ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МЕҲРУБОНИ РАВШАН: «МЕҲРУБОНРО БАНКРОТ КАРДАНД»

Мехрубони Равшан

Мехрубони Равшан

Ин сарояндаи хушовоз бо садои рӯҳнавозаш қалбҳои ошиқонро дорую дармон гаштааст. Сурудҳои Меҳрубон савту услуби махсус доранд ва маҳз бо ҳамин ҷӯяндагӣ қалбҳои ҳазорон ҳазор ошиқони савту наворо тасхир кардааст. 

Бо дархости мухлисон тасмим гирифтем бо чанд суол ба Меҳрубон муроҷиат карда аз розу ниёзи дилаш огоҳ шавем. Инак, мутаваҷҷеҳ бошед.

-Дар зиндагиатон чӣ дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд?

-Чун пештара саргарми тӯю маърака ва эҷод намудани суруду оҳангҳои нав ҳастам. Рӯзгорам шукри Худованд тинҷу осуда ҷараён дорад.

-Ҳар гоҳ бо шумо сӯҳбат мекунам хоксоронаву меҳрубонона ҳарф мезанед. Бо ҳама ҳамингуна муносибат доред ё танҳо бо рӯзноманигорон?

-Инсон кори хубу баланд дорад, одами намоён аст ё оддӣ бояд самимӣ бошад. Хислати маро мухлисон аз номам метавонанд дарк кунанд. Ҳавобаландиро дӯст намедорам.

-Дар саҳна камнамо буданатон аз серкорист ё сирри дигар дорад?

-Росташро гӯям ба бӯҳрони иқтисодӣ дучор гаштаам. Ба ёру ошноҳоям маблағ дода, каме қарздор шудам. Дар тангдастиашон асо шудаму дар охир Меҳрубонро «банкрот» карданд (механдад).

-Мардум мегӯянд, ки баъд аз зиёрати хонаи Худо «ҳофизӣ гуноҳ аст»-гуфта тарки саҳна кардаед?

-Ҳоҷӣ шуданам маънои пурра тарки саҳна кардани маро надорад. Сабаби алҳол таронаҳои навамро сабт накарданам ба кризиси иқтисодӣ дучор гаштан асту халос.

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ки бо ман ҳарчи кард, он ошно кард.

-Таронаҳоятон пурмазмуну пуртаъсиранд, эҷоди худи шумост ё маҳсули хомаи шоирон?

-Бештари матни таронаҳоям аз ашъори шоирони муосир ва классиканд. Пас аз сафар Ҳаҷ ботини одам дигар мешавад, аз ин сабаб хондани сурудҳои бемазмунро ҷоиз намедонам.

-Меҳрубон, ҳоло ҳам бо варзиш машғулед?

-Бале, варзиш шуғли дӯстдоштаи банда аст, хусусан бозии футболро дӯст медорам.

-Ба командаи ситораҳои эстрадаи санъати тоҷик шарик ҳастед?

-Албатта, дар дастаи «Ромиш» бо Садриддину Баҳром ва Остону Баҳодур бозиро давом дода истодаем.

-Шунидем, ки дастаатон бо дастаи «Истиқлол» мусобиқа карданианд.

-Не, ҳоло ба онҳо баробар нашудаем! Бо рӯзноманигорону актёрон бештар бозӣ мекунем.

-Меҳрубон аз ӯҳдаи репсароӣ мебароед?

-Чаро не?! Ба як мард чил ҳунар кам аст. Аз ӯҳдаи репхонӣ ба пуррагӣ мебароям, чунки санъат сарҳад надорад.

-Дуруст аст, ки бархе аз сарояндаҳо ҳангоми эҷод маводи мухадир, нашъаву банг мекашанд?

-Ин комилан гапи хато аст. Таронаи хуб вақте тавлид мешавад, ки одам дар ҳолати кайфи рӯҳонӣ аст. Арақу нашъа инсонро аз пой мезананд, яъне ақли кас тира мешавад, дилаш ҳис намекунад. Агар ингуна эҷодкорон бошанд, баръакс худашонро мекушанд.

-Меҳрубон дар ҷодаи санъат устувор аст? Боварӣ доред, ки то ба охир ин роҳи мушкилгузарро паси сар мекунад?

-Ин роҳро Худо ба ман насиб дидааст ва то зинда ҳастам бо ҳамин роҳ меравам. Ба додаи Худо набояд ношукрӣ кард.

-Меҳрубон, баъзе сирру асрори зиндагиатонро мухлисонатон донистан мехоҳанд. Ҳамсаратонро дӯст дошта хонадор шудед ё интихоби волидайнатон буд?

-Ишқи мо аз нигоҳи аввал буд. Бо як назар ҳамдигарро дӯст дошта, баъд оиладор шудем.

-Чанд фарзанд доред? Фарзандонатон аз паи падар мераванд ё не?

-Чор фарзанд дорам, 2-то писару 2-то духтар. Санъат роҳҳои пурпечутоб дорад, заҳмати зиёд металабад. Шахсан ман намехоҳам, ки ҷигарбандонам касби маро интихоб намоянд.

-Дар зиндагӣ аз чи метарсед?

-Аз Худованд, баъдан аз тӯҳмати номардон.

-Рашки шумо зӯртар аст ё рашки янга?

-Рашк ин намаки зиндагӣ аст. Аз рашки янгаатон дида рашки ман зиёдтар, бо ишқу муҳаббат ва дӯстдории зиёд, ки хонадор шудаем, занамро сахт рашк мекунам.

-Бори дигар хонаи Худоро зиёрат карданиед ё на?

-Яке аз 5 рукнҳои мусулмонӣ ин зиёрати хонаи Худо аст. Худованд як бор ин шарафро барои ман муяссар гардонид. Агар хости Худованд бошад метавонам, ки бори дигар ба Ҳаҷ равам.

-Як гурӯҳи муллоҳо мегӯянд, ки ба бандаи мӯъмин суруду рақс ҷоиз нест. Аз нуқтаи назари ислом суруд хондан дар ҳақиқат ҳаром аст?

-Агар аз нуқтаи назари ислом гирем, суруду рақс дар ҳақиқат ҳаром аст. Он ишқе, ки имрӯз мо дар борааш мехонему месароем, гузаранда аст, аммо ишқи Худованд азалӣ мебошад. Ҳар як сароянда бояд дар васфи Худованд ҳадди ақал як ё ду тарона сарояд. Сароидани таронаҳои ирфонӣ савоб аст, зеро шунавандаро ба роҳи рост тарбият мекунад.

Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,

Дил аст каъбаи маънӣ, ту, гил, чӣ пиндорӣ.

-Меҳрубон, мегӯянд, ки шумо дар шаҳри Душанбе соҳиби чанд хонаву мошинҳои хориҷӣ ҳастед…?

-Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, дар маҳаллаи 82 иҷора мешинам. Агар қарзҳоямро баргардонанд, Худо хоҳад, соҳиби хонаву мошинҳои гаронбаҳо мешавам.

-Таманниёти Меҳрубон ба мухлисонаш.

-Ҳамаи мухлисонамро бениҳоят дӯст медорам. Ба мухлисонам аз даргоҳи иллоҳӣ тансиҳатӣ ва хотири ҷамъро таманно дорам. Бигзор халқи тоҷик ҳамеша дар зери осмони соф дӯстона зиндагӣ кунанд. Худованд дастгиру мададгори ҳамаи мову шумо бошад! Омин!

Мусоҳиб Рухшона, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!