ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НИГИНА АМОНҚУЛОВА: «НЕ, НАМЕТАВОНАМ!»

Нигина Амонкулова

Нигина Амонкулова

Ман мухлиси ситорае ҳастаму мехоҳам аз зиндагӣ, фаъолияти эҷодӣ ва нақшаҳои ояндааш огаҳӣ дошта бошам, аз ин рӯ, ба нишонии ҳафтавори шумо бо умедҳои зиёде нома ирсол медорам.

Нигина Амонқулова, гумони ғолиб ин аст, ки ин ном дар як муддати кӯтоҳ азизи ҳар як хонадони тоҷик ва тоҷикони берун аз марз гаштааст. Барои ман ҳам Нигина азиз асту такрор ба такрор фиттаи сурудҳояшро тамошо карда, рӯҳу илҳоми тоза мегирам.

Аз рӯзҳои аввали ба саҳнаи ҳунар омадани ин ҳунарманди ҷоншикор мафтуни қаду баст, ҳаракатҳои саҳнавии зебо, қошпаронию нозгардониҳояш гашта, меҳрашро дар дилам ҷо кардам. Дар олами андешаҳоям доим бо ӯ ҳамсӯҳбат гашта, хотирамро ҷамъ мекардам. Чун одам шӯҳратманд шуд, гирди номаш овозаю ҳангомаҳои зиёде паҳн мешаванд.

Ман чун як мухлиси асили Нигина аз шунидани овозаи баде атрофи номи ӯ ғамгину ошуфтахотир гашта, аз шунидани ҳар як муваффақияташ шод мешавам. Шояд касе чун ман аз тавлиди нахустфарзанди Нигина шодӣ накарда бошад, фақат афсӯс мехӯрдам, ки наметавонам дастовезе бардошта барои дидани писари ширини ӯ равам.

Охир, ҳарчанд модари ӯ мисли пайвандонам барои ман азиз аст, аммо мутаассифона, ситора асту бароям дастнорас. Ҳарчанд давлати дидори ин ду азизи дил бароям муяссар нагашта бошад ҳам, ғоибона дар ҳақашон аз даргоҳи Худованди таоло умри дароз, тани сиҳат ва хушбахтиҳои зиндагиро таманно мекунам.

Ростӣ, чанде пеш шунидам, ки телевизиони форсии Би-би-сӣ ду суруди Нигина Амонқуловаро ба маблағи панҷ ҳазор доллар харидорӣ карда, ӯро ба Лондон барои ҳунарнамоӣ даъват намудаанд, аммо ин дар рӯзҳои Наврӯзи оламафрӯз рост омада буду Нигина Наврӯзро дар Тоҷикистон гузарониданӣ шуда, даъвати масъулини ин телевизиони шӯҳратёрро, ки бо онҳо ҳамкорӣ карданро ҳар як ҳунарманди форсизабон орзу мекунад, рад кардааст.

Бовар кунед, аз ифтихор сарам ба осмон расиду ба Нигина барои ин ватандӯстияш офарин хондам, дар навбати худ масъулони Би-би-сиро аҳсант гуфтам барои заршиносияшон, ки аз байни ситораҳои бешумор маҳз Нигинаро интихобу сабт намуда, сурудҳояшро бо маблағи хуб харидорӣ намуданд.

Ҳадаф аз нома фиристодани ман ба идораи ҳафтавори шумо ин аст, ки оё Нигина медониста бошад, мухлиси аз ҳама беҳтаринаш кист ва дар куҷо зиндагӣ мекунад? Охир, ҳама машҳурони олами санъат мухлисони беҳтарини худро мешиносанд ва бо онҳо муносибати дӯстона доранд. Аз шумо хоҳиш дорам, ки бо ҳунарманди дӯстдоштаам дар тамос шуда, назари ӯро дар ин бора нашр намоед.

Тасалло, мухлиси ашаддии Нигина

Нигина Амонкулова

Нигина Амонкулова

Хоҳари азиз, вобаста ба хоҳиши шумо ва мактубҳои бешуморатон қарор додем, ки бо Нигина Амонқулова ҳамсӯҳбат шавем. Ин масъулиятро сармуҳаррир ба дӯши ман гузошт, ҳарчанд, ки ман ҳавсалаи бо ҳофизон сӯҳбат кардан надораму табъам хира шуд, вале аз дастам коре намеомад, зеро супориш -супориш аст.

Ногуфта намонад, ки ман ҳам мухлиси сурудҳои ин ҳунарманд будам ва дар як гӯшаяки дилам шӯълаяке фурӯзон буд, ки Нигина барин духтари боодоб ҳаргиз сухане намегӯяд, ки боиси малоли хотири кас гардад. Шумораи телефони Амонқуловаро пайдо намуда, ба ӯ занг задам, пас аз чанд занги телефонӣ, ки дар байни худ фосилаҳо низ доштанд, гӯширо худи Нигина бардошт.

Ман баъд аз адои салом мақсади занг задан ва номаҳои пурмеҳру бешумори мухлисонашро ба ӯ фаҳмондам, аммо Нигина муаддабона хоҳиши маро оид ба ҷавоби суолҳои шумо рад намуд. Якравии касбиям боло гирифту «хирагӣ» кардам:

Нигинабону, мухлисдухтаре доред, ки ба шумо бо як саволи оддӣ муроҷиат намудааст, ақаллан ба саволи ӯ ҷавоб диҳед. Наметавонам… мебахшеду наметавонам… чунин буд посухи ӯ. Ана акнун худат хулоса барор Тасалло, оё ҳунарманде, ки ҳатто як суханашро барои хурсандии дили мухлиси беҳтаринаш ҳайф медонад, ба парастиш арзиш дорад?

Банда бо тақозои касби бар дӯш доштаам бо бисёр намояндагони илму адаб ва ҳунар сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ ва телефонӣ доштам ва медидам, ки эшон ба хотири ҷавоб додан ба ин ё он саволи пайдо шуда вақти қиммати хешро дареғ надошта ба мо ҳамсӯҳбат мегаштанд. Ман тариқи телефон чандин бор бо шоираи шӯҳратёри тоҷик Фарзона, устодони каломи мавзун Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Меҳринисо, шоири бадахшонӣ Лаълҷубаи Мирзоҳасан бо ҳунармандони театру синамо Марям Исоева, Гулсара Абдуллоева, Асалбегим Саодатова, Лутфулло Давлатов, Бурҳон Раҳмонов ва ғайраҳо ҳамсӯҳбат шудаам.

Онҳо ба шӯҳратёру номдор будан ва хизматҳои зиёдашон назди миллату кишвар нигоҳ накарда бо як хоксории заминӣ ба саволҳои шояд новақти ман ҷавоб мегуфтанд. Аз ин хоксориҳо шуҳрату шаъни онҳо як сари мӯ кам нагашт, баръакс меҳрашон ҷукуртар дар дили аҳли сухан ҷо гирифтааст. Дар наворе тамошо кардам, ки Одина Ҳошим бо ҳамон бузургӣ бо чӯпони оддие, ки мухлисаш будааст бо як меҳрубонии аз ҳад зиёд сӯҳбат мекунад, Одина Ҳошиме, ки як умр дар ноҳияи Ҳамадонӣ, дур аз ҳавзҳои адабии кишвар зиста, сурудаш дунёро тасхир карда буд!

Сӯҳбати ширину пурмағзи кӯтоҳи телефониям бо Матлуба Раҳимова бошад, шояд ҳеҷ гоҳ аз саҳфаҳои хотиротам зудуда нашавад. Нигина Амонқулова бо копихониҳояш аз сурудҳои Шоиста Муллоҷонова ба дили мардум ҷо шуд, зеро байни ҳарзахонони шоу-бизнеси тоҷик шунидани навои ошно бисёриҳоро ба худ ҷалб сохт. Ӯ оҳиста-оҳиста аз сояи Шоиста Муллоҷонова баромада роҳи худро ёфт ва шӯҳратманд гашт.

Нигинабону як чизро шояд фаромӯш кардааст, ки одами шӯҳратманд танҳо мутааллиқи худаш нест ва ӯ бояд ба набзи ҷомеа ҷӯр бошад. Ман аз забони аксар ҳунармандони маъруф шунидаам, ки ба қуллаҳои баландтарини санъату фарҳанг расиданашонро бо шарофати мухлисон медонанд. Тасаллоро намедонам, аммо ман аз шоми 11.06.2012 дигар дар шумори мухлисони Нигина Амонқулова нестам.

Дигар аз саҳфаҳои матбуот лоф намезанам, ки аҳсан ба Нигина бо он хоксорию тарзи зебои либоспӯшияш ва фулону беҳмадон! Ба ин ҳунарманди зебою ҷавон дар қатори хушиҳои зиндагӣ боз фурӯтанию инсондӯстӣ ҳам таманно мекунам, зеро фарҳангу одамдӯстӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд!

Ҳилола

Filed under: Номаҳои хонандагон,

One Response

  1. Darvesh:

    Hilolahon ,shumo ba juz dar utoke nazdi ventilyator nishastanu telefon dar dastaton ba har kas zang zadanu zindagii digaronro dar jadvali rostomada balandu past kardan digar kor nadored !!! HUb, mefahmam in kasbi shumost vale boyad dar avval jomai musohibatonro hud pushida boshed , bo 1 «nametavonam»-i Nigina osmonro ovarda ba zamin chaspondan az behiradist !YAk «nametavonam» manoi onro nadorad,ki Nigina havobalandu dastnoras ast. Man fikr mekunam pust tojike,ki millatdust astu baroi millatash mesaroyad , kame havobaland boshad , kame bogurur bopshad , bosaboat boshad …na in ki shikoyatkunu shikoyatzada gardad

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!