ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НАИМҶОНИ САЙДАЛӢ: «ХУШАМ НАМЕОЯД ЧУНИН ФОШ ГУФТАНҲО…»

Наимчони Саидали

Наимчони Саидали

Наимҷони Сайдалӣ 8-уми сентябри соли 1988 дар ноҳияи Бохтар дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Хатмкардаи шӯъбаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи иқтисодӣ мебошад. Наимҷон рӯ ба санъат оварда аллакай дар байни мардум соҳиби обрӯю эътибор гардидааст.

-Касби интихобнамудаатон ба санъат ягон алоқамандӣ надорад, чигуна якбора шавқи сарояндагӣ дар дили Наимҷон ҷӯш зад?

-Падарам санъатдӯстдору санъаткор буданд, аз ҳамин сабаб хуни сарояндагӣ дар шараёнам ҷӯш зада маро билохира овозхон намуд.

-Наимҷонро мухлисон бо суруди «Ғарибӣ» шинохтанд. Боварӣ доштед, ки бо пешниҳоди як тарона шинохта мешавед?

-Ин суруд дар санъати тоҷик идеяи нав буд, вале ростӣ бовар надоштам, ки ин қадар маҳбубият пайдо мекунад. Аввалин тамошобини клипи «Ғарибӣ» модарам буданд. Ашк рехтани модарамро дида ҳис кардам, ки тамоми модарони тоҷик дарди фироқи ҷигарбандонашонро дар ҳамин тарона дарёфта метавонанд ва сурудро бо такя ба ҳамин эҳсос ба мардум пешкаш намудам.

-Ин суруд моли кӣ ва оҳангаш самари заҳмати кист?

-Матни суруд аз Сироҷи Абдулло, оҳангаш моли худам. Се қисми ин тарона аллакай дастраси мухлисон гашт ва айни ҳол, қисми 4-уми сурудро омода карда истодаам.

-Овозае ба гӯшамон расид, ки гӯё баъди тамошои суруди «Ғарибӣ» ҳамватанони муҳоҷир ба шумо хонаву мошин тақдим намудаанд…

-Бале дуруст аст. Ин сурудро муҳоҷирони тоҷик тамошо карда писандидаанду дар фикри пайдо кардани сарояндааш афтодаанд. Нишониамро пайдо намуда омаданду маро ба оғӯш гирифтанд. Хеле сӯҳбат кардем. Меҳмонҳо калиди мошини Лексусро ба дастам доданд. Хонаи дуҳуҷрагиро бошад як мухлисдухтари тоҷик, ки дар Канада зиндагӣ мекунад ба ман ҳадя намуд.

ӯҳфаҳои гаронбаҳо дилатонро ба санъат мисли гулхан гарм кардагист?

-Бале, шод шудам, ки ҳунарамро қадр намуданд. Дар баробари соҳиби мошину хона шудан боз тӯҳфаҳои моливу пулӣ низ ҳадя гирифтам.

-Телефони Наимҷон аз зангҳои духтарони ошиқ ба дод омадагист?

-Уф напурсед! (механдад) Зангҳо чунон зиёданд, ки телефон дам намегирад. Аксарашон духтаронанду аз ишқ ҳарф мезананд ва изҳори муҳаббат менамоянд. Занону модарони аз фарзандашон дур буда ҳам дар тамос мешаванду барои суруди «Ғарибӣ» изҳори минатдорӣ менамоянд.

-Мегӯянд, ки сурудҳои «Шаҳноза» ва «Дилором»-и Наимҷон қиссаи ошиқиҳои худи ҳофиз аст. Посухи шуморо донистан мехоҳем.

-Ин сурудҳоро ба ҳама Шаҳнозаву Дилоромҳо бахшидаам, вале худам на Шаҳноза дораму на Дилором.

-Шунидем, ки тӯйи домодӣ доред?

-Чи хел тӯй? Кадом тӯй?! Хабар надорам. Шояд кадом мухлиси ошиқам рӯзи тӯйи моро бе ман муайян карда бошад.

-Пас, Наимҷон кай оиладор мешавад?

-Дар бораи оиладоршавӣ ҳоло фикр накардаам.

-Ба Наимҷон чӣ гуна духтар писанд аст: хонашин ё маълумотдор?

-Фарқ надорад, муҳимаш одобу ахлоқи тоҷикона дошта бошад ва эҳтироми падару модарамро баҷо биёрад.

-Шояд ба касе ошиқеду аз гуфтанаш шарм медоред?

-Ошиқ нашудаам. Аниқтараш танҳо ошиқи эҷоди пок ва ошиқи санъату ҳунарам.

-Наимҷон ҷавони зебову дидадаро, бар замми ин шӯҳратманд аст, харидорони чунин домод зиёд будагистанд?

-Напурсед. Ростӣ, баъзе духтарон ба хонаамон омада рӯ ба рӯ изҳори муҳаббат мекунанд. Модароне ҳам буданд, ки ба ман занг зада «ишқи духтари маро қабул кун, бечора аз хӯрду хӯрок мондааст»-гуфтанд. Хушам намеояд чунин фош гуфтанҳо. Зан бояд шарму ҳаёро аз ҳама ганҷи дунё боло гузорад, ҳатто аз ишқу муҳаббату бахт!

-Овозаеро шунидем, ки духтаре ба ҷустуҷӯи Наимҷон баромада, дигар ба хонаашон барнагаштааст ва кормандони милиса аз Наимҷон гумонбар шудаанд…?

-Бале, рост аст. Вақте ба ман занг заданду ин воқеаро нақл карданд, гиребони тавба доштам. Гуфтам, ки аз Қумсангир ягон духтар наздам наомадааст. Пас аз ин овоза духтараке аз шаҳри Хӯҷанд ба хонаамон омад. Як рӯз хоҳараму модарам ӯро меҳмондорӣ карданд. «Ман дар хонаи шумо монданиам. Намехоҳам ба хонаамон баргардам»,-гуфтани духтар ҳаросамро дучанд намуд. Хайрият, насиҳаткунон ӯро ба хонаашон гусел намудем.

-То имрӯз чанд албоми Наимҷон ба дасти мухлисон расидааст?

-4 албомамро дар як сол омода намудам бо номҳои «Ғарибӣ», «Падар», «Танҳоӣ» ва «Дуои модар».

-Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

-Мехоҳам, баъди суруди «Ғарибӣ-4» як албоми таронаҳои ошиқона баҳри дилдодаҳо таҳия намоям.

-Таманниёти Наимҷон ба мухлисонаш.

-Ба тамоми мухлисонам хушбахтиву сарбаландӣ хоҳонам. Наимҷон бо шумо зинда аст!

Рустам Азимов, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!