама ҳам маблағи калон ба даст меоранд. Дар Тоҷикистони мо низ аҳён-аҳён ҷалби ситораҳо ба реклама мушоҳида мешавад. Баҳром ҳам аз реклама даромад дорад?

-Мутаассифона, бегонапарастем. Аксаран ҳунармандони кишварҳои дигарро дар рекламаҳояшон истифода мебаранд, дар ҳоле, ки ҳунармандони худамон низ метавонистанд ба хубӣ аз ӯҳдаи реклом бароянд.

-Аксари ҳунармандон аз гаронии андоз шиква мекунанд, Баҳром чӣ назар дорад?

-Ҷои шиква нест, дар тамоми кишварҳои муттарақии олам андози соҳаи санъат баланд аст. Ин қонуни давлат аст ва онро бояд иҷро намуд.

-Фарзандони аксари ҳунармандон думболи падар ба саҳна омада истодаанд, то ҷодаро холӣ нагузоранд. Баҳром ҳам писаронашро ба санъаткор шудан ташвиқ мекунад?

-Писари калониам дар мактаби мусиқӣ таҳсил мекунаду дуюмӣ дар мактаби иқтисодӣ. Имсол мехостам писарамро аз мактаби мусиқӣ бигирам, вале дар ҷашни зодрӯзам 29-уми феврал ҳамроҳи Рустами Нур таронае суруда маро ба ҳайрат овард.

Таронааш дар сатҳи касбӣ буд ва инро ҳунармандони дигар низ тасдиқ намуданд. Пас аз шунидани ин тарона тасмим гирифтам, ки шӯълаи илҳомашро хомӯш нахоҳам кард. Модоме истеъдод дорад, бигзор худро санҷад, ҳунарманд шавад. Ба қадри тавон писарамро дастгирӣ хоҳам кард.

— Ин писари зани якуматон ё аз дуюмаш?

-(Механдад) Шукри худо, ҳанӯз дузана нашудаам! Қудрат ба тавоноӣ гуфтаанд.

-Баҳром қудрати дузанагӣ надорад ё майл?

-Хоҳиш бошад, қудрат пайдо мешавад. Майл надорам.

-Ҳунармандон ҳамеша аз он шикоят мекунанд, ки аз дискҳои таронаҳояшон дигарон фоида мебинаду ҳуқуқҳои муаллифии онҳо ҳимоя намешаванд…?

— Дар тӯли 10 соли фаъолиятам тақрибан як миллион диски таронаҳоям ба фурӯш рафтааст, агар аз ҳар диск як сомонӣ фоидааш ба ман мерасид, аллакай як миллион сомонӣ мешуд, агар даҳ дирамӣ мемонд, сад ҳазор сомонӣ, вале як сомонӣ ҳам фоида надидаам. Дубора ба дунё меомадам, ҳофиз не, дискфурӯш мешудам. Ҳоҷат ба ҳунарманд шудан нест, чунки аз самари заҳмати сарояндагон дигарон муфтакак киссаҳояшонро пур мекунанду мо бо дасти холӣ мемонем. Касе нест, ки пеши роҳи ин муфтхӯриро бигирад!

-Шунидем, ки вақтҳои охир банди эҷоди филм будед?

-Бале, қисмати дуюми филми «Сукут»-ро дар чанд шаҳри Амрико ба навор гирифтем ва худо хоҳад, рӯзҳои наздик пешкаши тамошобинон мегардад.

 -Ба мухлисонатон чӣ таманно доред?

— Дар дунё ду ганҷе ҳаст, ки онро ба ҳеҷ қиммат наметавон харид: тинҷӣ ва тансиҳатӣ! Орзу дорам, ки самои Тоҷикистони азиз ҳамеша софу беғубору ором ва мардуми кишварамон тансиҳату хонаобод бошанду ошиқ бимонанд. Ошиқи худованд, ошиқи ишқ ва зиндагӣ!

Фирӯза Сатторӣ, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!