ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ОЁ ҲАМА СИТОРАҲО ҶОДУГАРАНД?

Ситорахо

Ситорахо

Боре як ҳофизаи машҳур хонаам меҳмонӣ омада, пас аз ҳолпурсӣ шикоятро шурӯъ кард: «Худо занад душманони маро, корашон доимо ҷоду кардан аст, аз дасти онҳо на метавонам як суруди хуб тайёр кунаму на метавонам саҳна бароям, ҳатто мухлисонамро гум кардаам, бовар мекунед?

Ҳар куҷо равам, мегӯянд, ки пеши роҳат бастагӣ асту агар даводав накунӣ, мушкилат осон намешавад. На ҷодугар монду на фолбин ва на мулло, пеши тамоми кас рафтам, ҳатто вақтҳои охир аз шаҳр берун, ба дигар вилояту ноҳияҳо назди фолбин меравам, то мушкилиҳоям ҳал шаванд, аммо…»

Рости гап, пештар ман ӯро хеле зиёд дастгирӣ мекардаму эҳтиромаш менамудам ва гумон доштам, ки аз амалҳои ғайр дур аст, аммо ин нақлаш диламро ба пуррагӣ сард намуд ва дигар наметавонистам бовараш бикунам. Ҳофизаро меҳмондорӣ карда, пас аз чанд соат гусел намудам, вале худ тамоми рӯз ба саволи:

«Оё ҳама санъаткорон ҷодугар бошанд?» ҳеҷ ҷавоб пайдо карда наметавонистам ё ва чун дар посух пайдо кардан душворӣ кашидам, ба хулосае омадам, ки ба худи ҳунармандон, аниқтараш ба якчанд нафари онҳо бо ин саволи дағалам муроҷиат кунам. Савол чунин буд: «Оё шумо ҳам ҷодугаред ва ё барои пешрафти корҳоятон назди фолбинҳо меравед?». Инак, ҷавоби ситораҳо.

Зарринаи Ҳошим:

— Фикр намекунам, ки ҳама санъаткорон ба чунин корҳо даст зананд, шояд бошанд нафароне, ки бовар намоянд фолбину ҷодугаронро, аммо на ҳама зудбовару соддаанд. Баъдан Худованд яккаву ягона буда, ба ҳама кор танҳо Ӯ қодиру боқудрат аст, на мо бандагон, ё ким кадом фолбину ҷодугар.

Мо мусулмонем ва бояд пайваста такя ба Худои меҳрубон кунем ва омаду ноомадҳои зиндагиро бошад, аз қисмату сарнавиштамон бинем, зеро ки зиндагӣ ҳазор як пастию баландӣ дорад, ки баъзан инсон муваффақ мешаваду баъзан ноком мемонад, дар ин касеро гунаҳгор кардан нашояд. Он сарояндае, ки шумо шикоятҳояшро гуфтед, худ, ки ҷодугар буда, ба ҳамин корҳо машғул аст, фикр мекунад, ки ҳама мисли ӯ ба ин амал даст мезанад, дар асл чунин нест.

Фирӯза Ҳафизова:

— Худованд гуфтааст, ки: «Аз ту ҳаракат, аз ман баракат», пас моро лозим аст, ки ҳаракат бикунем, то баракат ба даст орем. Агар танбалӣ намоему боз дар нокомиҳоямон нафарони дигарро гунаҳгор созем, фикр мекунам, ки ин кори хуб нест. Ғайр аз ин, фолу фолбин ба кору пешравии мо ҳеҷ манфиате намебахшанд, зафарёбӣ ё ба қуллаҳои мурод расидани мову шумо аз рӯи кушоиши кор кардану тумору таштоб гирифтан нест, он ба худи инсон вобастааст. Оне, ки ба илму ҷоду эътиқод дораду бовар мекунад фолбину ҷодугаронро, вай Худоро намешиносад.

Ростӣ, ман ҳайрон мешавам ба ҳамон нафароне, ки даст ба чунин амалҳо мезананд, охир, агар инсон каме ақл дошта бошаду хубро аз бад фарқ карда тавонад, бовар намекунад фолбину ҷодугаронро. Хайр, Худо ба худи инсон тавфиқу инсоф диҳад, агар не ба чӣ корҳое даст намезанад, ҳамин тавр не, хонандаи азиз?

Зулайхо Маҳмадшоева:

— Шояд бошанд нафароне, ки ба фолбинҳо боварии комил дошта бошанд, вале ман то имрӯз боре ҳам назди нафаре барои пешравӣ ва ё кушоиши кору дигар мушкилам нарафтаам ва нахоҳам рафт, зеро ба ин бовар надорам. Ғайр аз ин, маблағи зиёдатӣ надорам, ки сарфи илму ҷоду кунам, он пуле, ки ба фолбин медиҳам, барои худ сарф мекунам.

Пӯшида нест, ки сароянда шудану вориди саҳнаи тоҷик гаштан бе сарпараст хеле душвор аст ва вақте шикоят аз нокомӣ мекунам ва мегӯям, ки шароит даст намедиҳад, ки ақаллан як албоми нав барорам, баъзеҳо мегӯянд, ки «даводав кун, дар замони имрӯза бе даводав намешавад». Аз шунидани ин гапҳо ҳайрон мешавам ва дар ҷавоб:

«Кӯшиш карда истодаам, аммо бе сарпараст намешавад, маблағ лозим» мегӯям, вале чун шарҳ медиҳанд, маънои «даводав» тамоман дигар аст. Ҳатто буданд ҳолатҳое, ки маро якчанд нафар сарзаниш карда, гуфтанд, ки: «Ту саҳна баромадию тез машҳур шуда, мухлисони бешумори худро пайдо намудӣ, боз чашмат накунанд» рафта аз муллое ақаллан тумори чашм гирам, вале Худованд аст нигаҳбони мо ва танҳо Ӯ метавонад моро ҳимоя созад на касу чизи дигар!

Шабнами Тоҷиддин:

— Лаънат ба ҳамон ҳофизае, ки чунин шикоят кардааст, мурданаш беҳтар аст, боз шарм надошта, дарди дил кардааст? Ҳайф! Обрӯ, кору вазифа ва барору комёбиро Худованд ба инсон медиҳад, на фолбину ҷодугарон, бинобар ин, мо рӯи кор ҳастем ё не, ин ҳамаро бояд аз қисматамон бубинему шукргузорӣ кунем назди парвардигор. Оне, ки ба ҷодугар бовар дорад, оне, ки ҷоду мекунад нафареро ва оне, ки барои пеш рафтани корҳояш ба корҳои ғайр даст мезанад, баръакс, корҳояш бад мешаванду хуб не. Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки аз Худованд барору кушиш талаб намуд, на аз фолбину ҷодугарон.

Файзигул Юсуфӣ:

— Ман ба ин чизҳо бовар надорам ва гуфта метавонам, ки дурӯғ аст, ҳамааш. Ҳеҷ гоҳ фолбин наметавонад ояндаи моро пешгӯӣ кунад, инро танҳо Худованд медонад. Агар онҳо ин қадар зӯр бошанд, сатҳи зиндагии худашонро хуб мекунанд. Инсони боақл назди чунин нафарон намеравад ва бовар намекунад.

АЗ ИДОРА: Хонандагони азиз! Ин буд андешаи чанд нафар бонувони ҳунар, шумо чӣ назар доред? Фикру андешаи худро нависед.

Мунисаи Сафаралӣ, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. Саъдуллои Камол:

    салом ба хамма 1ум бояд одами акли солим доштаги набояд ба фолбину чодугар бовар кунад 2юм ба чавоби ин хунармандон ман бовар надорам чун ки касе гунохашро ба гардан намегирад ва дигар инки албата ояндаи моро факат Аллох таъоло мидонад лекин ин хонумхои бисёр хам Худошинос аслаш дуруггуянд чун ки мегуян ки мо мусулмон лекин чигуна сару либоси бехаёги дар бар доранд магар мусулмон хамин гуна либос мепушад дигар ин ки аксарияти хофизахои мо раксахои туйгаранд аз ракс фойда намонд худро ба хофизаги заданд ракоса шудан пас аз инхо тамоми корро интизор шудан мумкин аст ман бо бовари комил гуфта метавонам ки аксарияти хаминхо аз паси чодугархо медаванд ва шояд бо онхо дигар корхо хам кунанд

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!