ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БЛУТУЗИ ФАРЗОНА ҲУЯЙ Ё АЗ ШАБНАМ? Ё БЕМАЪНИТАРИН СУРУДИ СОЛ

Farzona & Shabnam

Farzona & Shabnam

Фарзонаи Хуршед, ин ному насаб ду соли ахир пурсару садотарин ному насабе буд, ки қариб ҳар ҳафта матбуоти давриро зеб медод. Зиндонӣ гаштани Фарзонаи ҷавону хушхон қалби мухлисонашро хун карду онҳо то метавонистанд рӯҳан ин оилаи ситоравӣ, модараш ҳунарманди машҳури тоҷик Сурайё Қосимова ва апааш яке аз симоҳои маъруфу машҳури шоу-бизнеси тоҷик Шабнами Сурайёро дастгирӣ мекарданд.

Ман низ қатори дигарон таманнои озодии Фарзонаро доштаму дар дил қонунгузоронро мазаммат мекардам, ки ҷавонию истеъдоди ин бонуи ҳунарро ба назар нагирифта, ӯро чун булбул банди қафас намуданд, ҳарчанд, ки назди қонун шоҳу гадо баробар аст. Муждаи озодии Фарзона барои ман бисёр хурсандибахш буд, мухлисон низ аз якдигар бо хушнудӣ шодиёна мегирифтанд, ки ҳунарманди писандидаашон аз зиндон раҳо гаштааст. Мардум аз Фарзона умедҳои зиёде дошт ва сурудҳои бомаъниро интизор буд, аммо афсӯс…

Аввалин коре, ки Фарзона баъди маҳбас ба анҷом расонд, нимурён сабт намудани суруди «Кушо дарҳои баста»-аш буд, ки аз назари аксари мухлисон хеле номуваффақ анҷом ёфт. Бовар кунед, ин матни саропо ғалату хандаоварро суруд номидан гуноҳ аст:

Эй бро-бро, бишунав маро,

Бикушо ҷонам, дари бастаро,

Эй бро- бро, ба паси хона,

Эй бро-бро, пеши Фарзона,

Ҳоли дил бигӯ, ки чӣ меша?

Туку-тук мезана ҳамеша,

Бикунӣ мардонагӣ пеша,

Аҷоиб меша, меша, меша…

Ин калимаҳои подарҳаво ва мантиқан аз ҳам чандин фарсанг дурро Фарзона мехонад ва бо ӯ Шабнам ҳамовоз мегардад. Ҳарчанд ман оҳангшинос нестам, аммо оҳанги якмарому беавҷу дилбазани суруд низ фикр мекунам, моли хоҳарони ҳунарманд аст, зеро беистеъдодтарин оҳангсоз ҳам чунин оҳанг намеофарад. Аз ҳама бадтараш он аст, ки ин суруд дар Амрико дар назди ҳамзабонони мо суруда шуд.

Аслан ба консертҳои ситораҳои форсизабон ягон амрикоӣ намеояд ва мухлисони Шабнаму Фарзона барин ситораҳо, эрониёну афғонҳо ва яҳудиёни тоҷикзабоне мебошанд, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, вале ба ҳар ҳол… Саттор, Гугуш, Муин, Лайло, Андӣ ва дигар ситораҳои олами ҳунар, ки ҳамзабони моянду бо амри тақдир дар Амрико зиндагӣ мекунанд, ширинии забон ва фасоҳати онро гум накардаанд, матнҳои сурудҳои эшон низ саропо мағзу маъниянд ва аз ташбеҳоту санъати суханварӣ саршоранд, чунки онҳо чун Фарзона матни хароби бофтаи хешро суруд гуфта, ба мухлисон пешкаш намекунанд.

Ситораҳои дар боло зикр ёфтаи форсизабон ашъори классикони адабиёти форсу тоҷик ва нобиғаҳоеро чун Нодирпуру Симин, Сиёвуши Касроӣ , Ахавони Солис ва Фуруғи Фаррухзод мехонанд. Мухлисонро таҳқир кардан (ин назари шахсии ман аст, зеро матни харобу бевазну қофия ва бемаънию дағалро ба мухлисон пешкаш намудан, таҳқир аст!!!) кори ситорачаҳои камфурӯғу беҳунар ва танбали шоу-бизнеси тоҷик мебошад, аммо аз Фарзонаю Шабнам, ки яке аз чеҳраҳои маъруфи олами ҳунар ба шумор мераванд, инро нигарон набудам.

Ҳарчанд аксари форсизабонони бурунмарзӣ он қадар ба «ситораҳо»-и мо таваҷҷӯҳ надоранд, аммо ман аз яҳудиёне шарм медорам, ки дар рушду нумӯи ҳунари тоҷик хизматҳои шоиста кардаанд. Онҳо бо умед ба консерти ҳамватанони худ меоянду дар бораи ким-кадом «блутуз»-и ҳуй суруд шунида, харобу масхара шудани забони тоҷикиро дида, чӣ мегуфта бошанд?

Бигазум лабота ба дандон,

Бизанум бӯсара ба чандон,

Ман аз он лабонаки хандон,

Ту биёй пешам, пешам, пешам…

Эй бисорӣ, гунаҳгорӣ,

Чӣ асроре, дар дил дорӣ?

Эй бро- бро, ба паси хона,

Эй бро-бро, пеши Фарзона,

Паси дарвозат, ки нишастам,

Дар талаби дидани ту ҳастам,

Қулфи дари хоната шикастам,

Даракут ҳуяй, ҳуяй, ҳуяй…

Телефон мунтазири зангат,

Ташнаи ҳарфои қашангат,

Бифирист, акси дили тангат,

Блутуз ҳуяй, ҳуяй, ҳуяй…

Лабонак ва бисорӣ барин вожаҳо умуман дар луғати забони тоҷикӣ вуҷуд надоранд, Фарзона-хонум! Аммо блутуз ( шакли дурусташ блайтоз) номи як сохтори телефони ҳамроҳ аст, ки агар он фаъол бошад, аксу суруду дигар маводро ҳар нафар метавонад ба шумо фиристад. Блутуз ҳуяй-ҳуяй-ҳуяй- гуфтани Фарзонаро фаҳмидам, аммо бовар кунед, онро бо оҳанги қабеҳ кор фармудани наврасакон ғашамро меорад. Боре ҳамсояамон писараки шашсолаашро ҷанг мекард, чун аз ӯ сабаби сарзанишашро пурсидам, бо ғазаб ҷавоб дод, ки ин аҳмақ тарафи духтараки ҳамсоя гуфтааст, ки дар блутузи ҳуйи очат….

Ростӣ, аввал нафаҳмидам, вале модари хашмгирифта суруди Фарзонаро ёдовар шуда, ҳақорати «эҷод» намудаи писарашро ба он марбут донист. Акнун тасаввур кунед, ки кӯдаки шашсола аз ин суруд чӣ маънӣ бардоштааст? Фарзона мефаҳмида бошад, ки суруди бемаънию берабт ва хароб хондани ҳунарманд новобаста аз мавқеи доштааш дар олами шоу-бизнес хиёнат аст ба забони миллаташ?! Ин аз бесаводӣ, бемаърифатӣ ва бефарҳангии хонандааш хабар медиҳад.

Боз ҳангоми хондани суруд ва нолишҳои ҷонхароши ҳофизаҳо, як овози хунук «опа,крамерская театра» гуфта, онро бемаънитар мегардонад. Баъд аз чандин бор такрор ба такрор шунидани ин суруди комилан бемаънию хароб аз дилам гузарондам, ки агар дар нашрияе озмуни «Суруди бемаънитарини сол»-ро эълон медоштанд, Фарзона соҳиби шоҳҷоиза мегашт.

Шабнаму Фарзона аввалин қадамҳои худро ба саҳна аз сурудҳои халқии тоҷикӣ гузоштанд ва хеле хуб мешуд, агар ба он бармегаштанд. Бигузор Фарзона аз модараш ибрат гирад, тасаввур мекунам, ки суруди «Сари роҳи калон мондам гиристам»-и хонум Сурайё, агар аз забони Фарзона садо медод…

Чаро духтарони ин ахтари ҳунар, ки аз мактаби ҳунарии устоде чун Одинаи Ҳошим гузаштааст, сабку услуби аҷдодии худро аз ёд бурда, ба ким кадом ғарбие беҳунарона тақлид мекунанд? Онҳо бояд шогирдони мактаби эҷодии модари ҳунарманди хеш бошанд. Чуноне, ки аз сурудаҳои Раҳматулло Ҳошимов мо ширинии лаҳни падари бузургашро мечашему аз замзамаҳои Ҷовидон Нозимов Зафар Нозими ширинсадо меҳмони хонаи дили мо мегардад, бояд сурудҳои Фарзонаю Шабнам бӯйи накҳати эҷоди Сурайё дошта бошанд. Ту чӣ мегӯйӣ хонандаи азиз?

Ҳилолаи Баҳриддин, «Зан ва мард»

Filed under: Номаҳои хонандагон,

12 комментариев

  1. зули:

    Maн яке аз донишчуе будам ки дар толори Шабнаму Фарзона суруд хонда дар Амрико ки дар шахрчаи Бруклин барпо шуда буд иштирок доштам. Шабнам се суруд ва фарзона хам ду суруд хонданд. Дар хакикат матни суруди буро буро ягон маъниву мантик надошт аммо бо он ки фарзонабону либосхои мисли шапарак пушида буд диккати одамонро чалб карда буд. бояд хофизон пеш аз он ки ягон сурудро мехонанд ба матни он хуб сарфахм раванд зеро вакте дар дигар давлат суруд мехонанд ин маънои онро дорад ки Точикистонро муаррифи мекунанд. Дар он консерт Анди шахзода Чонибек ва чандин дигар хофизон иштирок доштанд

  2. Habib:

    вакте, ки ман дар хиндустон будам аз хиндухо оиди маънои сурудхои болливуд пурсидам. вакте бар ман тарчума намуданд онхо як маънои ночизе доштанд аммо сурудхои онхо дар дилу дидаи кариб тамоми Осиё чой гирифтаанд. барои хамин Хилола бо ин маколаи ту хама рози шуда наметавонад. сурудхои андиву дигар эронихохо бисёрашон маъное надоранд. баъдан вай блайтоз нест Bluetooth аст блутус- дословно дандони кабуд тарчума мешавад

  3. Sadr:

    фикрхои хуб, аммо асли «булутуз» «блайтоз» нест. Он калимаи англиси «Bluetooth» буда, маънояш «дандони кабуд» аст.

    • Шахриёр:

      Охи акачон Шабнам Фарзона далбаёбан барои хаму и шерора мехонанд,Сухани шумо хаккай ростай. Ма я хохиш дорм хами Шабнам ва Фарзонара дигар дар сахнаи точик рох надиханд.

  4. Ravshanfikr:

    Рости гап чунин маколаи беандешаи журналисти забондон ва камсаводе, ки шуурнокиаш хануз дар даврахои асри сангину феодалии Форснажот рус мондааст, хонда хело хандидам… Марги одаме, ки аз мусики ва жанри эстради огох набошаду забон дароз карда сухан гуяд, Ин журналист ба мисли хамон муаллимони давраи шуравй, ки холо ба нафака баромадаанд фикр меандешад, ва хис намекунад, ки чомеаъ ба пеш меравад, ва кадамро ба замона дида дуруст рост мондан даркор. «Блу туз» мухтарам журналисти дехотй калимаи англисист ва шумо иштибохона маънидод кардаед, асоси калима чунин навишта мешавад Bluetooth — яъне ба забони техники Блутуз хонда мешавад, шояд дар кишлоке, ки ин журналист мезистад номашро «БлайТОЗ» меноман, рости гап якумбор чунин калимаро шунидам аз дахони чунин журналисти «бсавод» ва «эстрадашинос»…

  5. Карим:

    Журналисти «доно» агаг ин кадар бо савод мешуд, шояд аз муалифи ин матн савол мекард, ки матни суруд чи гуна аст? Вале мутаасифона ин бесаводи мардум аз пеши худ матнро чунин ба чоп додааст:

    Эй бисорӣ, гунаҳгорӣ,

    Чӣ асроре, дар дил дорӣ?

    — Инак, ин журналисти бесавод боз хатогии сахт кардааст ва матнро аз гуши маризфахми худ шунида чоп кардааст, асоси матн чунин аст дустон:

    «Baby Sorry!», гунаҳгорӣ,

    Чӣ асроре, дар дил дорӣ?

    Наход пеш аз макола навистан ту бесавод бо асли матну сухан шинос нашави?

  6. Хочи:

    Журналистикаи муосири асри 21 такозои онро дорад:
    1. Фикру андешаи шахсии журналист ба хеч кас даркор нест.
    2. Журналист хак надорад, ки фикри шахсии худро ба одамон бор кунад.
    3. Журналисти асри 21 бояд маънои Блутус-ро донад.
    Хамин таъкидхоро ба назар гири, шояд камтаракак журналист шави.

  7. Muhlisi ashadi:

    Хай дигар чи хели суруд хонанд хамаи сурудхоро хондан, ай олучаю зардолу, блутузу ик порт гузаранд.

  8. Чм:

    Бародаро одам дар зиндаги бехато намешава,лекин фарзонаю шабнам ба чои ном бардории миллат обу руи точикро (,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,)

  9. Шахриёр:

    Дар Точикистон 2 хунарманди боистеъдод аст якеашо Хонуми зебо Нозияхон дигаре Нигорахон мебошад тамом аз мардхо бошад Устод Мухаммадрофеи К Валичон А Остон А Суруш Х тамом вассалом.

  10. Хой мардуми шарифи Точикистон ба худ оед…аз он.ки шиштам айби якдигара чуён мешавед фоидае нест……мухтарам ЖУРНАЛИСТ хеле худро бамаъне нишон дода суханхои пуче задааст…дар ин чо маколаеро навиштааст фикру акидаашро гуё баен кардааст.лекин аз шом то сахар шишта камаш як 15 маротиба анахами суруди бемаънера гуш мекунад..ой мардуми кунков пеш ай оне ки куни яккаса мековен хдтонда назар кунен…..

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!