ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НАИМҶОНИ САЙДАЛӢ: «БЕ РАНҶ ГАНҶ БА ДАСТ НАХОҲАД ОМАД!

Наимчони Сайдали

TajMusic
Наимчони Сайдали

Вақтҳои охир вирди номи сарояндаи хушсадо, оне, ки бо як тарона – «Ғарибӣ» миёни мардум маҳбубияти хоса пайдо намуд, овозаҳои зиёде паҳн гашта, то кадом андоза ҳақиқат доштанашонро ҳеҷ кас намедонад.

Яке мегӯяд, ки Наимҷон «наркобизнес» асту дигарӣ аз зиндонӣ шуданаш ҳарф мезанад. Ба идораи нашрияи мо низ чандин нафар аз ҳаводорони ин ҳунарманд занг зада, то кадом андоза ҳақиқат доштани ҳангомаҳоро аз мо пурсон шуданд, вале, чун мо низ ҳақиқат доштан ё надоштани гапу калочаро намедонистем, посухе гардонида натавониста, дар ҷустуҷӯи Наимҷони Сайдалӣ шудем ва ӯро пайдо намуда, телефонӣ сӯҳбате оростем, ки дар зер фишурдаи онро хоҳед хонд.

— Наимҷон, салом!

— Салом апаҷон.

— Сиҳату саломат ҳастед? Имкони гап задан доред охир?

— Ман кай имкони гап задан надоштам, ки чунин мегӯед? Агар хато накунам, ҳар гоҳе, ки занг мезанед, ба саволҳоятон нигоҳ карда ба донишам ҷавоб мегӯям, ё дурӯғ мегӯям, апаҷон?

— Не, дуруст аст, аммо…

— Фаҳмидам шуморо. Маълум, ки шумо ҳам ба овозаҳо дода шуда, бовар кардед.

— Ҳеҷ гоҳ то бо ду чашми сар набинаму бо ду гӯш нашунавам, ба ҳеҷ овозаву ҳангома бовар намекунам, аммо ҳоло каме тарс маро фаро гирифта.

— Чаро?

— Охир, аз рӯи овозаҳо, гӯё шумо бо Баха — 84 бо ҷурми даст доштан ба маводи мухаддир дастгир шудаю пушти панҷараед, аз ин рӯ, каме тарсидам, гуфтам боз зангам мушкилӣ пеш наорад.

— Не, апаҷон. Ҳеҷ гоҳ занги шумо маро мушкилӣ пеш намеорад, ғайр аз ин, ҳама суханоне, ки дар бораи ману Баха шунидед, асоси воқеӣ надоранд. Дар сӯҳбатҳои пештара гуфта будам ва ҳоло такроран ёдрас мешавам, ки то имрӯз ба амале даст назадаам, ки боиси шармандагӣ бошад, Худо аз он рӯз нигаҳ дорад. Ман як ҳунармандам, ки бо пули тӯю маъракаҳо зиндагӣ пеш мебарам.

— Хуб, айни ҳол дар куҷоед?

— Дар студия.

— Банди чӣ кор?

— Албатта, сабти суруд.

— Чӣ гуна суруд ва онро кай ҳаводоронатон метавонанд бишунаванд?

— На танҳо ин таронаро, балки маҷмӯи сурудҳоямро дар наздиктарин фурсат дӯстдорони савту наво метавонанд дастрас карда, бишунаванду аз таронаҳои тозаам ҳаловат бубаранд. Ҳаракат дорам, пеш аз Соли нав фиттаи навбатиамро таҳти унвони «Модар» пешниҳоди азизони дилу дида бигардонам.

— Модар – яъне модари Наимҷони Сайдалӣ ё тамоми модарон? Мақсадам ин ки албоми навбатиро ба модари худатон мебахшед ё тамоми модарон?

— Албатта, пеш аз ҳама ба модари худам, зеро он кас шабҳои дароз бехобӣ кашида, маро ба воя расониданд, худ нахӯрдаю маро хӯронданд, худ нахуфтаю маро хобонданд, худ ранҷ дидаю маро ганҷ доданд, пас месазад, ки баҳраш садҳо суруд бахшид. Дар баробари модарҷони азизу ғамгусори худам, албоми навбатиамро ба тамоми модарони меҳрубони тоҷик мебахшам.

— Хеле хуб. Боз дар фаъолияти эҷодиатон чӣ дигаргуниҳо ба назар мерасад?

— Ҳамин аст навигарӣ, тамом.

— Оиладор нашудед ё ҳанӯз ҳам пайдо накардаед азизи дилатонро?

— Рости гап, ҳама дӯстонам зан гирифтаю хонаи обод доранд, танҳо ман мондаам. Аммо барои хонадор шудан шитоб намекунам, «дер ояду шер ояд» гуфтани мардум ҷон дорад. Ҳоло пурра аз паси кори санъатам, мехоҳам ба қуллаҳои баланди мақсуд бирасаму сипас аз қафои оила шавам, зеро оилаю оиладорӣ масъулияти зиёдро тақозо дорад, ки дар ин шабу рӯз шоям ман танавонам аз ӯҳдааш бароям.

— Воқеан чуни наст. Вақте оиладор мешавед, шуморо дар баробари андешаи санъату саҳнаву шеъру тарона, боз фикри зану фарзанд, хонаю дар ва дигару дигар мебояд. Наимҷон, шеъри «Шабзиндадор» -атон хеле хуб баромадаю ҳамагонро писанд аст. Бигӯед, ки он чӣ гуна тавлид ёфт ва барои кӣ шабҳо бехобӣ мекашед?

— Хеле осону оддӣ, агар гӯям, ки дар як лаҳза тавлид шуд, хато нахоҳам кард. Баъзан мешавад, илҳоми эҷодиат дар парвоз шуда, чизе меофарӣ, ки баъдан худат ҳайрон мешавӣ.

Рости гап, намедонам, ки барои омода кардани ҳамин суруд чӣ қадар заҳмат кашидам, аммо он хеле писандам афтода, ки ба худам мухлис гаштаам.

— Аз ҳунару истеъдод ва сурудҳои худ розиед?

— Шукри Худо мекунам, ки бароям чунин истеъдод додаву ба ин васила тавонистам муҳаббати халқи азизамонро ба даст орам, аммо ҳаргиз худро дар саҳна ҳунармарди муваффақ намешуморам, зеро санъат роҳест, ки поён надорад ва барои пурра комёр шудан, солҳои сол заҳмат кашидан мебояд. Ба ҳар ҳол, миннатдорам аз қисмату тақдир ва Парвардигор.

— Ҳолате дар шумо рух диҳад, ки тақозои тарки касбатонро намояд, пас чӣ кор мекунед?

— Худо асло чунин ҳолат рух надиҳад. Боварӣ дорам, ки ба ҳар коре даст занам, муваффақ мегардам, аммо намехоҳам аз коре, ки аз наврасӣ орзуяшро мекардам, равам.

— Дар санъат чӣ душвориҳоро имрӯзҳо эҳсос мекунед?

— Фикр мекунам, ки ҳеҷ кори дунёӣ осон нест ва бе ранҷ ганҷ ба даст нахоҳад омад, барои ба орзуҳои дилат расидан заҳмати шабонарӯзӣ мебояд. Албатта, душвориҳо буданду ҳанӯз ҳам ҳастанд, аммо бо мурури замон ҳама чиз ҷойи худро гирифта, душвориҳо ҳалли худро хоҳанд ёфт.

— Ба ҷуз Шаҳрому Баха, боз бо кадом ҳунармандон робитаи наздик доред?

— Тамоми санъаткоронро эҳтиром мекунаму таронаҳояшонро гӯш менамоям, нисбат ба нафаре аз онҳо ҳисси бадбинию рақобат надорам. Аслан, рашк кардану бахилӣ намудан ё рақобати носолим доштан хуб нест, зеро ҳеҷ кас ҷойи нафари дигарро намегирад, ҳар ҳунарманд сабку услуб ва мухлисони худро дорад.

— Гуфтании дигаре доред?

— Ба шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон, хоса мардуми санъатдӯсти ватанамон хонаи ободу зиндагии осуда ва рӯзгори рангинро аз даргоҳи Худо талабгорам. Бигзор ҳамеша дар фазои хонадонашон суруду мусиқӣ танинандоз бошад, зинда бошед.

— Ташаккур!

Сӯҳбати Мунисаи Сафаралӣ

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!