ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

САДРИДДИН: «ҲАР КУҶОЕ БОШАМ, ҲАМЕША БО ВАТАНАМ»

Садриддин Начмиддин

Садриддин Начмиддин

Ҳунарманди асил, ҷавони овозадоре, ки бо садои марғуладору сурудҳои ҷаззобаш ба дили миллионҳо мухлисон роҳ ёфта, имрӯз дар радифи бузургситораҳои олам- Андӣ, Муин, Саттор, Мансур қарор дорад, ниҳоят лутф намуда, розигӣ дод, ки аз навгониҳои рӯзгораш ба хонандагон қисса намоем.

Албатта дарк намудед, ки сухан аз боби ситораи эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин ва розҳои зиндагии ӯст. Пас, биёед ҳамроҳ аз гулбоғи андешаҳои Садриддини Наҷмиддин хӯша мечинем.

-Оё Садриддин ҳам амсоли Шабнам бештари вақташро дар хориҷа мегузаронад ва ё ҳанӯз дар Тоҷикистон аст.

-Ман ҳар куҷое бошам, ҳамеша бо Ватан ва дар андешаи ҳамватанон ҳастам. Чандест, ки сафари кишварҳои хориҷӣ накардаам, вале чунин ният дорам. Айни ҳол бошад, пайи сабти альбоми нави таронаҳоям ҳастам. Ба наздикӣ видеоклипи навам бо номи «Рашки оина» пешкаши мухлисон мегардад, ки онро  Бахтиёр коргардонӣ намудааст. Боз чандин оҳангҳои тозаэҷод дорам, вале айни замон дар ин бора сухан нахоҳам кард.

-Ба мухлисонатон сюрприз карданиед?

-Бале! Бигзор мухлисон якбора як даста гули хушранги таронаро аз Садриддин ҳадя бигиранд!

-Шунидем, ки продюссератонро иваз кардед. Мисли ситораҳои Русия гапи шумо ҳам бо продюссератон напухт?

-Продюссерам Қамариддин Мирзоев бо кори театр машғул буд. Вазифаҳои зиёди масъулиятнок дошту бо ҳамин сабаб аз ӯҳдаи менеҷерии гурӯҳи мо набаромад. Аҳли гурӯҳ машварат ороста ба хулосае омадем, ки Қамариддин роҳи ҳунармандиро пеша бигираду кори худро ҷиддитар бубинад, мо бошем, нафареро ба кор ҷалб менамоем, ки корамонро пеш барад.

-Аксари мухлисон аз он шикоят мекунанд, ки Садриддинро ба тӯйи фарзандонашон даъват кардан мехоҳанду ҳеҷ даракашро ёфта наметавонанд. Ба касалии «ситорамания» мабодо гирифтор нашуда бошед?

-Худо нигоҳ дорад! Серкорам ва наметавонам бевосита худам бо тамоми мухлисон сӯҳбат намоям. Анварҷон Соиров, бародари ман ва бародари хурдии Ҷаъфарҷон Соиров айни замон продюссери гурӯҳи мост. Тамоми дархостҳояшонро мардум метавонанд тавассути Анварҷон ба мо расонанд.

-Мухлисонатон ташнаи сурудҳои тару тозаи шумоянду мехоҳанд бифаҳманд, ки гузаронидани консерти навро дар нақша доред ва ё на?

-Айни ҳол ба консерти навбатӣ, ки дар пойтахт баргузор мегардад, бо тамоми гурӯҳ омодагӣ гирифта истодаем.

-Садриддин, дар зиндагӣ инсон ба қадри чӣ бояд бештар бирасад?

-Ба қадри ҳар як рӯзе, ки Худованд ато кардааст. Вақте як рӯзро паси сар мекунӣ, бояд шукрона намуд, зеро намедонӣ, ки фардо чашм кушодану офтобро дидан насибат мегардад ё на. Шахсан барои ман ҳар як сонияи умрам азиз аст ва мекӯшам ягон лаҳзаро беҳуда нагузаронида, албатта кори некеро анҷом диҳам.

-Вактҳои охир дар бозору марказҳои дискфурӯшӣ сабти тӯю маъракаҳои шахсиро ба фурӯш мебароранд. Шумо розӣ мешудед, ки сабтҳои шахсиатон дастраси ҳамагон гарданд?

-Ин як бесарусомонӣ ва поймол намудани ҳуқуқҳои инсон аст. Афсӯс, касе нест, ки сади роҳи ин кор гардад. Шахсан ман зидди он ҳастам, ки сабтҳои тӯёна фурӯхта шаванд. Аввалан ин моли шахсӣ аст ва касе ҳақ надорад бе иҷозат онро паҳн намояд. Дуввум: ин сабтҳо сифати ниҳоят паст дорад ва обрӯю нуфузи ҳофизонро низ коста месозанд. Имрӯз касе чизе мехоҳад ба фурӯш мебарорад. Ин даҳшат аст!

Умед дорам, ки минбаъд ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд ва сабтҳоеро ба фурӯш бароранд, ки на танҳо сифати баланд, балки ҷамбаи ахлоқӣ ҳам дошта бошанд.

-Саломат бошед!

Гулнисо, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. Хадиса:

    Аз шумо як хохиш дорам мехохам,ки як мусохибаи худро бо бародарам Садриддин гузаронам.Садриддин ситораи санъати дунё.

  2. Daler:

    Ман Далер Шамсиддинов мехостам ба шумо шогирд шавам Садриддин хама овози мана ба овози шумо монанд мегуянд илочаш хаст

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!