ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

СУРАЙЁ ҚОСИМОВА: «АЗ ШАБНАМ ФАХР МЕКУНАМУ АЗ ФАРЗОНА…»

Сурайё Косимова

Сурайё Косимова

Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед – се бонуе, ки кайҳо боз бо таронаҳои пурмуҳаббати хеш миёни хурду бузург маҳбубият пайдо намудаю шӯҳрати зиёдро соҳибанд, ба наздикӣ барномаи ҳунарӣ доштанд.

Ба ин муносибат мо тасмим гирифтем, то бо онҳо ҳамсӯҳбат шуда, ба саволҳои хеш посух гирем, вале чун Шабнаму Фарзона банд буданд, натавонистанд бо мо ҳамсӯҳбат шаванд, вале апаи Сурайё, ки ҳамеша ба касалу бемор ва ташвишҳояшон нигоҳ накарда, ба тамоми пурсишҳоямон посух мегӯянд, пешниҳоди моро бо хушнудӣ пазируфта, ба ҳама саволҳои пешниҳодкардаамон бо як гуфтори ширин ҷавоб гуфтанд. Инак, фишурдаи сӯҳбат.

— «Баъди борон» аҷоиб номи рамзию ба шарҳи ҳоли шумо мувофиқ. Шояд ин аввалин нури офтоби шодмонӣ бошад?

— Оре, баъд аз бистари беморӣ хестан, баъд аз зиёд ғам хӯрдан барои ҷигарбандам ва озод шудани ӯ аз маҳбас, хулоса, пас аз ин қадар шикаст рӯи саҳна баромадану боз бо дидори мубораки мухлисони азизамон рӯ ба рӯ гаштан, шодмонист. Агар мушоҳида карда бошед, баъди борон тиру камон мебарояд, ки ӯ тамоми дунёро бо нурҳои зебои худ равшанӣ мебахшад ва ба мардум хушбахтӣ меорад. Мақсади мо низ аз чунин унвон додани барномаамон ҳамин аст, яъне таманно мекунем ва аз Худованд талаб менамоем, ки ҳамеша мардумамон тинҷу осуда бошанду ҳаргиз дар зиндагӣ шикаст нахӯранд.

— Идеяи кӣ буд «Баъди борон»?

— Ҳам ману ҳам Шабнам ва ҳам Фарзона. Ҳарсе нишаста, зиёд дар бораи номи барномаамон андеша кардем ва дар охир, номи тавре шумо гуфтед, ба шарҳи ҳоли худамон мувофиқ пайдо кардем — «Баъди борон»!

— «Баъди борон» аз дигар барномаҳо бо чӣ фарқ мекунад?

— Фарқият зиёд аст, аммо намехоҳам ҳамаи онро як- як шарҳ диҳам. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки дуэтҳои зиёд омода кардем, Шабнаму Фарзона низ дуэтҳои хуб тайёр намудаанд, ғайр аз ин, беҳтарин суханонро ба риштаи оҳанг додаю сурудаанд, ки боварӣ дорам, шунаванда аз шунидани онҳо рӯҳу илҳоми тоза мегирад.

— Шабнаму Фарзона – ду боли парвози шумо ҳастанд. Бигӯед, ки кадомеро бештар дӯст медоред ва аз кадоме зиёдтар нерӯ мегиред?

— Фикр намекунам, ки волидон миёни фарзандон фарқият гузоранд, ё якеро аз дигарӣ боло донанд. Фарзанд новобаста аз касбу кор ва рафтору гуфтораш барои падару модар азиз аст, бинобар ин, ман ҳам аз Шабнаму ҳам аз Фарзона нерӯ мегирам ва ҳардуро баробар дӯст медорам. Вақте сурудхонии онҳоро мебинам, бисёр шод мегардам, чаро шод?

Ба он хотир, ки ду ҷигарбандам касби маро интихоб кардаю муваффақ ҳам гаштаанд, ки ин корро на ҳар кас метавонад бикунад. Охир, дар шоу- бизнеси тоҷик зафарёб гаштан кори осон нест, барои ин заҳмати зиёду маҳорати воло мебояд, ғайр аз ин, аз як оила ду духтари ҷавон овозхон шудаю дар муддати хеле кӯтоҳ ба мақсад расидан қаҳрамонист.

— Фикр мекунам, ки зиндагиро бидуни ҷангу ҷанҷол тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро дар як хонадон ҳатто модарро бо духтар ҷанг вомехӯрад. Оё Шабнаму Фарзона дар хона ҷанҷол намекунанд? Ва боре шудааст, ки шумо халосгари ҷанҷоли онҳо гашта бошед?

— Рости гап, боре вориди хона шудам, ки Рӯзигул- духтари калониам ва Шабнам баҳс доштанд, вале бо дидани ман ҳарду хомӯш гаштанд. Ҳамин ҳангом духтари ҳамсоя бо коре ба хона омаду сару рӯяш кандагӣ буд. Чун аз духтарҳо суол кардам, ки ба ӯ чӣ шудааст? Дар ҷавоб гуфтанд, ки бо апааш ҷанг кардааст. Бовар кунед, вуҷудамро ларза фаро гирифт ва онҳоро (он вақт Рӯзигул 16 – солаю Шабнам 12- сола буд) наздам шинонда хеле насиҳаташон кардаму гуфтам: Нашавад рӯзе, ки шумо ҳам ҷангу ҷанҷол карда сару рӯи якдигаратонро захмӣ кунед? Дар як хона зиндагӣ намудаю бо ҳам созиш накардан, бисёр бад аст, балки айб аст, вақте хоҳар сару рӯи апаро замӣ мекунад…

Шукри Худо мегӯям, ки то имрӯз (чашм нарасад) на Шабнаму Фарзона ва на дигар духтарам бо ҳамдигар ҷангу муноқиша накардаанд, ҳамеша бо якдигар мисли дугонаанду эҳтироми ҳамдигариро ба ҷо меоранд.

— Аммо аз рӯи шунидам, Шабнаму Фарзона бо ҳам муносибати дуруст надошта, ҳатто барои як суруд ҷанҷол мекунанд, ба ҳамдигар рақобати сахт доранд…

— Ин гуфтаҳо асос надоранд, онҳо ҳаргиз баҳсу мунозира намекунанд, ҳол он ки барои як суруд. Пинҳон намекунам, ба якдигар рақобат доранд, вале рақобати солим, рақобате, ки барои пешравии худи онҳост. Шабнам мехоҳад сурудаш аз суруди Фарзона беҳтар барояду Фарзона бошад, баръакс, ҳамин аст рақобати онҳо, ки инро ман хуш дорам. Бигзор ҳамин гуна рақобат дошта бошанд, то беҳтарин сурудҳоро барои шунавандагонашон омодаю пешниҳод созанд.

— Таронаи «Дилам садпора шуда» — ро Фарзона барои кӣ сурудааст? Дилаш барои кӣ садпора шуда бошад?

— Барои зиндагӣ, барои дидори ёру дӯстон, наздикон, модару хоҳаронаш…

— Нафаҳмидам…

— Вақте Фарзона дар зиндон буд, зиёд ғусса мехӯрд ва барои озодӣ дилаш пора мегашт ва ҳангоми танҳоӣ ҳамин таронаро хондааст, ки аз зиндагии худи ӯ қисса мекунад.

— Мегӯянд, ки ҳаққи хизмати Шабнам дар тӯю маъракаҳо зиёда аз $ 4000 аст…

— Дуруст аст, бо ҳамин нарх ӯ ба маъракаҳо меравад, ҳатто аз ин ҳам зиёд, вале боз ҳастанд ҳолатҳое, ки бе пул ҳам рафта хизмат мекунад, зеро дар рӯзи хурсандии ёру бародарон, дӯстон ва хешу ақрабо ширкат наварзидан кори хуб нест. Ҳар нафаре барои обод кардани маъракаи хурсандиаш назди Шабнамҷон ояд, ман кӣ буданашро мефаҳмаму агар шинос бошад, “Шабнамҷон бачам, ягон пул даркор нест, рафта маъракаашонро обод кун” мегӯям ва албатта Шабнам не намегӯяд. Яъне ҳаққи хизмати Шабнам вобастааст ба худи тӯйдор.

— Мегӯянд, ки санъаткорон бидуни суруду мусиқӣ ва саҳна худрову зиндагиашонро тасаввур карда наметавонанд. Шумо, ки муддати тӯлонӣ бемор будеду наметавонистед бисароед ва бо ҳаводоронатон рӯ ба рӯ бигардед, худро чӣ гуна эҳсос мекардед?

— Ҳар чиз ҷойи худро дорад. Вақте бемор будем, ба гӯшаи хаёл андешаи суруду мусиқӣ ва саҳнаро намеовардам, зеро ҷонам месӯхту танҳо аз Худованд талаби сиҳат шуданро мекардам. Имрӯз, ки сиҳат шудаам, кӯшиш мекунам, то барои мухлисонам беҳтарин сурудҳоро омода карда пешкашашон гардонам, то онҳо лаҳзае ҳам бошад, шоду дур аз мушкилиҳои зиндагӣ бошанд.

Мусоҳиб Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!