ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАБНАМИ ТОҶИДДИН: “МОДАРОН БЕНАЗИРУ МУҚАДДАСАНД”

Шабнами Точиддин 2012

Шабнами Точиддин 2012

Шабнам бо ҳусни ҷаззобаш амсоли гулҳои  пурнакҳати баҳорӣ, бо садои рӯҳбахшаш ба олам сурур мебахшад ва ҳаводорони хешро ҳамеша мафтуни худ сохта метавонад. Зеро мисли падари шодравонаш – ҳунарманди зиндаёд Тоҷиддини Муҳиддин сабку услуби ба худ хос дорад. 

Дар садои форамаш, дар сурудаҳояш, ки баъзан ниҳоят хазин аст, шиква аз дарду ҷудоиҳо аст  ва гоҳи дигар оҳанги шӯху беқарор  дорад,  ихлосмандон  оҳанги ба дил наздику ошноро пайдо мекунанд. Сурудаш ифодагари дарди дили садҳо нафар ошиқони чашминтизор, маҳбубаҳои заҳри бевафоиро чашида ва ҷавонҳои ошиқи ишқашон беҷавобмонда аст.

Шабнам ҳамеша дарди дили мардумро месарояд, аз ин хотир  таронаҳояш писанди дили ҳамагон аст. Ӯ овозхони гурӯҳи ҳунарии овозадори “Сипар”- и  Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда таҳти роҳбарии устоди ҳунар  Умар Зиёев ҳунару малакаи хешро сайқал медиҳад.

— Инсонҳои ба дил наздики шумо?

-Барои ҳар як фарзанд пеш аз ҳама наздиктарин инсон модараш аст. Модарон беназиру муқаддасанд. Барои ман ҳам модарам Дилбар Гулова инсони ба дил наздик, муқаддас, азиз ва мӯнису ғамбарор ҳастанд. Инчунин писарам Шаҳромҷон азизи дилам аст.

-Назари шумо ба зиндагӣ?

-Некбинона.

-Ба ишқу муҳаббат?

-Агар он ишқу муҳаббати пок бошад, албатта ба он низ  бо назари нек менигарам. Зеро муҳаббат воситаи пешрафти зиндагист. Ва зиндагии касро рангу ҷилои тоза мебахшад.

— Ба кӣ боварӣ доред?

-Танҳо ба Худованди яккаву ягона бовариву умед дорам.

— Кадом чиз инсонро ба зиндагӣ дилгарм месозад?

— Эътиқод ба Худованди бузург, ба инсонҳо, ба зиндагӣ, ба зинда будан, ба тани сиҳату хотири осуда доштан инсонро ба зиндагӣ дилгарм сохта барои пешравии  кораш мусоидат мекунад.

-Писандидатарин ҳарфе, ки ҳамеша вирди забони шумост?

— Инсон худ офаридаи беҳтарини Худост ва бо ҳама каму камбудиҳояш  комил аст. Ба ин шукргузор мебояд буд. Вирди забони ман ҳамеша ҳарфи “Худоро шукр” аст. Ман барои атои ҳунар ва  ҳамаи додаву надодаҳои Кирдигор шукрона мекунам. Инчунин ба Шаҳромҷон муроҷиат карда  ҳамеша “бачаҷон” мегӯям, ки ин ҳарфи писандидаву ҳамеша вирди забонам аст.

-Кадом вақт эҳсоси навмедӣ шуморо фаро мегирад ва ҷидду ҷаҳди шуморо барбод медиҳад?

-Ноҳақиҳои дар олами ҳунар баамалоянда.

-Чиро дар мардон намеписандед?

-Дурӯягиву худро таъриф карданашонро намеписандам.

— Чиро дар занон меписандед?

-Пурсабру тоқат буданашонро.

-Аз чӣ меҳаросед?

-Аз тӯҳмати ноҳақ.

— Аз ҳама одати бади шумо кадом аст?

-Аз ҳарфи дурӯғи рӯирост зуд асабӣ мешавам ва ба он нафари дурӯғгуфта гуноҳашро ба рӯяш мегӯям, ки инро наздиконам камбудии ман медонанд.Бисёриҳо бо вуҷуди дурӯғро эҳсос карданашон метавонанд хомӯш бошанд. Аммо ман наметавонам.

-Муносибати романтикии шумо?

-Надорам.

-Байни ҳунармандон идеали шумо кист?

-Фарҳоди Дарё ва он ҳунармандони асиле, ки дар филмҳои ҳиндӣ нақшҳои ҷолиб меофаранд.

— Беҳтарин тӯҳфа ва пайғоме, ки ҳамеша мунтазираш ҳастед?

-Рости гап, барои тӯҳфаро мунтазир шудан  шавқ надорам. Аммо вақте модарам  ва додаронам занг зада дар хусуси ба хонаам омаданашон хабар медиҳанд, бароям беҳтарин пайғом аст. Ман пайвандонамро, хоса духтаракони ширини додарамро мисли фарзандам дӯст медорам.

Вақте онҳо меҳмони кошонаам мешаванд, ман аз баҳри кору ҳама ташвишҳои дигарам баромада бо онҳо менишинам ва дилам лабрези фараҳ мегардад.

-Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ консерт додани шумо боиси хушнудии ихлосмандони ҳунаратон аст. Бигӯед, ки дар ин консерт шумо танҳо ҳунарнамоӣ мекунед?

-Эълон гардидани Рӯзи байналмилалии Наврӯз – ин ҷашни суннатиамон ба мо ҳунармандон низ пару бол ва илҳоми тоза бахшид. Дар ин консерт, ки дар бинои «Сирки давлатӣ» баргузор мешавад, ман ҳамроҳи ду нафар ҳунармандони ҷавон ва як бонуи ситораи эстрадаи тоҷик ҳунарнамоӣ хоҳем кард.

-Муаррифӣ намудани номи он бону аз тарафи шумо барои мухлисон боиси фараҳ аст…

-Бигзор ин махфӣ бошад ва мухлисони азизам метавонанд ин бонуи ҳунар ва чандин “сюрприз”- ҳои моро дар рӯзи консерти  21 март  нигарон бошанд.

-Таманниёти шумо ба ихлосмандони ҳунаратон?

-Ба кулли мухлисони азизам ва хоса модари азизам ва модарони  меҳрубон, ки дар пеш идашон аст, мехоҳам, ки ҳамеша бо умеди муждаҳо, бо умеди он бошанд, ки ҳамаи лаҳзаҳои ноҷӯр гузарон аст. Ба  норасоиҳои зиндагӣ камтар аҳамият диҳанд. Бештар меҳрубону тифоқ бошанд. Зеро умри азиз хеле кӯтоҳ аст ва ҳар лаҳзааш ғанимат аст. Ҳамеша тани сиҳат ва  фараҳу шодиҳо насибашон бошаду ниёз ба савту наво дошта бошанд.

Ногуфта намонад, ки барои аҳли қалами ҳафтаномаи шумо ва кулли матбуотчиён ҷашни бузурги дар пеш истодаашонро самимона муборакбод гуфта, барояшон орзу дорам, ки қаламашон бурро, идеяҳояшон тоза бошад ва ҳамеша ҳақиқатро гӯянд. Мехоҳам рӯҳашон чун субҳгоҳи наврӯзӣ поку беолоиш, табъашон чун насими наврӯзӣ хурсандибахш бошад.

-Ташаккури зиёд, мо низ орзуманди онем, ки садои шумо ҳеҷ гоҳ хаста набошад ва қалбатон чун Офтоби оламорои Наврӯзӣ гарму равшан бошад.

«Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!