ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

АНИСАИ АЗИЗ: “МАН ЗАНЕ БУДАМ БА ДАСТИ МАРДЕ”

Анисаи Азиз 2012

Анисаи Азиз 2012

Анисаи Азиз хеле зуд дар дили мухлисону ҳаводорони хеш ҷой гирифта, анису маҳбуби дилҳои мардуми санъатдӯст гардид. Қалби ӯро офтоби меҳру муҳаббат, шӯру шарари ҷавонӣ фаро гирифтаву ба тамоми бурду бохти умр бо нигоҳи шукрона менигарад.

Шукри падару модари меҳрубон ва гулписарони нозанин, инчунин пайвандони ба ҷону дил баробарашро мекунад ҳамеша. Инак, моро чанд рӯз пеш аз консерти якҷояаш бо ҳунармандони дигар дар рӯзи 14 феврал бо ин бонуи хушхиром ва соҳиби овози дилпазир имкони сӯҳбате даст доду онро бо ихлосу меҳрубонӣ пешкаши шумо – хонандагони азизу гиромӣ мегардонем.

-Имрӯзҳо шумо чӣ гуна рӯҳия доред ва чӣ эҳсосе шуморо фарогир аст?

-Албатта, пеш аз консерт ташвишҳо зиёданд ва лаҳзае оромӣ надорам. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин фикр мекунам, соли 2012 аз оғоз бароям соли бобарор аст ва пешравиҳо думболагирам ҳастанд.

-Дар Рӯзи ошиқон нияти пешкаши консертро намуда ва ба нафаре рози дили ошиқи худро гуфтанӣ будед?

-Бале, ман рози дили хешро ба кулли ошиқони ҳунарам гуфтанӣ ҳастам. Агар дар ин рӯз, яъне 14 феврал, ба Кохи Ҷомӣ биёянд, аз асрори дили ман огоҳ хоҳанд шуд.

-Худатон низ албатта тӯҳфаи арзандаеро интизоред?

-Бароям дастагули садбарги сурхе бо ҳарфи самимӣ беҳтарин ва арзандатарин тӯҳфа аст

-Марди идеалии шумо кист?

-Бигзор ин махфӣ бошад.

-Шумо инсони озодед?

-Бале, озодам.

-Алами аз кӯча бардоштаатонро ба сари хонадон мерезед?

-Ҳаргиз чунин рафторро нисбат ба азизонам раво намебинам. Охир ман духтари номеҳрубон нестам. Бигзор дарду аламҳои кӯча дар паси дар бимонанд.

-Кадом чизро дар худ қадр мекунед?

-Кушодадилию меҳрубониро.

-Шуморо мефаҳманд?

-Албатта маро мефаҳманд. Гуфтам-ку дилкушод ҳастам, ҳар он чизе, ки дар дил дорам, дар чеҳраам ҳувайдост.

-Беҳтарин коре, ки анҷом додаед?

-Ман чунин ақида дорам, ки ҳар он кори неке, ки нисбати ягон шахси ниёзманд кардӣ, набояд аз он ҳарф занӣ. Ман ҳам мувофиқи имконият аз корҳои хайри кардаам ҳарфе гуфтанӣ нестам. Ҳар кори неке кардаам аз барои Худо кардаам, на аз баҳри худнамоӣ. Ҳоло ман ҷавонам ва корҳои неку беҳтарин албатта дар пешанд.

-Ягон рафторро аз фарзандонатон омӯхтаед?

-Ду писари нозанинам – Анасҷони ҳафтсола ва Ёсирҷони хурдакак ҳоло нав ба омӯзиш оғоз кардаанд. Аз рӯи рафторҳояшон ҳис мекунам, ки ба техника рағбати беандоза доранд ва шавқи омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар онҳо хеле зиёд аст. Шояд дар оянда аз онҳо забон меомӯзам.

-Беҳтарин маслиҳате, ки дар бобати оиладорӣ бароятон додаанд?

-Вақте маро ба хонаи шавҳар гусел мекарданд, гуфтанд, ки ҳурмати волидони шавҳаратро ба дараҷаи даркорӣ ба ҷо биёвар ва онҳоро мисли падару модари худ дӯст дор. Албатта онҳо низ бо умед фарзанд калон карда арӯсро ба хона меоранд ва сазовори эҳтирому дӯстдорӣ ҳастанд.

-Бароятон комплимент бисёр мегӯянд? Гуворо аст ё ногувор?

-Албатта, комплимент мегӯянд. шунидани ҳарфи хуш ба кӣ гуворо нест?

-Суруде, ки зиндагиатонро ифода намояд, кадом аст?

-Ин суруд ба мухлисони азизам дар албоми нави ман, ки дар рӯзҳои наздик ба дасти онҳо мерасад, пешкаш хоҳад шуд, ки “Ман зане будам ба дасти марде” ном дорад ва дар он ихлосмандони азизам метавонанд ҳамаи асрори зиндагии маро бишнаванд. Ин суруд, ки ифодагари зиндагии ман аст, ба қалами Орзу Исоев тааллуқ дошта, ба он акаи Даврон оҳанг бастааст.

-Хушбахтии комили як бонуи ҳунармандро дар чӣ мебинед?

-Медонед, ман хушбахтии хешро дар он мебинам, ки падару модари анису меҳрубону ғамхор дорам. Инчунин ду писарам, хоҳари калониам Шаҳодатбону, ки ҳоло маскуни Русия ҳастанд, додарчаи ширинам Субҳонҷон давлату дунёи ман ва боиси хушбахтиам ҳастанд. Аз Худованди бузург барои атои ҳунар ва дар чунин оила ба дунё омаданам садҳо бор шукргузорам.

Соле, ки сипарӣ шуд, бароятон бобарор буд?

-Агар нобарор буд гӯям, шояд ношукрӣ шавад. Аммо фикр мекунам, соли 2012 аз оғози худ бароям барору комёбиҳоро арзонӣ дошта истодааст.

-Аз фардо чӣ мехоҳед?

-Чӣ тавре ки дар мусоҳибаҳои пешинаам гуфта будам, ман муддате бо оилаи худ дар давлати Арабистони Саудӣ зиндагӣ доштам. Он ҷо ҳар гоҳе дилам барои модари азизам гум занад, чанд нафар бонувони меҳрубонро модарвор дӯст доштаву барояшон мисли фарзанд азиз гашта будам.

Ният дорам, ки боз ба он ҷо сафар намуда аз дидори мубораки онҳо шарафёб гардам ва як-ду клипи арабӣ таҳия созам. Ман итминон бар он дорам, ки Худоҷон ба волидони меҳрубонам саломатиро диҳад, маро ба чунин муроди дилам хоҳанд расонд.

-Саломату пирӯз бошед.

-Ба кулли мардуми азизи Тоҷикистон, аз ҷумла мухлисони қадрдонам таманно дорам, ки ҳамеша ободу сиҳатманд ва беташвишу осудаҳол бошед. Дар рӯзгоратон файзу баракат арзонӣ бошад ҳамеша.

«Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!