ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БОҒИГУЛ САИДОВА: “ФАРЗАНДОНАМ БОИСИ ИФТИХОРИ МАНАНД”

Богигул Саидова

Богигул Саидова

Боғигул Саидова ҳанӯз аз хурдӣ, аз айёми мактабхонӣ дар ҳамаи маҳфилҳо суруд мехонд  ва дар олимпиадаҳои фаннии  мактаби рақами 10-и пойтахт фаъолона ширкат меварзид. Дертар дар  ансамбли тарона ва рақси “Машъал”-и назди  Хонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе шомил гардид.

Садои гӯшнавозу дилнишин дорад ӯ ва сабки ба худ хосаш мардумро зиёдтар ба сӯйи худ мехонад. Ӯ ҳамонест, ки бо таронаи “Зиндагӣ”-и худ, ки бо сарояндаи равшанзамир Матлюба Раҳимова сароидааст, байни ҳаводоронаш бештар маҳбубият пайдо кардааст.

Зеро ин суруд ифодагари дарди дили ду бонуи ҳунар буда, мардуми ҳунардӯстро мафтуни худ гардонидааст. Ин бонуи нозанин бо сабку услуби ба худаш зебанда ва нотакрор  ба саҳнаи ҳунар ворид гардида, бо тозабаёнии худ азизи дили ихлосмандони  ҳунараш гардидааст.

-Зиндагӣ чист аз нигоҳи шумо?

-Зиндагӣ маҷмӯаи талошҳову кӯшишҳост ва он ба инсон як навбат эҳдо мешавад. Ва кӯшиш бояд кард, ки  шоиста зист. Қуръон низ талқин менамояд, ки инсон мебояд аз ҳама зиштиҳои зиндагӣ озоду покиза бошад.

-Кадом чиз инсонро ба зиндагӣ дилгарм месозад?

-Эътиқод ба зиндагӣ, ба зинда будан, ба Худованди бузург ва худ, тавлиди фарзандон ва чандин ҳодисаҳои гуворои зиндагӣ касро дилгарм месозанд.

-Дар ҳолати озурдагиҳо рӯй ба чӣ меоред?

-Бештар суруд замзама мекунам. Ҳамин суруд маро аз хастагиҳо, дилмондагиҳо ва озурдагиҳо дур месозад. Агар кас иродаи матин дошта бошад, душвориҳо худ аз худ ӯро тарк мегӯянд.

-Модари сахтгиред?

-Модари се писари нозанин ҳастам.   Ифтихор аз он дорам, ки Худованд ба ҳар сеи онҳо меҳри донишомӯзиро ба фаровонӣ додааст. Нахустфарзандам Наимҷон мутахассиси соҳаи компютер шуданӣ асту Сиёвуш табиб ва Шаҳзод орзуи актёр шуданро дар дил мепарварад. Фикр мекунам, вақте фарзандон касро мефаҳманд ҳоҷат ба сахтгирӣ намемонад.

-Муҳити оила метавонад ба рӯҳияи фарзанд таъсири манфӣ ё мусбат расонад?

-Албатта метавонад. Зеро фарзанд пайванди мост. Муҳити берун низ метавонад ба камолоти фарзандон таъсири бад расонад. Аммо ин таъсири муваққатист ва фарзанди инсони нек албатта ба асли худ бармегардад ба ақидаи ман.

-Ба андешаи шумо ишқи ҳақиқӣ вуҷуд дорад?

— Аввалҳо боварӣ надоштам, ҳоло бошад боварам ҳаст, ки ишқи ҳақиқӣ мавҷуд асту қалби ошиқони асилро таскин медиҳад ва ба дардҳояшон даво аст. Будани ишқ зиндагиро рангину гуворо  мегардонад ва дар дили кас нури умеду садоқатро бедор месозад. Умуман, медонӣ, ки касе ҳаст, туро дӯст медораду дар ҳама ҳолат мунтазират ҳаст. Бо боварии қатъӣ гуфта метавонам, ки ишқу муҳаббат воситаи пешрафти зиндагист.

-Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки барои шахси ҳунарманд ҳатман нозбардоре лозим аст?

-Нозбардори ҳамаи  инсон баъди модар Худованд аст.

-Агар айёми тифлиро пеши назар оред, бештар кадом лаҳзаҳо пеши назаратон ҷилвагар мешаванд?

— Хотироти ғамгине дорам аз он айём. Ҳанӯз дар айёми тифлиам, падари меҳрубонам олами ҳастиро падруд гуфта, моро аз навозиши дастонашон маҳрум сохтанд. Шумо тасаввур карда наметавонед чӣ қадар душвор аст бе падар будан. Ва ман ҳанӯз дар сесолагӣ ин дардро дар қалби кӯчакам эҳсос намуда будам.

Фикр мекунам, он ғаму андӯҳе, ки  мо фарзандони падар он замон доштем, агар ба кӯҳ андозӣ, кӯҳи бузург тиккаву пора мегашт. Азобҳои модарро дида, дили ман ҳам фиғон мекашид. Аз дасти тифл чӣ коре ҳам меояд ба ҷуз оҳу афсӯс. Ҳамаи он дарду озорҳо маро ба олами ҳунар овард ва онро тавонистам бо оҳанг тараннум созам. Имрӯзҳо шукрона дорам, ки ҳамааш паси сар гашта модарҷони азизам дуогӯи мананд.

-Модар дар зиндагии шумо чӣ нақше доранд?

-Модар дар зиндагии ҳар як фарзанд нақши муҳиме дорад ва муқаддасу беназир аст. Агар ҳар қадар барояш хизматгузорӣ намоем, боз ҳам кам аст ва ҳама ранҷу азобҳое, ки барои бузург кардани мо мекашад, ба сад ҷаҳон баробар аст ва фикр мекунам ҳеҷ фарзанде наметавонад онро ба модар баргардонад.

-Пухтани кадом ғизо хеле хуб аз дастатон меояд?

— Албатта, ҳар як бону новобаста аз касбу кораш бояд кадбонуи хуб бошад. Пухтани  ҳама гуна ғизо аз дастам меояд, аммо мантуро дар хонадони мо дӯст медоранду бо завқи махсус онро омода месозам.

— Сипосгузорам аз лутфи шумо ва хоҳони амалӣ гардидани орзуҳои некатон ҳастам.

-Саломат бошед.

«Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!