ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БАХА 84: «СУРУД МАРО РОҲАТ МЕБАХШАД…»

Наимчон, Шахром, Баха 84

Наимчон, Шахром, Баха 84

Садои Баха 84 хеле ширину гӯшнавоз аст, рӯҳро шоду қалбро тасхир менамояд. Бале, ӯ хеле ширин мехонад, аз шунидани сурудҳояш, ки силсилагапанд, кас ҳам шод мегардаду ҳам ҳайрон мешавад. Ҳайрон аз он ки чӣ тавр Баха метавонад гапҳои оддиро, ки баъзеҳо бе оҳанг гуфта наметавонанд, зери мусиқии фораму шуниданӣ ва навозишгар бихонад?

Шояд барои Баха аз сурудҳои эстрадӣ дида, дар жанри РЭП хондан осон бошад? Ба ҳар ҳол на ҳар кас метавонад чунин зебо бисарояд ва ҳаракат бикунад, ҳамин тавр не, хонандаи азиз? Оре! Аҷибаш он аст, ки Баха — додари ширини мо, дар баробари гуворо хондану ба худаш зебанда ҳаракат кардан, боз зебо ҳарф мезанаду ширин сӯҳбат мекунад, аз сӯҳбаташ кас ҳам ғизои маънавӣ мегираду ҳам ғаму дардашро фаромӯш месозад. Оре, ӯ бо ҳазлу шӯхиҳояш метавонад ҳамсӯҳбаташро ба дуриҳои дур бубарад, ба олами зебоӣ, олами беғамию пурнишот. Беҳтараш биёед, ҳарфҳои зебои ӯро якҷо бихонем.

— Баха, чун бори аввал аст, ки бо шумо сӯҳбат мекунам, сараввал пурсиданиам, ки номатон Баха аст ё шакли пурра дорад?

— (Механдад). Албатта, ки номам шакли пурра дорад, Бахтиёр Қосимов! Баха тахаллуси сарояндагиам аст.

— Хеле хуб, акнун бигӯед, ки имрӯзҳо банди чӣ кору ташвишед, дар фаъолияти эҷодиатон чӣ дигаргуниҳо ба назар мерасад?

— Фикр мекунам, ки фарди эҷодкор пайваста пайи тавлид намудани чизи нав аст, мехоҳад тариқи шеъру тарона ва он чӣ ки ӯ меофарад, ҳаводорони худро шод карда бошад.

— Пас имрӯз чӣ офарида истодаед баҳри ҳаводорони бешуморатон?

— Рости гап, кӯшиш дорам, ки албоми нави хешро пешниҳоди мухлисонам, пешниҳоди онҳое бигардонам, ки дӯст медоранд санъати маро, ҳунари маро ва тарзи хониши маро ва лаҳзае ҳам бошад, зери сурудаҳои ман ғамҳои дилашонро фаромӯш намуда, дур аз мушкилиҳо ва дур аз норасоиҳои зиндагӣ умр ба сар бубаранд.

— Албоми навбатиатон бо чӣ унвон пешниҳоди дӯстдорони рэп мегардад ва таронаҳоятон фарогири кадом мавзӯҳоянд?

— Дар мавриди ном ниҳодани он ҳанӯз ба хулосаи аниқ наомадаам, вале аксар таронаҳоям дар васфи зиндагианд. Шояд номаш «Зиндагӣ» шавад?

— Чун тариқи сурудаҳоятон васфи зиндагӣ мекунед, оё гуфта метавонед, ки зиндагӣ чист?

— Зиндагӣ пур аз сӯзу соз, пур аз сӯзу гудоз ва пур аз пастию баландиҳост, вале бо ин ҳама пастиҳош, бо ин ҳама ноҷӯриҳош, бо омаду ноомадҳош зиндагӣ боз зебост ва онро дӯст бояд дошт. Фикр мекунам, ки зиндагиро маҳз камбудиҳояш барои инсон ширину гуворо мегардонанд, зеро агар он якранг гузарад, бемаъною дилгиркунанда хоҳад буд. Пас, зиндагиро бо каму костиҳош дӯст бояд дошт ва шукрона кард.

— Хуб, Бахтиёр, сурудани суруд дар жанри рэп душвор нест? Умуман, чӣ гуна метавонед инқадар гапро зери мусиқӣ озодона ва бе хатогӣ ва ҳатто шуниданӣ бихонед?

— Чаро душвор? Рэп ҳам мисли дигар жанрҳост, ки хонандаи он метавонад аз ӯҳдааш ба хубӣ барояд, ба шарте, ки онро бифаҳмад ва ба маънии шеъраш сарфаҳм биравад. Бояд қайд кард, ки хонандаи сурудҳои дигар жанр ҳам, агар маънои шеърашро нафаҳмаду дарк накунад, наметавонад таронаи хуб бихонад. Муҳим дар кадом жанр хондан нест, асос фаҳмидан аст.

— Муаллиф ва шунавандаи аввалини таронаҳои Баха 84 кӣ бошад?

— Матни сурудҳоямро худам эҷод мекунам, зеро агар рэпсаро худ шеър наофарад, шеъри эҷодкардаи нафари дигарро хонда наметавонад, аниқтараш онро чӣ хонию чӣ не. Аввалин шунавандаи сурудҳоям бошад, дӯстону наздиконаманд, вақте таронаи нав меофарам, ба рафиқонам пешниҳод мекунам, то гӯш карда, камбудиҳоямро гӯянд ва дар натиҷаи ислоҳ онро пешниҳоди мардум мегардонам.

— Оҳанг низ меофаред?

— Не, ростӣ, оҳангро аз танзимгарон мегирам. Вақте шеър менависам, назди онҳо рафта, мақсадамро мефаҳмонам ва хоҳиш мекунам, ки бароям оҳанг офаранд.

— Суруд ба шумо чӣ медиҳад ва оё метавонед зиндагиатонро бидуни он тасаввур кунед?

— Суруд маро роҳат мебахшад, вақтамро хуш мекунад ва вақте мебинам ва ё мешунавам, ки нафаре аз гӯш намудани таронаи ман фароғат мекунаду шод мегардад, ман низ болидарӯҳ мешавам. Аммо метавонам бидуни суруд зиндагӣ кунам, зеро агар маҷбур шавӣ, аз чӣ чизҳое даст намекашӣ…

— Агар нафаре пешниҳоди кори хубу даромаднок кунад, даст мекашед аз санъат ва меравед ба он коргоҳ?

— Фикр мекунам, ки мо, ҳама барои зиндагӣ ин қадар заҳмат мекашем, то маблағ ба даст орему бо меҳнати ҳалол умр ба сар барем, пас ҳар ҷое, ки бошад, кор кунему ризқу рӯзӣ пайдо намуда, осуда зиндагӣ намоед, муҳим дар куҷо кор кардан нест, асос зиндагӣ пеш равад.

— Яъне гуфтаниед, ки даст мекашед аз санъат?

— Меравам ба он коргоҳ, вале санъатамро ҳам идома медиҳам, зеро кор кардан ба эҷоду санъату саҳна ҳеҷ халал ворид намекунад. Оне, ки фаъол аст ва оне, ки мехоҳад фаъолият бикунад, ҳатто дар чанд соҳа метавонад кор кунад ва аз ӯҳдаи пеш бурдани тамоми корҳояш барояд, ин ба худи инсон вобаста аст, агар шавқу рағбат бошад, ҳамааш мешавад.

— Ба тӯйҳо ҳам меравед?

— На!

Чаро?

Надонам.

— Ҳеҷ бовар намекунам, ки агар нафаре аз наздиконатон хурсандӣ дошта бошад, шумо наравед…

— Меравам, албатта, аммо баромад намекунам, зеро сабку услуби ман барои тӯй нест.

— Аҳли оила нисбат ба тарзи хониши шумо чӣ баҳо медиҳанд? Зиддият нест?

— Ман, ки аз хурдӣ дил баста будам ба санъату саҳнаву суруду мусиқӣ, хоса, ба рэп, тамоми аҳли оила пешгӯйӣ мекарданд, ки ояндаам дурахшон аст ва шукронаи Оллоҳ, ки имрӯз бо дуи волидайн то андозае муваффақ ҳам ҳастам.

— Дар дигар жанрҳо худро санҷидаед ва оё аз ӯҳдаи хондани сурудҳои ғайри рэп мебароед?

— Дар жанри рэп хондани ман маънои онро надорад, ки дар дигар жанрҳо суруд хонда наметавонам, не, аммо ҳар як ҳунарманд роҳу равиш ва сабку услуби худро дорад ва дар роҳи худ зафарёб мегардад.

— Агар хато накунам, ба наздикӣ аз давлати Қазоқистон баргаштед. Бигӯед, ки мақсад аз сафар чӣ буд?

— Пешниҳод намудани барномаи ҳунарӣ ва тамошои ин кишвар.

— Чӣ гуна қабул карданд сурудҳои тоҷикиро мардуми он ҷо?

— Хеле хуб. Вақте ману Наимҷони Сайдалӣ барномаи ҳунарӣ пешниҳод кардем, бовар кунед, тамоми ҳозирин ба рақс даромаданд, онҳо моро ончунон гарм истиқбол намуданд, ки ҳеҷ интизораш набудем. Воқеан ҳам, дӯстдори таронаҳои тоҷикӣ будаанд онҳо, инро аз рақсҳои зебою кафкӯбиҳои беохирашон фаҳмидан душвор набуд.

— Гуфтании дигар доред?

— Ба тамоми мардуми Тоҷикистон тансиҳативу хонаи обод, рӯзгори осудаву вақти хуш ва беҳтарин хушиҳои ҳаётро аз даргоҳи Худованди меҳрубон талабгорам. Бошад, ки ҳамеша зери таронаҳои ман, модарону хоҳарону бародарон ва ҳама он нафароне, ки дӯстдори савту навоянду ҳаёташонро бе навои фораму суруди гӯшнавоз тасаввур карда наметавонанд, дарду ғам ва мушкилоти зиндагиро фаромӯш карда, хушҳолӣ кунанд

— Ташаккур, бародари азиз! Бароятон парвози баланди эҷодӣ ва дар ҷодаи санъат пешравию сарбаландиро орзумандем, зинда бошед!

Мусоҳиб Мунисаи Сафаралӣ, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!