ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МОҲИРА ТОҲИРӢ: «ИН ҲУНАР ҲУНАРИ МАН НЕСТ…»

Мoхира Тохири

Мoхира Тохири

Моҳира Тоҳирӣ чеҳраест, ки ба муаррифӣ ҳоҷат надорад. Моҳира бо таронаҳои ошиқонааш дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст. Мухлисони зиёд дошта бошад ҳам, Моҳира духтараки хоксор аст.

Овози гӯшнавозу симои зебо, чашмони хуморию нигоҳҳои ошиқкуш ва хандаҳои зебандаю рақсҳои мавзунаш ҳамаро мафтун мекунад, вале Моҳира бо ин ҳама дороияш намеболад. Атрофи зиндагии ин бонуи зебо муҳоварае дорем, ки фишурдаашро ба шумо хонандагони азиз пешкаш месозем.

-Моҳирабону таронаҳои тозатаринатон фарогири кадом мавзӯҳоянд?

-Саршор аз ишқ.

-Чаро маҳз ишқ?

-Бо таронаҳои ошиқона калиди дили мухлисони азизамро ба даст овардан мехоҳам.

-Шояд худатон ошиқ шудаеду айбро ба гардани мухлисон мепартоед?

-Саволи аҷиб (механдад). Таронаҳои ошиқона хонданам маънои онро надорад, ки ошиқаму дарду алам дорам. Аз дарди дили ошиқон месароям, вале дари диламро ҳанӯз ба касе накушодаам.

-Моҳирабону, чӣ гуна мард ба шумо писанд аст: занкалон, тайёрхӯр, хушомадгӯй?

-На ину на он! Марде бошад поквиҷдону ростқавл, хоксору заминӣ!

-Агар зарурати аз се чиз: бахт, сарват ва саҳна якеро интихоб намудан пеш ояд, кадомашро интихоб мекунед?

-Агар дилдодаам мухолифи ҳунарам бошад, хоҳ нохоҳ дари санъат ба рӯям пӯшида мешавад. Барои зан бахт аз ҳама чизи ширин аст. Шавҳаратро вақте дӯст доштӣ, интихоб намудан байни ҳунару бахт мушкил мегардад. Зан хоҳ-нохоҳ бахтро интихоб мекунад.

-Ҳар гоҳ бо шумо сӯҳбат мекунам, хеле оддӣ ва хоксорона ҳарф мезанед. Бо ҳама ҳамин гуна муносибат доред ё танҳо бо рӯзноманигорон?

-Ман наметавонам ба рафтору гуфтори худам баҳо бидиҳам, бигзор ба ин савол дигарон ҷавоб бигӯянд. Инсон новобаста аз касбу кор ва санъату ҳунараш бояд хоксор бошад.

-Роҳеву роҳбаладе гуфтаанд, дар ҷодаи санъат Моҳираро кӣ роҳнамоӣ мекунад?

-Апаҷони ғамхорам Ҳабиба ҳамеша дар барам ҳастанду нозукиҳои санъатро меомӯзонанд.

-Чанд сол қабл Фарзонаи Хуршед бо даъвати муҳоҷирони тоҷик дар Чиркизбозори Русия консерт дода буд. Шумо ҳам он ҷо ду-се суруд хондед. Агар махфӣ набошад, бигӯед, ки чи қадар маблағ ба дастатон афтод?

-Бале, Фарзона онҷо консерти хотирмоне барпо карда буд! Ман ба хотири маблағ не, бо даъвати наздиконам, барои табрикот ду- се суруд хонда будам.

-Моҳирабону либоси аз мӯд рафтаатонро ба касе медиҳед ё коллексия мекунед?

-Коллексия намекунам. Ба хешу табор, ба наздиконам тӯҳфа менамоям.

-Барои худатон бо дасти худ либос дӯхтаед?

-Ростӣ, ҳама ҳунарҳоро дорам, вале ҳунари чевариро не. Аз хурдӣ кӯшиш мекардам, ки курта дӯзам, вале албатта дӯхташ ғалат мешуду ислоҳаш имконнопазир мегашт. «Ин ҳунар ҳунари ман нест», -гуфта ночор дасту диламро шустам.

-Стилист доред?

-Стилист чанд маъноро дорад, агар стилисти сару либосро дар назар дошта бошед, дорам, вале стилисти рӯю мӯйро дар назар дошта бошед, не! Аз пардоз ва аз ороишотҳои косметикӣ мустақилона истифода мебарам.

-Худро кадбонуи беҳтарин ҳисобида метавонед? Агар «ҳа», пас кадом хӯроку ширинию хӯришҳоро тайёр карда метавонед?

-Ҳама гуна хӯрокҳоро пухта метавонам гӯям, хато намекунам. Бисёртар пухтани ширинӣ, хусусан «торт»-ро дӯст медорам. Вақти холиамро сарфи пухтупази шириниҳо менамоям.

-Барои нақшофарӣ шуморо ба ягон филм даъват кунанд, розӣ мешавед?

-Агар сенария мувофиқи завқам бошад! Барои ҳунари актрисагиямро санҷидан ман ҳамеша тайёрам, то нақши мусбиеро бибозам.

-Ба варзиш машғул мешавед?

-Фитнес-клуб меравам.

-Мегӯянд, ки Моҳира аз журналистон гиламанд аст…?

-На аз ҳама журналистон. Аз ҳафтаномае гиламандам, ки бо ду ҷумла гап акси калони маро рӯи газетаашон монда навиштаанд: «Моҳира зани дуюм аст». Чи лозим чоп намудани суханҳои беасос! Ба ғазаб омада ба идораашон омадам, вале сармуҳаррирро наёфтам. Гапи беасоси бо воситаи телефон шунидаашонро насанҷида навиштаанд. Сахт ранҷидам, охир ҳар кас ба худаш қадру қиммат ва иззати нафс дорад.

Рустам Азимов, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!