ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

«ҲАЗОРУ ЯК ШАБ» — И САРВИНОЗ ЮСУФӢ

Сарвиноз Юсуфи

Сарвиноз Юсуфи

Ду ҳафта пеш дар Маҷмааи «Кохи Борбад» консерти овозхони боистеъдоду писандидаи ҳамагон, сарояндаи ансамбли «Сипар»- и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Юсуфӣ баргузор гардид. Ин бонуи саҳна бо ҳунарнамоияш мухлисони худро шод намуда, қалби ҳазорон нафари дигарро тасхир кард.

Баъди анҷоми консерт бо вуҷуди серташвишу дар иҳотаи мухлисонаш мондан, баъди гузаштан боз аз як имтиҳони зиндагӣ, санҷиши лаёқату истеъдод ва подоши заҳматҳои чандинсола, ба мо муяссар гардид бо ин ҳунарманди хушсадою хушсимо ва маҳбуби ҷавонон ҳамсӯҳбат шавем.

Сарвиноз Юсуфӣ, хатмкардаи Донишкадаи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, як муддат дар риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ таҳсил намуда, ҳамчун овозхон фаъолияташро дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз кардааст. Айни замон дар ансамбли «Сипар»- и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.

— То овозхон шудан, шумо дар риштаҳои мухталиф бахтозмоӣ кардед ва ахиран роҳи санъатро интихоб намудед, назаратон дар ин бора…

— Ҳанӯз ҳангоми дар мактаби миёнаи рақами 2-и шаҳри Ваҳдат таҳсил карданам, дар кружоки дастаи ҳаваскорон аъзо шуда, фаъолона баромад мекардам. Баъдан дар оилаамон қариб, ки ҳама дар ин ё он намуди асбоби мусиқӣ ҳунари навозандагиро доштанд.

Соли 2000-ум ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам. Гарчанде онро бомуваффақият мехондам, вале эҳсос кардам, ки аз ман рӯзноманигори хуб намебарояд ва барои беҳуда сарф нагардидани вақт, дар соли дуюми таҳсил онро тарк кардам.

— Пас барои чӣ ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо нарафта, ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридед?

— Шахсе, ки ба санъат дибастагӣ ва қасди расидан ба қуллаи муродро дорад, вай ҳама вақт фурсат меёбад, онро фатҳ кунад. Ман андеша кардам, ки аввал бояд касберо аз худ кунам ва баъдан ҳастиямро ба санъат бахшам ва ҳамин тавр ҳам кардам. Соли 2004 ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон супурда, дохил шудам. Соли 2010 онро бомуваффақият хатм кардам.

— Дар як вақт ҳам таҳсил кардан ва ҳам фаъолияти эҷодиро пеш бурдан, бароятон душворӣ намекард?

– Агар шахс иродаи мустаҳкам дошта, дар назди худ қарори қатъӣ гузорад, барои ӯ иҷрои якчанд кору вазифа мушкилӣ надорад. Аз оне, ки ҳаёт ин худ талош ва мубориза барои худшиносӣ ва расидан ба мавқею манзалат аст, аз ин хотир, набояд аз душвориҳо ҳаросида, аз мубориза даст кашид.

Солҳои 2001 ва 2004 дар ансамбли «Ганҷина» — и Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудам ва баъдан ба ансамбли «Сипар»- и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омадам ва маро ин ҷо хеле хуш пазируфтанд.

— Сабаби тарки «Ганҷина» кардану ба «Сипар» омаданатон дар чӣ буд?

— Росташ сабку услубе, ки ман интихоб карда будам ва он сурудҳое, ки месурудам, ба он талаботе, ки дар ансамбли «Ганҷина» буд, мувофиқат намекард, зеро «Ганҷина» ин ансамбли фолклорӣ буд, ман бошам, майл ба сурудҳои эстрадӣ доштам. Бинобар ин, зарур шуморидам ба он чи ки майлу хоҳишам бештар аст, ҳамонро интихоб намоям.

— Дар баробари овозхони ансамбли «Сипар»- будан, ҳамчун афсари ВКД чӣ масъулиятеро эҳсос мекунед?

— Ман ҳамчун лейтенанти калони милитсия ва ҷамъи ҳамкоронам ифтихор дорем, ки дар ансамбли «Сипар»-и ВКД баромад мекунем ва дар кулли чорабиниҳо иштирок намуда, хотири кормандони мақомоти корҳои дохилиро шод менамоем.

Мо аз Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов сипосгузорем, ки барои пешрафти фаъолияти эҷодӣ пайваста дастгирӣ ва ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Имрӯз барои ман он лаҳза хотирмон буд, ки аз ҷониби роҳбарияти ВКД бо нишони сарисинагии «Барои хизмати аъло дар ВКД» мушарраф гардидам.

— Барои ҳар як зан-модар дар баробари касбу ҳунар, рӯзгори оилавӣ дар мадди аввал меистад. Дар ин ҷода албатта масъулияти шумо зиёд аст…

— Соли 2005 ба шавҳар баромадам ва соҳиби як духтарчаи дӯстрӯю доно бо номи Хумор ҳастам, ки дар баробари кори эҷодиву масъулияти хона ба тарбияи ӯ аҳамияти зиёд медиҳам.

— Дар таҳияи барномаи ҷадиди консертӣ ва тавре худ иброз доштед то ҷое афсонавӣ бо номи «Ҳазору як шаб» киҳо саҳмгузор буданд?

— Ман албатта аз роҳбари ансамбли «Сипар» ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умар Зиёев, ҳампешагонам Шабнами Тоҷиддин, Зайнура Пулодова ва дигарон сипосгузорам, ки бароям кӯмак карданд, то ин барнома рӯи саҳна ояд.

— Ба Шумо дар фатҳи қуллаҳои баланди санъат муваффақияту комёбиҳо орзу мекунем ва таманнои онро дорем, ки ҳамеша хушсадову хушсимо бимонед.

— Ташаккур!

Сӯҳбаторо Ҷалолиддин Садриддинов, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!