ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

СУБҲОН: «ҲАСТАНД НОСИПОСОНЕ, КИ ДИДАНАШОН НАМЕХОҲАМ»

Субхони Саид

Субхони Саид

СD-ҳои консерти навбатии Субҳони Саид дастраси шунавандаҳо гардиданд. Ин барномаи ҳунарии Субҳони Саид моҳи марти соли равон дар толори варзишии «Авитсенна»-и ноҳияи Ҳисор баргузор шуд. Ин дуввумин консерти овозхони маъруф пас аз чанд соли дурии ӯ аз саҳнаи ҳунар аст. Субҳони Саид пеш аз ин, моҳи декабри соли 2011 дар Филармонияи давлатӣ барномаи ҳунарӣ иҷро карда буд. Дар мавриди бозгашти дубора ба саҳнаи ҳунар сӯҳбате доштем бо хонандаи маҳбуб Субҳони Саид. Инак фишурдаи онро пешниҳоди шумо медорем.

-Ҳадафи барномаи ҳунарии шумо чӣ буд?

-Зиёд мехостам, пас аз муддати бемории тӯлонӣ ва дурӣ аз саҳна бо мардуми Ҳисор вохӯрам ва бубинам, ки баъд аз бемориҳо мардум маро чӣ гуна қабулу дастгирӣ мекунанд. Хушбахтона, ин хоҳишам бо дастгирии Исматулло Саидов амалӣ гардид. Ҳадафи ман танҳо вохӯрӣ бо мухлисон буд.

-Баъди таваққуфи зиёд дар саҳна аз барномаи ҳунариятон чӣ натиҷа бардоштед?

-Ба хулоса омадам, ки мардум ҳоло ҳам санъати волоро меписанданд, ба қадри сухани баланд мерасанд, шеъри хубро мепарастанд ва бофарҳанг ҳастанд. Ба хулосае омадам, ки санъати волову асил ҳанӯз харидор дорад ва мардум ташнаи ҳунари нотакрору ҳунарманди воқеиянд.

Ба консерти ман аслан нафароне омада буданд, ки ҳама деҳқонон буданд, мардуме буданд, ки аз меҳнати ҳалол нон мехӯранд, мардуми сарватманду доро набуд. Дар толор мардуми синну соли гуногун ҳузур дошт. Ашки чашми модарону занон маро ба ҳаяҷон овард.

-Дар барномаи ҳунариатон чӣ таронаи тоза иҷро кардед?

-Азбаски барномаи ҳунариям дар арафаи Наврӯз баргузор гардид, консерт бештар фарогири таронаҳои наврӯзиву баҳор буд. Ҳамчунин дар мавзӯҳои Модару Ватан, Тоҷикистон, ишқу муҳаббат ва васфи табиати зебои кишвар низ таронаҳо садо доданд. Барномаи ҳунарӣ бе таронаи нав намешавад. Ман, ки овозхони лирикӣ ҳастам, бештар таронаҳои лирикӣ месароям.

-Ин консерт чӣ таъсире дар рӯҳияи шумо гузошт? Шуморо ба зиндагӣ дилгармтар кард?

-Бале. Ҳар қадар одам дар зиндагӣ мушкилу дард дошта бошад, набояд аз зиндагӣ дилхун шавад, зеро зиндагӣ ду рӯз аст. Ман ҳамеша дар роҳи эҷод ва дар хидмати мардум ҳастам. Ҳамин чиз аст, ки айни замон ба эҷоди таронаҳои нав машғулам.

Чанд шеъри дигар аз осори Сайидо, Саноӣ ва Шералӣ Табарзод интихоб намудаам. Вале ба ин таронаҳо ҳанӯз оҳанг набастаам. Дар ин самт бо Амирбеки Мӯсо ва Қудратулло Ҳикматов ҳамкорӣ мекунам ва баъзан худам низ оҳанг эҷод менамоям. Аксари оҳангҳои «Талоши зиндагӣ» моли худам ҳастанд.

-Оё фарзандон аз рӯйи ҳавову ҳавас овозхон шуданд? Ва ё …

-Ман дар ин маврид чизе гуфта наметавонам, аммо шукри Худо, имрӯз онҳо дар байни мардум обрӯ доранд. Шаш фарзанд дорам, ки 4 тояш овозхонанд: Сайёд, Амиршоҳ, Сорбон ва Муҳаммад. Вале намедонам, ки онҳо ин роҳро то охир тай мекунанд ва ё не. Вақт худаш муайян мекунад.

-Шумо суруди «Шаҳнозаи шуғнонӣ»-ро ба кӣ бахшидаед?

-Ба ин савол ҷавоб додан намехоҳам. Бигзор махфӣ монад.

-Шумо дар ансамбли «Суғдиён» ду сол кор кардед ва бо шодравон Кароматулло Қурбонов дӯсти наздик будед. Аз марҳум Кароматулло Қурбонов чӣ хотира доред?

-Кароматулло марде буд санъатдӯст. Дар зиндагӣ қавииродаву ростгӯй буд. Мо бо шодравон Кароматулло Қурбонов бародарони ҷону ҷигар будем ва орзуҳои зиёд доштем. Мехостем онҳоро дар якҷоягӣ амалӣ кунему санъати тоҷикро баланд бардорем. Афсӯс, умр вафо накарду ӯ барвақт аз байни мо рафт.

-Дар солгарди хунёгари Шарқ Аҳмад Зоҳир соли 2006 дар бинои «Сирк» таронаи «Барафрӯзад дили моро садои Аҳмади Зоҳир»-ро сурудед, ки барои тамошобинон хуш омад. Нақши ин овозхони соҳибшӯҳрат дар эҷодиёти шумо?

-Булбули шӯридаи Машриқзамин Аҳмад Зоҳир дар мусиқӣ идеали ман аст. Ман аз шунидани таронаҳои Аҳмад Зоҳир илҳом гирифта, суруд эҷод кардам ва имрӯз роҳи худамро дар ҳунар пайдо намудам. Оҳангҳои Аҳмад Зоҳир ба ман кӯмак намуд, то дар зиндагиву ҳунар «ман»-и худамро пайдо намоям.

Ҳамзамон гумон мекунам, ки маҳз омӯзиш дар мактаби бузурги Аҳмад Зоҳир Кароматуллои Қурбон ва ҷумла овозхонони маҳбубро ба ҳадаф расонид, ки ман низ ин ҷо истисно нестам. Таронаи сурудаи ман «Барафрӯзад дили моро садои Аҳмади Зоҳир» моли Низом Қосим ва оҳанги Амирбеки Мӯсо аст.

-Чаро имрӯз мо дар сатҳи Аҳмад Зоҳир ҳунарманде надорем?

-Ман чунин фикр намекунам. Мо дар Тоҷикистон овозхонҳое дорем, ки аз онҳо  метавон  ҳунарманди ҳирфаӣ ва ҷаҳонӣ сохт, аммо масъала боз ҳам мушкилии молӣ аст, ки ба шумо маълум аст. Мо овозхонҳои зиёде дорем, ки аз ҳунарманд-сарояндагони овозадори Шарқ камӣ надоранд. Масалан, устод Зафар Нозим ва аз ҷавонњо Фурқати Саид, Садриддини Наҷмиддин.

-Дуруст аст, ки шумо аз атрофиён дилмонда шудаеду бо касе вохӯрдан намехоҳед?

-Мегӯянд, ки «дил мекашад, по мебарад». Дилам бо ҳар касе, ки мехоҳад, вомехӯрам, касеро, ки дӯст намедорам, дидан намехоҳам. Ин кори ман аст ва ман барои он ҳақ ҳам дорам. Бале, ҳастанд носипосоне, ки диданашон намехоҳам. Аз диданашон нафратам меояд.

-Шогирдонатон зиёд ба ҳолпурсӣ меоянд?

-Бале, аз дӯстону наздикон ва шогирдон нафароне ҳастанд, ки пайваста ба хабаргириам меоянд, маҳз ҳузури онҳо зиндагиро бароям рангин мекунад. Аз шогирдонам Меҳрубони Равшан, Фурқати Саид, Фирӯзҷон ва баъзе шогирдони дигарам, ки барои сӯҳбату хабаргирӣ меоянд, миннатдорам.

-Чаро шумо тундгуфтору нотарсед?

-Аз кӣ тарсам? Дар роҳи зиндагӣ ростам. На бо ягон кас душманӣ дорам ва на ягон кас ба ман душман аст. Ман хамеша сухани ростро мегӯям, ҳақиқатро мегӯям, ҳақиқатпарастам, зеро аз ягон кас наметарсам ва аз ягон кас қарздор ҳам нестам.

-Оянда чӣ нақшаҳо доред?

-Ҳунарманд ғайр аз орзуи барпо намудани консерт дигар чӣ орзу дорад? Саломатиям барқарор шавад, боз аз пайи эҷоди оҳангу таронаҳои нав хоҳам шуд.

-Ба шумо шифои комилро таманно дорем ва барои чунин як сӯҳбати самимӣ ташаккур мегӯем.

Раҳима Аъзамзода, «Ману ту»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. Барно:

    Ташаккур ба Чахонгир барои чунин як сомонаи фарогати …

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!