ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НИГИНА АМОНҚУЛОВА: “ТАМОМИ КОРРО БО ЗАҲМАТИ ХУД АНҶОМ МЕДИҲАМ”

Нигина Амонкулова

Нигина Амонкулова

Яке аз маъруфтарин овозхонҳои насли нави Тоҷикистон Нигина Амонқулова 26 сол дошта зодаи шаҳри Панҷакент аст. Ба саҳнаи касбӣ баъди пирӯзӣ дар озмуни “Андалеб” роҳ ёфт ва бо иҷрои таронаҳои ретро маъруфият ба даст овард.

Солҳои охир ба иҷрои таронаҳои оҳангсозону шоирони шинохтаи имрӯза, аз ҷумла, Тобиш, Аслиддин Низомов, Даврони Раҳматзод, Шоира Раҳимҷонова пардохтааст. Соли ҷорӣ донишгоҳи Ҳунарҳои зебои ба номи Турсунзодаро бо ихтисоси режиссер хатм кард. Соҳиби оила ва як фарзанд аст.

-Як моҳ баъд соли нав фаро мерасад. Шумо шояд аз ҳоло ба таҳияи  оҳангу таронаи наве машғулед?

-Бале, то имрӯз панҷ оҳанги нав омода кардаам ва, фикр мекунам, дутои онро мешавад  дар ҷашни солинавӣ пешниҳод кард. Дигарҳо вориди албоми нави таронаҳоям хоҳанд шуд. Яке аз ин таронаҳо бо оҳанги Даврони Раҳматзод ва шеъри Орзу Исоев ва оҳанги дигар — “Алла” аст, ки сохтаи Тобиш аст.

-Фикр мекунед, ин оҳангҳо ҳамчун таронаҳои қаблии шумо маъруф хоҳанд шуд?

-Даврони Раҳматзод як оҳангсози ҷавон аст, ки вақтҳои охир мо бо он кас ва Орзу Исоев ҳамкории зиёд дорем. Ба худам ин оҳангҳо хеле хуш омадаанд ва то ҳол ин тавр шудааст, ки ҳар чизе, ки ба худам хуш омадаанд, аз ҷониби дигарҳо ҳам хуб қабул шудаанд.

-Онҳое, ки эҷодиёти шуморо мушоҳида мекунанд, мегӯянд, ки  шумо имиҷи худро тадриҷан нав мекунед ва аз иҷрои оҳангҳои ретро, ба таронаҳои касбии жанри поп мегузаред. Чаро ин шеваро интихоб кардед? Касе шуморо дар ин ҷода раҳбаладӣ кард?

-Ҳар тағйироте ҳаст, ин тасмими худам, дидгоҳи худам аст. Аз матну оҳанги суруд  сар карда, то сару либоси саҳнавӣ, ороиши мӯй ва ҷавоҳирот – ҳамаи инро ман худам таҳияву интихоб медиҳам. Ва ман фикр мекунам, ки барои ман аз худам беҳтар каси дигаре интихоб карда наметавонад.

-Яъне шумо визажист ё стилист надоред?

-На, надорам. Ҳамаи ороишотро худам мекунам. Пеш аз ба саҳна баромадан ё сабти клипе ҳам худам рангу бор, ороиши мӯй ва таҳияи либосро анҷом медиҳам.

-Шумо аз ҳунармандоне ҳастед, ки дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеа қарор доред ва дар атрофи номи шумо сӯҳбатҳои зиёд ҷараён доранд. Баъзеҳо мегӯянд, ки шумо дар миёни шахсиятҳои бонуфузи ҳукумати Тоҷикистон пуштибони қавӣ доред ва агар ин пуштибонӣ намешуд, шумо ба ин зудӣ наметавонистед маъруфият касб кунед?

-Ин ҳама гапи беҳуда аст. Ман, рости гап, ба он дараҷа пуштибоние, ки мегӯянд, надорам. Тамоми коре, ки мекунам, бо заҳмату меҳнати худам анҷом медиҳад. Ҳар харҷе, ки мекунам, бо меҳнати худ анҷом медиҳам. Ман дар ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радио кор мекунам. Кори мо ин аст, ки дар консертҳои ҳукуматӣ баромад кунем. Ба фикри ман, аз ҳамин сабаб ҳам мардум гапу хабари зиёд мекунанд.

-Даромади шумо аз кадом ҳисоб аст? Аз ҳисоби консертҳои ҳукуматӣ ё тӯю сури мардум?

-Даромади асосии мо аз ҳисоби консертҳои мухталиф дар шаҳру вилоятҳои мухталифи ҷумҳурӣ ва ҳам тӯю маъракаҳо аст.

-Ба шумо чӣ тавр даст медиҳад, ки таронаҳоятонро зуд-зуд дар телевизиони давлатӣ намоиш диҳанд, дар ҳоле, ки овозхонҳои дигар барои пахши таронаи ду ё седақиқаинаи худ чандон мувафақ нестанд.

-Азбаски мо дар ансамбли “Дарё”, яъне ансамбли марбут ба  Кумитаи радиову телевизион ҳастем, таронаҳои моро пахш мекунанд. Ман, рости гап, вақти зиёд надорам, ки телевизион тамошо кунам. Фикр мекунам, ки маро зиёд нишон намедиҳанд.

-Дуруст аст, ки ба шумо як мақомдори тоҷик дар Душанбе хона тақдим кардааст?

-На, ба ман ҳукумати ҷумҳурӣ хонаи хизматӣ додааст, ки каме аз марказ дуртар аст.

-Яъне шумо агар хостед, ки аз Душанбе ба шаҳри дигар кӯч бандед, ин хонаро месупоред?

-Бале. Ин хона аз ҳукумат аст.

-Албатта ҷойи ҳайрат нест, ки дар атрофи исми ҳар овозхони маъруф қиссаву афсонаҳо бофта мешаванд ва росту дурӯғ аз ҳаёти онҳо ҳамеша шавқи ҷомеаро ба миён меорад. Шумо ҳам дар ин замина истисно нестед. Дар яке аз мусоҳибаҳои охир шумо гуфтед,  ки  муҷаррад нестед ва ин овозаҳо ҳақиқат надорад…

-Бале, шукри худо, оилаи хубе дорам. Писарчаам сеюнимсола аст. Аслан вақте гапу овозаи зиёд мешавад, мо ба ин чизҳо аҳамият намедиҳем.

-Шавҳари шумо чӣ кор мекунанд?

-Шавҳарам донишҷӯи донишгоҳи технологии Душанбе аст.

-Пас бори рӯзгор ба дӯши шумост?

-Не, дуруст нест. Ҳар даромаде, ки ба даст меорам, фақат барои худ, яъне барои таҳияи сару либоси саҳнавӣ ва ороишоти худам сарф мекунам. Бори рӯзғор ба дӯши шавҳарам аст.

-Гуфтед, ки шавҳари шумо донишҷӯ ҳаст?

-Он кас дар баробари таҳсил кор ҳам мекунанд.

-Ихтисоси аввали шумо ҳамшираи шафқат аст. Чаро шумо ин касбро идома надодед?

-Ростӣ, ман барои таҳсил ба коллеҷи тиббии Панҷакент бо машварати падарам рафтам, аммо худам ҳамеша аз хуну ҷарроҳиву ин чизҳо метарсидам. Ҳоло агар зарур шуд, дар доираи оилаи худамон донишҳои тиббии худро татбиқ мекунаму халос. Агар даркор шуд, сӯзандору карда метавонам.

-Шумо дар яке аз мусоҳибаҳоятон гуфтед, ки нисфи ҷаҳонро дидед. Ин сафарҳои хусусӣ буд ё  хизматӣ?

-На, ин ҳама сафарҳои хизматӣ буд. Масалан, дар кишваре рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро ташкил мекунанд, ва мо, чун овозхонҳои гурӯҳи “Дарё” сафар мекунем.

-Вақте шумо ба хориҷа меравед, зиндагии дигаргунаро мебинед, дар зеҳни шумо чунин андешае пайдо мешавад, ки мехоҳед чизе дар кишвари шумо ҳам дигар шавад?

-Бале, вақте ба бисёр давлатҳои дигар меравем, мебинем, ки  зиндагии онҳо, сатҳи зиндагиашон дигар аст, аммо мо  набояд ҳукумат ё каси дигарро гунаҳгор кунем, чунки пешравӣ аз худи одамон, аз оила вобаста аст. Агар мо хоҳем, ки зиндагиро дигар кунем, ин аз худи мо вобаста аст. Тавре мегӯянд, “агар тозагӣ хоҳӣ, аз даруни хона сар кун”.

«Озодӣ»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон

2 комментария

  1. OSAF:

    Чи овозахое, ки мардум дар хакки НИГИНА АМОНКУЛОВА мекунанд, ин хама як сафсатахои холи асту бас. Ба Апаи НИГИНА гуфтаниам, ки сахнаи Точикро бе Шумо тасаввур кардан наметавонам, чунки садои Шумо садое мебошад, ки аз он як лахза дур рафтан наметавонам. Умуман Шумо ба фикри банда НОБИГА хастед. Инчунин таманно дорам, ки хамеша солиму бардам бимонед ва зуд-зуд охангхои худро пешкаши мо мухлисони ашадии худ гардонед.
    Бо эхтироми хос Латифов Осаф аз дехаи Маргедари Боло (ГАЗЗА)-и нохияи Панчакент.

  2. shuhrat:

    нигиная ижодашба омад.ман аз бухоройи шариф мешавам Нигина хурмат мекунам туя туба гап нест.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!