ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

СУРАЙЁИ ҚОСИМ БО ШАБНАМУ ФАРЗОНА РӮИ САҲНА МЕОЯД

Шабнам ва Сурайё

Шабнам ва Сурайё

Пас аз таваққуфи тӯлонӣ барномаи ҳунарии Сурайёи Қосим ва духтаронаш — Шабнаму Фарзона баргузор хоҳад шуд. Ин барномаи ҳунарии Сурайёи Қосим ва духтаронаш дар ҳоле баргузор мешавад, ки чанд соли ахир атрофи номи онҳо сарусадои зиёде чарх мезад.
Дар ин муддат хонум Сурайё маризии тӯлониро паси сар кард ва духтари хурдияш Фарзона тақрибан ду соли умри ҷавонашро дар зиндон сипарӣ кард. Шабнам агарчӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон барномаҳои муваффақ дошт, аммо аз телевизионҳои давлатии Тоҷикистон нопадид шуд.
-Хонум Сурайё, чӣ боис шуд, ки Шумо бо духтаронатон Шабнаму Фарзона барномаи ҳунарии муштарак баргузор намоед?
-Медонед, ки ману Шабнаму Фарзона бо иллатҳои мухталиф дар зиндагӣ рӯи саҳнаи тоҷик набаромада будем. Имрӯз шукри Худованд, ки пас аз маризӣ сиҳҳатиям хуб шудааст ва рӯи пой хестам. Фарзона ҳам дар бари мост ва мо ҳама сарҷамъ шудем. Ин баҳонае барои баргузории консерти муштарак буд. Мухлисони худро хеле пазмон шудаем ва бовар дорем, ки мухлисон низ моро хуш пазироӣ кунанд.

-Оё дар ин барномаи консертӣ ҳунармандони дигари маъруф низ ширкат ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард? Ҳатто сарусадое ҳаст, ки Манижаи Давлат ҳам ширкат мекунад…
-Агар ҳунармандони дигар ширкат мекарданд, хеле шод мешудем. вале ба иллати он ки барномаи ҳунарӣ маҳдуд, яъне ду соат аст ва мо худамон таронаҳо иҷро мекунем, бар изофа гуруҳҳои рақсӣ ҳаст, гуруҳи сиркбозон ҳаст, фикр намекунам, барои таронасароии ҳунармандони дигар имкон фароҳам шавад. Бовар дорам, дар барномаҳои ҷудогонаи ҳар яке аз мо, ки дар ояндаи наздик баргузор карданӣ ҳастем, дигар ҳунармандон ширкат ва сурудхонӣ хоҳанд кард.
-Дар эълонҳое, ки дар кӯчаҳои Душанбе гузошта шудаанд, таъкид шудааст, ки консерт бидуни сабти телевизионӣ баргузор мешавад. Ин тасмими Шумо буд, ё чизи дигар?
-Ҳунарманд бе телевизион ва радио ҳунарманд нест. Ҳамин телевизион ва радиост, ки ҳунармандро мешиносанду гӯш мекунанд. Мо ба хотире, ки ҳар нафар, хусусан наворгирҳои ғайриҳирфаӣ ин барномаи ҳунариро сабт накунанду ғайриқонунӣ ба фурӯш набароранд, чунин навиштаем. Аммо аз сӯи наворбардорҳои профессионалӣ (касбӣ)-и телевизион ин барнома сабт мешавад.
-Аммо мушоҳида кардаем, ки таронаҳои Шабнаму Фарзона дар телевизионҳои далатӣ пахш намешавад, хусусан дар Наврӯзи соли 2011 таронаи иҷрокардаи Шабнамро дар телевизион намоиш надоданд. Назари Шумо ба инчунин иқдом чист?
-Дар ин маврид чизе гуфтанӣ нестам, намедонам.»
-Дар ин барномаи ҳунарӣ ҳар кадоме аз Шумо бо таронаҳои нав рӯи саҳна хоҳед омад?
-Бале, ману Шабнаму Фарзона таронаҳои нав омода кардаем, ки дар он рӯз иҷро хоҳем кард. Ман як таронаи наверо бо номи «Шукронаи Ватан» иҷро хоҳам кард. Фикр мекунам, беҳтарин таронаи дар ин авохир эҷодкардаам ҳамин Шукронаи Ватан аст.
«Озодӣ»

Консерти Сурайё Шабнам Фарзона 2012

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!