ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ОЛИМИ МАҲМУД: «ОН НОМА САБАБ ШУДУ…»

Олими Махмуд

Олими Махмуд

Номи Олими Маҳмуд ба тамоми хурду калон шинос аст. Оре, зеро ӯ кайҳо боз бо оҳангҳои дилангезаш миёни мардум маҳбубият пайдо намуда, мухлисони бешуморро соҳиб гаштааст.

Ӯ дар баробари навозандаю оҳангсоз будан, овозхони хуб низ мебошад, бо садои ширадору таронаҳои дилчаспаш ба дилҳо тасхир бахшида, хастагиро бартараф месозад. Ғайр аз ин, Олими Маҳмуд истеъдоди хуби актёрӣ низ дорад, ки бо пешниҳоди нақшҳои хеш аллакай дар дилу дидаҳо ҷо ёфта, мухлисони зиёдро дар ин ҷода низ пайдо кардааст.

Воқеан ҳам, Олим гарчанде дар филми «Сукут» нақшро он қадар хуб иҷро накард, вале дар филми бародараш Сӯҳроби Маҳмуд, ки таҳти унвони «Нерӯи муҳаббат» пешниҳоди бинанда гашта буд, тавонист аз ӯҳдаи нақш ба хубӣ барояд. Сӯҳбате доштем артофи кору зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ин марди ҳунар, ки фишурдаи онро пешкашатон мегардонем.

— Акнун бигӯед, ки имрӯзҳо ба чӣ корҳо машғулед?

— Ман, ки як фарди эҷодкорам, пайваста пайи эҷоди як чизи навам, мехоҳам бо тозатарин таронаҳоям ҳаводорони азизу дӯстдоштаниамро, ки ҳамеша маро дастгирӣ мекунанд, шод созам ва онҳо аз шеъри интихобнамуда ва оҳанги эҷодкардаи ман қаноъатманд бошанд.

— Мавзӯи таронаҳои наватон ҳам лирикианд? Зеро бештар тариқи таронаҳоятон васфи ишқу муҳаббат, хиёнату бевафоӣ, дурию ҷудоӣ мекунед…

— Албатта дар васфи ватану модар низ шеърҳо дорам, аммо чун шунавандаи имрӯз зиёд таваҷҷӯҳ дорад ба таронаҳои ошиқӣ, бинобар ин, кӯшиш мекунам, ки хоҳиши эшонро иҷро карда бошам.

— Солҳои ахир аксар ҳунармандон ба чунин мавзӯҳо рӯ овардаанд, сабаб чӣ бошад? Мақсадам ин аст, ки кам сурудҳои тарбиявӣ шунида мешавад аз ҷониби эшон…

— Сабаб тавре гуфтам, ба чунин мавзӯҳо зиёд таваҷҷӯҳ доштани мухлисон аст, чун онҳо дар бораи ишқу муҳаббат, дӯст доштан ва ҳамин гуна мавзӯҳо суруд шунидан мехоҳанд, пас мо, санъаткорон, ҳаракат мекунем, ки онҳоро қаноъатманд созем, зеро ҳама талошҳои мо ва таронаҳоямон махсус барои онҳост, яъне барои халқанд, дар сурате, ки халқ моро қабул надошта бошад, пас ҳунари мо ҳеҷ аст.

— Хеле хуб. Акнун дар бораи нақшҳои шумо дар ду филм, ки яке филми бародаратон буд, сӯҳбатро идома медиҳем. Вақте шуморо ба филми «Нерӯи муҳаббат» даъват намуданд, боварӣ доштед, ки аз иҷрои нақш ба хубӣ мебароед?

— Агар боварӣ намедоштам, ҳаргиз пешниҳоди коргардон ва муаллифи филмро қабул намекардам. Баъдан ҳеҷ гоҳ, вақте ба худ боварӣ надошта бошам, ба коре даст намезанам.

Воқеан ҳам, мушкил буд бори аввал нақш бозидан, аз ин ҷост, ки камбудиҳои зиёд низ ба чашм мерасад дар иҷрои нақши банда, ки инро худ аз ман беҳтар медонед, зеро вақте филми «Сукут» ба маърази тамошо гузошта шуд, камбудиҳои онро кадом як бинанда дарҳол тариқи мактуб ба шумо иброз дошта ва шумо онро ба дасти чоп додед, ки аз мутолиаи он каме асабӣ низ шудам, вале чун ором гаштам, ҳис кардам, ки муаллифи нома ҳақ аст ва аз он ки камбудиҳои маро эрод гирифтаю ба идораи рӯзнома ирсол намудааст, набояд биранҷам.

Хулоса, як номае, ки дар ҳафтавор нашр шуд, сабаб гашту ман тамоми камбудиҳоямро дарк карда, ислоҳ низ намудам ва дар нақши дуюм, ки марзакӣ буд, тавонистам бе ягон мушкилӣ вазифаамро иҷро созам. Беҳтараш то чӣ андоза аз ӯҳдаи иҷрои нақш баромадам ё на, инро аз бинанда ва оне, ки филми «Нерӯи муҳаббат»- ро тамошо кардааст, бипурсед, зеро баҳодиҳанда бинандаю шунаванда аст.

— Шумо воқеан ба Шаҳрбону ошиқ шудед, ё танҳо нақш буд?

— Дар филмҳо нақши ҷавони ошиқро бозидан маънои онро надорад, ки ман ошиқ шуда, думболи духтарҳо мегардам, то дилашонро ба даст орам, на, ин танҳо нақш аст, ки банда иҷро мекунам. Албатта зиндагиро бидуни ишқу муҳаббат тасаввур кардан ғайриимкон аст, бинобар ин, ман низ ошиқ ҳастаму дӯст медорам, аммо азизи дилу дидаам, ҳамсари азиз ва модари ҷигарбандонамро, зеро ӯ маро ба номи пуршарафи падарӣ сазовор гардонидаю хушбахт кардааст ва имрӯз бо дидани фарзандони дилбандам шод шудаю худро марди воқеан ҳам хушбахт мешуморам, охир, ширинтару азизтару дӯстдоштатар барои падару модар аз фарзанд дида касе ё чизи дигаре ҳам ҳаст?

— Аммо нигоҳҳоятон ба сӯи он духтар хеле самимӣ буд ва бинанда гумон мекард, ки дар ҳақиқат ӯро дӯст медоред ва мехоҳед…

— Вале ин тавр нест.

-Ба иҷрои нақши шумо янга чӣ баҳо дод ва оё рашк накард?

— Чаро рашк кунад? Охир ман ҳунармандам ва на танҳо дар филм, балки клипҳоям низ бо духтарон ҳастам, пас ӯ рашк ва ҷанҷол карда гардад? Маро мефаҳмад ва беҳудаю баҳуда рашку ҷанҷол намекунад.

— Ҳеҷ бовар намекунам, ки зан рашк накунад…

— Албатта бе рашк намешавад, зеро маҳз рашк ва ҷанҷоли зану шавҳар зиндагиро ширин месозад, аммо бояд қайд кунам, ки оилаи ман ҳамеша ва дар ҳама давру замон маро мефаҳмаду эҳтиромамро ба ҷо меорад, бо рашкҳои бемаънӣ ба асабам намерасад, кам- кам рашк мекунад, ки ин ба ман хеле писанд аст.

— Дӯст дошта хонадор шудед?

— Не, аммо давоми зиндагӣ, чун аз рафтору гуфтор ва кирдору пиндори некаш огаҳ шудам, аниқтараш фаҳмидам, ки як зани хубу меҳрубон аст, дӯсташ доштам ва албатта ӯ низ маро дӯст дошт ва медорад. Охир, бе муҳаббат, бе ишқ, бе дӯст доштан чӣ тавр метавон зиндагӣ кард? Зери як бом бо ҳам зистану нисбат ба ҳамдигар меҳр надоштан, фикр мекунам, як рӯзгори талхро мемонад.

Мусоҳиб Мӯнисаи Сафаралӣ, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!