ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БОЗГАШТИ ДУБОРАИ ГУРӮҲИ«ИҚБОЛ» БА САҲНА

Гурухи Икбол

Гурухи Икбол

Чанд сол пештар дар эстрадаи тоҷик ташкили гурӯҳҳои эстрадӣ муд шуда буд ва бо сабабҳои номаълум қариб аксари онҳо аз байн рафтанд, ки гурӯҳи «Иқбол» низ аз зумраи онҳост…

Бояд гуфт, ки гурӯҳи «Иқбол» он замонҳо яке аз машҳуртарин ва сермухлистарин гурӯҳи эстрадӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо бо сабаби марги роҳбари гурӯҳ — Ҳасан ва пароканда шудани аъзоёни он «Иқбол» низ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Чандин сол аз ин гурӯҳи овозадори эстрадаи тоҷик ягон хабаре набуд. Имрӯз бошад «Иқбол» боз дубора ба эстрадаи тоҷик баргашт. Мо тасмим гирифтем, бахшида ба бозгашти дубораи гурӯҳи «Иқбол» ба саҳна сӯҳбате дошта бошем бо сарояндаи ин гурӯҳ, Искандар Қаландаров.

— Шумо баъди чандин сол дубора ба саҳна баргаштеду ба наздикӣ консерт доред, мегуфтед дар барномаи ҳунариятон пурра таронаҳои нав садо медиҳанд ё сурудҳои «кӯҳна» ҳам пешкаш мегарданд?

— Дар консерте, ки баъди чандин солҳо, бори аввал баргузор мегардад, мувофиқи нақша бештар суруду таронаҳои нав садо хоҳад дод. Шояд аз эҷодиёти пештараи гурӯҳ ҳам, таронаҳо манзури бинандагон гардад, аммо он ҳам бо дархосту хоҳишҳои зиёди мухлисон мешавад. Чунки сурудҳои «Иқболи пештара» шунавандаҳои зиёде дорад. Бинобар ин тасмим дорем, ки фақат чанд таронае аз эҷодиёти солҳои пештараамон ҳам баҳри мухлисон бихонем.

— Дар ин консерт мухлисонро чӣ интизор аст? Консерти нав аз консертҳои қаблӣ чӣ тафовут доранд? 

— Ҳар як барномаи наве, ки мо санъаткорон пешкаши мухлисон мегардонем як хусусияти фарқкунанда доранд. Лекин дар ин хусус ман ҳанӯз чизе гуфта наметавонам, чунки тафовуту дигаргуниҳоро аслан худи мухлисону бинандагон муайян мекунанд. Дар консерти навбатиамон, ки 1-уми май дар Кохи Ҷомӣ баргузор мегардад, умедвор ҳастем, баҳри мухлисон як чизи хубу ҷолиб ва ба қавле нав пешкаш мекунем. Бояд гуфт, ки ташкилкунандаҳои асоси консерт гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо» ва мо худамон, ҳайати эҷодии гурӯҳ мебошем.

— «Иқбол»-и нав аз «Иқбол»-и кӯҳан чӣ фарқ дорад (манзурам ҳайати эҷодӣ)?

— Агар ба таври оддӣ гӯем «Иқболи»-и нав аз «Иқбол»-и кӯҳан бо он тафовут дорад, ки ном ва ҳайати эҷодии гурӯҳ каме тағйир ёфтааст. Гурӯҳро ман бо номи худам гузоштам. Аъзоёни гурӯҳро бошад бештар ҷавонон ташкил медиҳанд. Мо панҷ нафар, Диловар, Содиқ, Мубинҷон, Илҳом ва худи банда айни замон бо ҳам кору фаъолият дорем. Номи гурӯҳ бошад «Ҳофизи гурӯҳи Иқбол, Искандар Қаландаров» мебошад.

— То ҷое медонем Ҳасан аз «Иқбол» рафт ва дубора баргашт. Сабаб дар чӣ буд?  

— Метавон гуфт, ки Ҳасанро аз роҳ заданд ва ин кор бо маслиҳату розигии худи ӯ сурат гирифт. Чунки ӯро бародараш ба гурӯҳи нав таклиф кард. Мо худамон гурӯҳи тоза таъсис медиҳем гуфта, Ҳасанро аз «Иқбол» бурданд. Баъд онҳо бо ҳамроҳии Ҷонибек Муродов рафта гурӯҳи «Вазир»-ро ташкил карданд. Аммо Ҳасан баъди чанд муддати кор дар гурӯҳи навтаъсиси «Вазир» боз ба «Иқбол» баргашт.

— Шумо як таронае доред бо номи «Худо ҳофиз» мегӯянд, ки онро ба Ҳасан бахшидаед. Оё ин дуруст аст?

— Не, ин гапҳо чандон воқеият надоранд, чунки ин тарона, таронаи ошиқӣ аст: «Ту аз ишқам гузар кардӣ, Худо ҳофиз, Худо ҳофиз». Ман гумон намекунам, ки сароянда барои рафтани як дӯсташ, махсусан мард чунин суруд хонад. Чунки ҳамон мисраи аввал худаш ифшогари он аст, ки ошиқ ба маъшуқа хитоб дорад.

Матни суруди мазкур ба қалами Олимхон Исмат тааллуқ дорад. Оҳангаш бошад моли банда аст. Рости вақте мисраҳои ҳамон шеърро хондам бароям писанд омад ва бо иҷозати шоир онро ба оҳанг даровардам. Якчанд мисраи шеърро ҳамроҳи муаллифи шеър каме тағйир додем.

— Шумо гуфтед Ҳасану Ҷонибек як гурӯҳи дигар таъсис доданд, пас аз ин воқеа муносибат бо Ҷонибек чӣ гуна аст? Оё ин сабаби ихтилоф байни шумову Ҷонибек нагардид?

— Не, ҳамааш бисёр нағз гузашт. Бе ягон хафагиву ҷангу ҷанҷол. Ҳасан бо розигии худ аз гурӯҳи «Иқбол» рафта буд. Ӯро касе маҷбур накардааст. Худашон бо ҳам маслиҳат карда буданд. Баъдан Ҳасан дар навбати худ, хешро санҷидан хост.  Аммо вақте дид, ки кор дар гурӯҳи навтаъсис чандон хуб нашуд, боз ба «Иқбол» баргашт.

— Марги Ҳасанро одамон ҳар хел шарҳ медиҳанд. Як гурӯҳ сабаби марги ӯро аз дарди гурда медонанд, дигаре бар он назаранд, ки ин сӯйиқасд буд. Худи шумо чӣ фикр доред?

— Он овозаҳое, ки дар мавриди марги Ҳасан байни мардум паҳн шуда буданд, чандон асос надоранд. Онҳо дурӯғ ҳастанд. Одамон дониставу надониста аз пеши худ ҳар гунна овозаҳоро мебароранд.

Аслан Ҳасан аз беморӣ фавтид. Вай худаш пештар бемории «норасоии гурда» буд. Вай як соли охири ҳайёташ ҳамеша аз ин беморӣ азият мекашид. Пеш аз гурӯҳи «Вазир» рафтан саломатиаш хуб набуд.

Дар консертҳо ҳам ин чиз барои мухлисон маълум буд. Гурдаҳояш аз дарди зиёд варам мекарданд. Ӯ чанд сол бо ҳамин минвол зиндагӣ мекард.

-Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ!

Сӯҳбаторо Ганҷина, «Ману Ту»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. Муртазо:

    салом ба хамаи мухлисони гурухи ИКБОЛ

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!