ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

КӢ БОЛОТАР: «ХУДӢ» Ё «БЕГОНА»?

Ситорахо

Ситорахо

Аслан дар санъати тоҷик барои пайдо кардани шӯҳрату мартабаи санъаткорон ҳеҷ гуна меъёри муайяне вуҷуд надорад ва ин чиз дар аксар кишварҳои олам ҳам ба чашм мерасад. Вале чизи аз ҳама баде, ки дар сарояндаҳои тоҷик кам дида мешавад, ин ба инобат нагирифтани меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Барои санъаткорони тамоми ҷаҳон муқаррар шудааст, ки сароянда пеш аз ҳама бояд садои боқувват ва эҷодиёти худро дошта бошад, ҳарчанд ин чиз дар ягон китоб ҳамчун ойин ё қонуни ҳатмӣ сабт нашудааст. Байни мардум ҳар вақте сухан дар масъалаи эҷодиёти санъаткорони тоҷик меравад, ҳама як сухан мегӯяд:

«Агар шодравон Аҳмад Зоҳир зинда мешуду ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекард, имрӯз тамоми сарояндаҳои тоҷик дар пушти панҷара буданд. Зеро дар Тоҷикистон қариб сарояндае нест, ки таронаҳои ин «Алмоси Шарқ»-ро надуздида бошад. Ё баъзеи дигар писханд зада мегӯянд, ки «О, Аҳмад Зоҳир барои кӣ ин қадар суруду оҳанг эҷод кардааст? Албатта, барои «ситора»-ҳои тоҷик!»

Албатта, мо ин суханҳоро ба хотири ёдовар шудан аз плагиатсия (асардуздӣ)-и сарояндаҳои тоҷик ва поймол кардани ҳуқуқҳои шодравон Аҳмади Зоҳир ва дигар сарояндаҳои хориҷӣ, ёдовар шудаем. Гарчанде поймол кардани ҳуқуқҳои муаллифон дар қонунҳои тамоми кишварҳои олам сабт шуда бошад ҳам, мо, тоҷикон онро ҳамеша сарфи назар мекунем.

Вале новобаста ба он ки «ситора»-ҳои тоҷик таронаҳои «Алмоси Шарқ»-ро, ҳатто баъзе ҳофизаҳо дуздида, дар чорабиниҳои калони давлатӣ месароянд, боз ҳам онҳоро мардум чун сароянда эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, саволе ба миён меояд, ки мақоми сарояндаҳои тоҷик аз рӯйи кадом меъёрҳо муайян карда мешаванд, махсусан барои занҳо?

Талаботи дигаре, ки барои санъаткорони тамоми ҷаҳон ҳатмӣ асту дар ягон асноди ҳуқуқҳои байналмилалӣ сабт нашудааст, доштани садои боқувват аст. Ин талабот дар тамоми озмуну чорабиниҳои сатҳи байналхалқӣ аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, ки бештари сарояндаҳои мо инро надоранд.

Алалхусус, ҷавонони имрӯза. Қариб санъаткоре надорем, ки пурра моли худро дошта бошад ё бо садои зинда консерт гузаронида тавонад. Агар нафаре пайдо шавад ҳам, ду ё се нафар зиёд нестанд… Аммо ба ҳамаи ин камбудиҳо нигоҳ накарда, биёед беҳтараш сари масъалаи асосӣ баргардем, ки имрӯз байни ду гурӯҳи санъаткорон – санъаткорони давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳамеша баҳс ба миён меояд.

Аслан намедонем сабаб дар чӣ бошад, ки дар мо ба ҷойи риояи талаботҳои байналмилалӣ, Вазорати фарҳанг меъёрҳои ба худ хос муайян мекунаду сарояндаҳоро ба давлативу ғайридавлатӣ ҷудо менамояд. Агар оддитар карда гӯем, «худӣ» ва «бегона», ки ин сабабгори ба миён омадани ихтилоф байни санъаткорон шуда метавонад.

Ҳар ду гурӯҳе, ки бо ҳам рақобат мекунанд, яке худро аз дигаре боло мегузорад. Масалан, сарояндаҳои «худӣ» ҳамеша худро аз «бегона»-ҳо болотар медонанд. Ҳарчанд, ки «статуси бегона»-ҳо аз «худӣ»-ҳо дар ҷомеа чандин маротиба баландтар мебошад. Лекин шояд ин ҷо даъвои сарояндаҳои дарборӣ ҳам ҷон дошта бошад, зеро тақрибан ҳамаи онҳо соҳибунвон ҳастанд.

Санъаткорони ғайридавлатӣ бошанд, новобаста ба «статус»-ашон дар ҷомеа соҳиби ягон хел унвон нестанд. Масалан, Далер Назаров, Субҳони Саид, Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё, Манижа Давлатовае, ки чандин сол боз аз саҳна дур асту шунавандаи бениҳоят зиёд дорад, ва чандин нафарони дигар.

Бояд гуфт, ки ин сарояндаҳои номбурда ягон хел унвон надоранд, аммо мардум онҳоро ба қатори беҳтаринҳо шомил кардаанд. Боз махсусан Шабнами Сурайё, ки чанд сол пеш суруди «Ҳанӯз аввали ишқ аст…»-ро иҷро карда буд, ки дар интернет тақрибан як миллион онро гӯш ва клипашро тамошо карда буданд.

Шояд суруд ва клипи ягон сарояндаи унвондори тоҷикро ин қадар фоизи баланди одамон тамошо накарда бошанд. Тавре ҳамон замон баъзе аз сарояндаҳои давлатӣ гуфта буданд: «Ин корро барои Шабнам шояд кадоме аз хушдорҳояш ташкил карда бошад».

Вале мо фикр мекунем, муҳим ин паҳлӯи масъала нест, муҳим он аст, ки Шабнамро як миллион одам тамошо ва гӯш кардааст. Албатта, танҳо дар интернет. Ба ҳама маълум аст, ки на ҳама дастрасӣ ба сомонаҳоро доранд. Инчунин Беҳрӯз Зеваров низ дар китобаш «Асрори шоу-бизнеси тоҷик» Шабнами Сурайёро яке аз сарояндаҳои муваффақ дар пайроҳаи хеш хондааст…

Гарчанде баъзе аз сарояндаҳои «дарборӣ» худро «бузург» мепиндоранду гумон мекунанд, ки бо доштани унвони артисти халқӣ ё шоиста барои халқу миллаташ коре карда бошад, Далер Назаров мегӯяд: «Суруд хондан бузургӣ нест».

Агар мо хубтар андеша намоем, сухани Далер Назаров сад дар сад дуруст аст. Барои чӣ? Барои он ки тавре худи сарояндаҳо мегӯянд, бештари онҳо ба хотири «кайфият»-и хеш суруд мехонанд, на барои дигарон. Шояд сабаб ҳам ҳамин чиз бошад, ки шунавандаҳои Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов ё Садриддини Наҷмиддин нисбати тамоми санъаткорони дарборӣ ва «бузургон»-и санъати тоҷик зиёд аст. Ҳарчанд «бузургон» соҳиби чандин унвону ҷоиза мебошанд.

Эҳтимол ҳофизони «дарборӣ» сурудро на ба хотири «кайфият»-и худ, балки танҳо ба хотири «кайфият»-и одамони «хосса» месароянд, ки тамоми ҷоизаҳоро дар Тоҷикистон танҳо онҳо соҳиб мешаванд.  Новобаста ба он ки мардум ӯро эътироф мекунад ё не, ӯ садои хуб дорад ё не… Ё ин тавр нест?

Агар чунин набошад, пас нафаре аз «бузургон» гуфта метавонад, ки баробари Шабнам, Садриддину Манижа не, мисли Муборакшое, ки даҳсолаҳост ситорааш аз осмон афтидаасту ҳанӯз ҳам ҷилояш хомӯш нашудааст, шунавандаву мартаба дорад? Дар бораи дигар «ситора»-ҳои фавтидаи санъати тоҷик чизе намегӯем. Чунки то имрӯз касе ҷойи Наргису Кароматуллоро нагирифтааст…

Масалан, Кароматулло Қурбонов танҳо баъди маргаш соҳиби унвон гашту ба қавле «бузург» шуд. Ҳарчанд ӯ дар замони худ беҳтарин ва овозадортарин сароянда буд, ягон хел унвон надошт ва ҳанӯз ҳам мардум ӯро гӯш мекунанд. Тавре Субҳони Саид дар консерташ гуфт: «Унвони ман халқ аст». Унвони Кароматулло ҳам танҳо меҳри мардум буд. Намояндаҳои фарҳанг танҳо пас аз марги Кароматулло фаҳмиданд, ки ӯ ҳам бузург асту бояд соҳиби унвон шавад ва шояд ин унвон дигар барои Кароматулло ва пайвандонаш лозим набошад…

Ё тавре як гурӯҳи одамон мегӯянд: «Кароматуллоро маргаш бузург кард. Агар ӯ зинда мемонд, то ба имрӯз чунин бузургу соҳиби унвон намешуд». Вале агар бузургии Кароматулло дар маргаш бошад, пас бузургии Муборакшову Наргис дар чӣ аст? Охир онҳо низ, ба қавле ҷавонмарг шуданаанд-ку? Модом ки чунин бошад, чаро Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба онҳо ҳанӯз ҳам унвон надодааст?

Агар «бузург»-ии санъаткорон танҳо дар доштани унвон бошад, пас барои чӣ инҳоро ҳанӯз ҳам гӯш мекунанд? Ё мисоли дигар, Далер Назаров, ки беҳтарин иҷрокунандаи сурудҳои эстрадӣ мебошад, ҳоло ҳам унвон надорад. Новобаста ба он ки барои рушди санъати тоҷик чӣ қадар заҳмат мекашад. Ё Субҳони Саид, ки баъди марги Кароматулло роҳбарии ансамбли эстрадии «Гулшан»-ро ба ӯҳда дошт, то ҳол соҳиби ҷоиза нашудаасту беҳтарин унвон мухлисонашро меҳисобад, ки шояд дуруст ҳам мекунад.

Ва ё Садриддину Шабнаме, ки таронаҳояшонро дар телевизионҳои тоҷик ҳатто роҳ намедиҳанд, имрӯз аз тамоми сарояндаҳои унвондору «давлатӣ» дида шунавандаи зиёд доранд. Шабнаме, ки қисми зиёди сарояндаҳои «давлатӣ» на эътирофаш мекунанду на чашми диданаш доранд, ба қавли онҳо на садо дораду на шарму ҳаёи тоҷикона.

Ба гуфтаи онҳо, гӯё Шабнам бо «рақс»-ҳои худ ва аксҳои дар интернет ҷойдодааш шаъну шарафи тоҷиконро паст карда бошад. Ҳол он ки Алла Пугачёваи 63-сола барои он ки аз хотири мардум фаромӯш нашавад, ҳар замон шавҳари ҷавонтаре карда, диққати мардумро боз бештар ба худ ҷалб мекунад. Бинобар ин, агар Шабнам ҳам «рақс» намекард, шояд имрӯз ин қадар мартаба пайдо намекард…

Ё Вазорати фарҳанги Тоҷикистон танҳо ба нафароне унвон медиҳад, ки мисли Шабнам либос намепӯшаду мисли Шабнам намерақсад. Агар Вазорати фарҳанг даъво пеш орад, ки шумо хато мегӯеду мо ба Кимиё Ҷӯраева ё Ширинмоҳ Ниҳолова унвон додаем, ки озод либос мепӯшанд, гумон мекунам, он чандон асос надорад. Зеро Кимиё ва Ширинмоҳ бо вуҷуди озод буданашон мисли Фирӯза ё Шабнам либос намепӯшанд.

Барои муқоиса, номи чанде аз унвондоронро меорем, ки хонандагони гиромӣ, худ хулоса бароред, мавқеи кадоме дар байни мардум зиёд аст ва он аз рӯйи кадом талаботҳо муайян мегардад: унвон ё чизи дигар…

Онҳое, ки соҳибунвонанд: Саидқул Билолов, Файзалӣ Ҳасанов, Афзалшо Шодиев, Ҷамшед Исмоилов, Сурайё Қосимова, Баҳодур Неъматов, Кимиё Ҷӯраева, Ширинмоҳ Ниҳолова, Қурбоналӣ Абдуллоев, Саъдӣ Бӯризод, Бахтиёр Иброҳимов, Лола Азизова, Муҳаррама Шарифова…

Инҳо нафароне мебошанд, ки дар ансамблҳои давлатӣ кор карда, соҳиби унвон нашудаанд… Нафаре аз инҳо мисли Далер Назар, Субҳони Саид, Садриддин, Шабнам, Фирӯза, Баҳодури Ғаффурзод, ки унвон надоранд, шунавандаи зиёд доранд ё не?

Тавре Афзалшо Шодиев даъвои «бузургӣ» мекунад, магар доштани унвон бузургӣ аст? Ё унвондорҳо даъво пеш меоранд, ки ҷавонони имрӯзаро мардум ба хотири қаду қомат ва ё «ҷунбондан»-ашон мепазиранд. Лекин фикр мекунем, «бузург»-он барои ин чиз дигар ҳеҷ гуна даъво пеш намеоранд, зеро мавқеи санъаткоронро дар ҷомеа мардум муайян мекард ва мекунад, на Вазорати фарҳанг ва ё ягон шахси алоҳида.

Агар «статус»-и сарояндаҳоро Вазорати фарҳанг муайян мекард, шояд имрӯз машҳуртарин ситораи санъати тоҷик Шабнам, Садриддин ё Далер Назаров намешуданд. Ё ин тавр нест? Баъдан як саволи дигар, тавре Афзалшо Шодиев худро «бузурги миллат» мегӯяд, оё суруд хондан ҳам «бузургӣ» буда метавонад, шумо чӣ фикр доред? Хулоса ба саволи «кӣ зӯр асту мавқеи баландтар дорад?» ҳар як хонанда худаш посух медиҳад…

Ганҷина Ганҷова, «Ману Ту»

Filed under: Хабар,

2 комментария

  1. МУХЛИС:

    Ташаккур барои чунин мавод, АММО…
    Дустони азиз, набояд фаромуш кард, ки мо киву чи хастем… Дар ин мавод бисёр чизхои хуб гуфта шудаасту аммо бисёр чизхои дигар сафсата. Хонум Ганчина бисёр кушидаанд, то як проблемаро ба хонандаи хеш бирасонад, ки байни санъаткорони точик ХУДИВУ БЕГОНА вучуд доштааст. Аммо ман сад дар сад тарафдори санъаткорони дарбори хастам. Бовар кунед, он таронахое, ки ин сарояндахои ХАСАКИИ мо мехонанд, бехтараш ин ки нахонанду маблаги зиёд сарф накунанд. Ва шояд он маблагхое, ки барои сабти суруд сарф мекунанд, бехтар мебуд, ки ба ягон ятимхонахо хайрия мекарданд, савобу самарааш бенихоят узург аст. Дар хусуси Шабнам хаминро гуфтани хастам, ки Шабнам зиёд мухлис дорад, аммо ин мухлисхояш хамеша мухлисаш нестанд. мухлис хамонеро мегуянд, ки то ба имруз таронахои Алмоси Шарк Ахмад Зохирро гуш мекунанду медонанду дар дил мепарваранд. Бовари дорам, ки аз сад мухлиси ашадии Шабнам на кам аз панч нафарашон хамон хам ба гумон аст, ки донанд Шабнам чи сурудаасту чи барномахое консерти ичро намудаасту чи навъи клипхо дорад.
    Гуфтанихо зиёданду аммо вакт кутох. Мунтазири чавобхои дигар дустон мешавем, ки баъди мутолиаи ин матлаб ба чи хулосае меоянд. Баъдан бахсро давом медихем…
    Худо хофиз…

  2. Мебахшеду Шумо Алла Пугачеваро мисол овардед, ин нодуруст мебошад, чунки миллати точик мусулмон аст, албатта тарзи либоспуширо ба назар бояд гирифт, хофизони мо аз худ рафтаанд, худашонро аз мардум боло мегиранд, хол он ки ба забони точики сухан ронда наметавонанд, фикри бурро надоранд, (баъзеашонро дар назар дорам) агар имконият мешуд тарзи суханрониро ед мегирифтанд, лекин либоспушии бемаъниро даррав ед мегиранд, хол он ки аввал маданият, дониш, хоксориро омухтан лозим.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!