ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

КАМБУДИҲОИ ҶОИЗАИ БУЗУРГ — «ҶИЛО-2012»

Джило - 2012

Джило — 2012

Ҳанӯз як моҳ қабл дар Тоҷикистони ҷоизаи нав дар бахши мусиқӣ, театр, санъати синамо, телевизион ва радио бо номи «Ҷило-2012» таъсис дода шуд, ки ҳадаф аз ташкил намудани он беҳтару беҳбуд бахшиндан ба соҳаҳои зикргардида мебошад.

Ташкилкунандаи асосии ин ҷоиза Муассисаи давлатии телевизиони Сафина буда, инчунин лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди ҳукумати ҶТ дастгирӣ ёфтааст.

Дар кушодашавӣ ва муаррифии ҷоизаи мазкур, муаллифи лоиҳа Ҳабиба Даминова эълон карда буд, ки соҳибони ҷоиза аз рӯйи 22 бахш дар натиҷаи овоздиҳии бинандагону шунавандаҳо муайян хоҳанд гардид. Ба қавли муассисон, ин ҷоиза аз дигар озмунҳое, ки дар Тоҷикистон доир мегарданд, тамоман фарқ дорад, чунки иштирокдорони онро на ҳайати доварон, балки бевосита худи тамошобинон интихоб ва муайян мекунанд.

То кадом андоза ин суханон асоси воқеӣ доранд, инро вақт муайян мекунад. Баъд аз он ки таблиғи озмун аз тариқи баъзе аз расонаҳои хабарии кишвар шурӯъ шуд, хоҳу нохоҳ таваҷҷӯҳи зиёде ба он ҷалб мешавад. Гарчанде ки ҳоло то супоридани ҷоиза фурсат аст, аммо баҳсҳо дар атрофи камбудиҳо ва нуқсонҳои ҷоизаи «Ҷило-2012» пайдо шудааст ва баъзе ҳатто мегӯянд, ки ин ҷоиза монанд ба масали тоҷикӣ «номаш калону дегаш вайрон» аст.

Шояд бисёриҳо ба ин фикр розӣ шуда наметавонанд, аммо воқеан як чиз боиси нигаронист, ки чаро як ҷоизаро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар фурсати кӯтоҳ эълон мекунанд ва тамоми номзадҳое, ки барои гирифтани ҷоиза муаррифӣ шудаанд, аз шаҳри Душанбе ҳастанд? Барои бисёриҳо муаммост, ки чаро Шабнами Сурайё ё Фарзонаи Хуршед ба ин рӯйхат наафтидаанд, дар ҳоле ки ба қавли ташкилкунандагон, овоздиҳӣ аз ҷониби тамошобинон ва шунавандагон сурат мегирад.

Агар воқеан бозори шоу-бизнеси Тоҷикистонро таҳлил кунем, аз сарояндаҳои зан Шабнами Сурайё пешсаф аст ва ҳамарӯза дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо дар сархати аввал қарор дораду сурудҳояш тариқи радиоҳои хусусӣ пахш мешаванд. Ин шояд гувоҳӣ аз он медиҳад, ки гарчанде расман эълон кардаанд, ки ҷоизасупорӣ тариқи овоздиҳии омма сурат мегирад, вале дар пушти парда нафаре ҳаст, ки нақшаи онро ба қолаб ё ба хости касе тарҳрезӣ мекунад?

Илова бар ин, аз рӯйи одоб нест, ки вақте ташкилот ё муассисае озмун эълон мекунаду боз дар он номзадии кормандон ё барномаашро пешниҳод менамояд. Аммо шумо тасаввур кунед, ки дар бахши беҳтарин барномаи телевизионӣ чӣ тарз барномаи «Лаззат» ба ин ҷоиза роҳ ёфтааст, хандаовар менамояд.

Агар ташкилкунандагони ин озмун чунин меъёрҳоро сарфи назар карда бошанд, пас ҳамон масали тоҷикӣ «аз пода қафо намонем» гуфта, барои  худсафедкунӣ ақаллан барномаи «Сиришт» ё «Рисолаи таърихӣ»-ро пешниҳод мекарданд, ки то андозае аз барномаҳои муваффақи телевизиони Сафина ба шумор мераванд. Ҳамин гуна камбудиҳо дар дигар бахшҳо ҳам хуб эҳсос мешаванд.

Бинобар ин, бо муаллифи барнома Ҳабиба Даминова дар мавриди ҷой доштани чунин камбудиҳо дар ҷоизаи «бузург» бо чанд савол муроҷиат намудем.

«… Ё Вазорати фарҳанг суст кор кардааст, ё…»

Нахсутин саволи мо ин буд, ки номзадҳо чӣ гуна ба ҷоизаи «Ҷилло-2012» роҳ ёфтанд?

Муаллифи лоиҳа Даминова Ҳабиба чунин посух дод: «Чӣ тавре ки аз тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастед, овоздиҳиро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ мондем. Ба тамоми рӯзномаю радио ва сомонаҳои интернетӣ пурсишномаҳо пешниҳод намудем. Барои ҳар як номзад се ҷойи холӣ мондем ва мардум касеро ки лоиқ медонистанд, ҳамонро пешниҳод намуданд.

Ин ҷо ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки номзадҳоро аниқ кунаду пешниҳод намояд. Мо ҳамаи анкетаҳоро ҷамъ кардем ва вақте ки тамоми маълумотҳоро дар компютер ворид намудем, дидем, ки кадоме овозҳои зиёдтар ба даст овардааст, ҳамонҳо пешниҳод шуданд».

Дар мавриди саволи навбатӣ, ки чаро ҷоиза дар сатҳи ҷумҳуриявӣ эълон шуд ва  номзаде аз минтақаҳо дар он роҳ наёфт, ҳамаи номзадҳо аз шаҳри Душанбе ҳастанд, Даминова чунин посух гардонд: «Мо ба Вазорати фарҳанги ҶТ чунин мактуб ирсол кардем, аммо то ҳанӯз ҳам ҷавоб нагирифтаем. Ин корро Вазорати фарҳанг ба ӯҳда гирифта буд ва ваъда дод, ки минтақаҳоро илова мекунем ва мо пурсишномаҳоро пешниҳод кардем, аммо то ҳол ҷавоб нагардондаанд.

Вақте мо ҳамроҳи Вазорати фарҳанг низомномаро тартиб додем, ана ҳамон вақт пурсишномаҳоро пешниҳод карда будем, то вазорат онҳоро ба ноҳияҳо равон кунад ва натиҷаҳоро ба мо пешниҳод намоянд. Аммо онҳо то ҳол чизеро наоварданд ва гуфтанд, ки то ҳол ягон ҷавоб наомадааст. Суст кор кардаанд, намедонам, ин айби вазорати фарҳанг аст, ё аз ноҳияҳо, аммо то ҳол номзаде пешниҳод нашудааст».

Бо ин савол бевосита ба Вазорати фарҳанг телефонӣ муроҷиат намудам. Яке аз масъулини раёсати санъати вазорат, ки худро муаррифӣ кардан нахост, чунин посух дод: «дар масъалаи ҷоизаи «Ҷило-2012» ба Муассисаи давлатии телевизиони Сафина муроҷиат кунед. Мо танҳо лоиҳаро дастгирӣ кардем, боқимондаи корро онҳо анҷом доданд» гуфтанду гӯширо партофтанд, барои дуруст будани далел рақами телефони раёсати мазкурро мебиёрем (221-02-04).

«Шабнам дар телевизионҳо пахш намешавад»

Аммо саволи дигаре, ки хонандагони зиёд барои ба он посух гирифтан ба идораи рӯзнома муроҷиат карда пурсиданд, ин буд, ки чаро Шабнами Сурайё ба рӯйхати ҷоизаи «Ҷило-2012» ворид нашуд?

Доир ба ин савол Ҳабиба гуфт, ки «инро намедонам ба шумо чӣ хел фаҳмонам. Шумо медонед, ки дар телевизионҳо Шабнам пахш намешавад ва пешниҳод ҳам накардаанд. Ин чорабинӣ дар Тоҷикистон бори аввал ташкил шудааст ва шояд бисёр нофаҳмиҳо шаванд, ё камбудиҳо мешаванд, лекин ҳама чиз саршавӣ дорад. Фикр мекунам, он бояд шавқовар гузарад, чунки овоздиҳӣ аз ҷониби халқ анҷом меёбад ва шояд дар оянда мо инро барвақаттар шурӯъ кунем ва беҳтару хубтар ба чорабинӣ тайёрӣ бинем».

Чунин озмунҳо ва ҷоизаҳо бори аввал нест, ки дар кишвар таъсис дода мешаванд. Гарчанде пайваста номҳояшон иваз мешаванд, аммо натиҷа ҳамон аст. Аксари озмунҳо дар мо ҳамеша ҳамин гуна сурат мегиранд ва ба қавли баъзеҳо муассисаи давлатии телевизиони Сафина соли гузашта ҳамин гуна озмунро байни коргарони муассиса доир карда буд.

Чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенсӣ» бо супоридани ҷоизаҳои коргардони беҳтарин, натоқ, журналист, барномаи беҳтарин, ҷамъбаст шуда буд. Ба қавли баъзеҳо, ҷоизаи «Ҷило-2012» нусхаи копишудаи ҳамон озмун буда, имсол ҷоизаро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ доир карданд, яъне заминаи «Ҷило-2012» аз ҳамон ҷо аст.

Мавлуда Раҳматова, ки ҷоизаи «Ҷило-2012»-ро аз рӯзи аввал мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода, пайваста овозҳои номзадҳоро аз сомонаи интернетӣ назорат мекунад, ба ин озмун назари дигар дорад. Ӯ зимни сӯҳбат гуфт, ки «ман воқеан бовар надорам, ки ҳамаи овоздиҳӣ дуруст ва шаффоф мегузарад ва ҳар як овоз ҳисоб карда мешавад, чунки ман аз аввали рӯз овоздиҳиро дар сайт назорат карда истодаам ва медонам, ки ба ҳар як номзад аз ҳар як бахш овозҳои зиёд ё кам буданд, аммо намедонам чаро он ҳисобкунанак ҳамаашро нишон намедиҳад. Чӣ тавр номазадҳоро интихоб карданд, ман ҳам дар ҳайрат мондам, чунки барои номзадҳо овозҳои ВАО шуморида шуданд.

Агар мо номзадҳои як бахшро гирем, барои мисол беҳтарин композитори солро мегирем. Вақте ки журналистҳо менависанд, композитори сол барои онҳо ин Амирбек Мӯсоев ё Толиб Шоҳидӣ, пас ба худи онҳо бояд савол дод, ки оё шумо медонед, ки дар давоми сол аз эҷодиёти ҳамин муаллифҳо чӣ пешниҳод шуда буд?

Баъдан ташкилкунандагон ва муаллифони лоиҳа бояд мушаххасан пешниҳод мекарданд, ки кадом самти фаъолияти номзадҳо ба инобат гирифта шудааст. Мо танҳо самти мушаххаси сарояндаи сол  ва суруди солро мебинем ва дар дигар самтҳо ин мушаххас нест, чунки дигар самтҳо хеле фароху мураккабанд ва онҳо пурра кушода нашудаанд.

Толиб Шаҳидӣ композитори касбӣ аст ва номзадии ӯро наметавонанд дар қатори онҳое монанд, ки эшонро композитор гуфтан хеле душвор аст. Онҳо ҳатто композитор нестанд, балки оҳангсозанд. Онҳо маълумоти композиторӣ ҳам надоранд. Онҳо танҳо сурудҳо барои сарояндаҳои эстрада менависанд, оҳангсозу бастакор ду чизи гуногунанд.

Масалан, худи шумо ҳам шояд эътибор дода бошед, ки чаро байни номзадҳо аз бахши сарояндаҳои зан Шабнами Сурайё нест. Ин саволро ҳама медиҳанд. Ба назари ман, ин саволро пеш аз ҳама аз ташкилкунандагони озмун пурсидан даркор аст. Пас дар ин озмун ба ҳар ҳол сензура аст, зеро аз рӯйи барнома дар ин озмун доварон вуҷуд надоранд, аммо дар пушти ин барнома касе аст, ки онро «роҳбарӣ» мекунад.

Агар озмун ғайридавлатӣ бошад, пас он бояд нафареро муаррифӣ кунад, ки воқеан ҳам маъруфу шинохта бошад, нафареро, ки воқеан гӯш мекунанд, талаб мекунанд ва харидор дорад. Мо инро хуб аз саҳифаҳои ВАО дарк мекунем, ки ҳар ҳафта дар ин ё он рӯзнома ё маҷалла дар бораи Шабнами Сурайё чизе ҳаст ва ҳатман суратҳои ӯ дар саҳифаи аввал ҷой мегиранд».

«Ҷоиза ҷумҳуирявӣ — номзадҳо танҳо аз Душанбе»

Нуқтаи дигаре, ки ҳамсӯҳбати мо, Мавлуда Раҳматова қайд намуд, ин «шумо бубинед, озмуни ҷумҳуриявӣ аст, аммо дар он ҷо танҳо номзадҳо аз шаҳри Душанбе пешниҳод шудаанд. Мо дар байни номзадҳо намояндаҳои минтақаҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшонро надорем. Дар ягон бахш номзад аз минтақаҳо нест, ҳатто дар бахши телевизион ва радио ягон барномаро нагирифтаанд.

Оё мо хақ дорем, ки ин озмунро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ унвон кунем? Ман намедонам, бигзор ба ин савол ташкилкунандагон ва муаллифони лоиҳа ҷавоб диҳанд. Вақте ки озмунро ҷумҳуриявӣ эълон карданд, он бояд намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро дар бар гирад. Ман бовар надорам ва фикр намекунам, ки танҳо тамоми мутахассисони касбӣ дар шаҳри Душанбе ҳастанд».

Ҳамсӯҳбати дигари мо Насрулло Тӯйчизода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки барои лоиҳаи бузург, вақти ниҳоят кам ҷудо шудааст. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ қайд кард, ки «аслан дар охири сол оғоз шудани омодагиҳо ба ин лоиҳа маро аз аввал ба ҳайрат овард. Бисёр мехостам ин лоиҳаи сифр муваффақ бошад ва бозгӯкунандаи ҳунари воқеӣ гашта, барои қадрдонии чеҳраҳои намоён мусоидат намояд, вале метарсам, ки мисли кишварҳои ғарб ҳадафи асосии баргузории он ҷамъ овардани шӯҳрат ё моликият набошад.

Тавассути сомонаи интернетӣ ман низ ба чанде аз чеҳраҳо овоз додам, аммо намедонам, ки натиҷаи он ба чӣ меанҷомад. Ҳанӯз наметавонам чизе гӯям, шояд андешаи ман нодуруст бошад, аммо номзадҳое, ки дар озмун ҷой гирифтаанд, ба ман шахсан писанд нест, баъзеи онҳо сохта ба назар  мерасанд ва ин андешаи шахсии ман аст».

Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки «шояд назар ба баъзе чорабиниҳо, ки характери сабқатро доранд, беҳтар мешуд, ки он маблағро барои чеҳраҳои намоёне, ки мо хеле кам ба ёд меорему аз мадди назарҳо дур шудаанд, сарф намоем. Шахсан ман чанде аз ҳунармандонро медонам, ки бо вуҷуди хизматҳои арзандаашон имрӯз дар чорсӯи зиндагӣ мондаанд ва имрӯз ба таваҷҷӯҳ ва дастгирие ниёз доранд.

Шояд худи ташкилкунандагони фестивал огоҳ набошанд, ки дар соли 2012 кадом намоишномаҳо дар театрҳои музофотии кишвар ба саҳна гузошта шуд ва ё дар музофот кадом чеҳраҳои тоза бо ҳунару истеъдоди худ падид омаданд. Ҳангоми интихоб тавозун бояд риоя шавад ва набояд танҳо бо чеҳраҳои пойтахт иктифоъ бахшанд».

«Ҷоизаи худам, барномаи худам ва худам пешниҳод мекунам»

Аммо дар мавриди он ки ташкилкунандаи асосии ҷоизаи «Ҷило-2012» муассисаи давлатии телевизиони Сафина аст ва номзадии кормандони ин шабакаи телевизионӣ дар ду бахш пешниҳод шудаанд. Оё чунин пешниҳод аз рӯйи одоб аст? Даминова чунин посух гардонд: «ташкилкунандаи асосии озмун Телевизиони Сафина аст ва ӯ ин лоиҳаро ба Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ пешниҳод карда буд.

Мо чӣ кор кардем? Овоздиҳӣ кушода буд, махсусан нишасти матбуотӣ ташкил намудем, ки мардум фаҳманд, мо озмунро чӣ гуна мегузаронем. Агар барномаи «Лаззат»-у Наргис Қосимова дар он ҷо бошанд, ҳеҷ ҷойи бадӣ надорад. Наргис Қосимова натанҳо дар телевизиони Сафина кор мекунад, ӯро журналисти умумӣ ҳам гӯем, хато намекунем, чунки вай ҳам бо интернет, радио ҳамкорӣ дорад ва ӯро худи ВАО пешниҳод кардааст».

Дар ҳамин ҳол, ташкилкунандагони ҷоизаи «Ҷило-2012» ба манзури шаффофият дар баргузории ин озмун мегӯянд, ки доварии шунавандаю бинандаҳо имкон медиҳад, ки зимни муайян кардани соҳиби ҷоизаи «Ҷило-2012» ғаразкориҳо роҳ наёбанд ва ҳисоби овозҳои тамошобинону шунавандаҳо охири ҳар ҳафта сурат мегирад.

Натиҷаҳои ниҳоии овоздиҳӣ 15-уми декабри соли 2012 муайян хоҳад шуд. Инчунин интизор меравад, ки озмуни «Ҷило-2012» дар таърихи 15-уми декабри соли ҷорӣҷамъбаст ва ғолибон муайян ва бо мукофотҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.

«Тахминҳои мо ва шаффофияти шумо»

Аз рӯйхати номзадҳо ва натиҷаи овозҳо рӯшан аст, ки киҳо соҳиби ҷоиза мегарданд. Баъди зеҳн мондан ба рақибони номзадҳо маълум мегардад, ки номзадҳоро мардум интихоб мекунанд, ё онҳо аллакай интихоб шудаанд?

Мо тахмин мезанем, ки дар бахшҳои зерин инҳо бояд соҳибҷоиза гарданд:

Беҳтарин суруди сол — Нигина Амонқулова 

Беҳтарин сарояндаи сол (аз мардҳо) — Ҷонибек Муродов

Беҳтарин сарояндаи сол (аз занҳо) — Парвин Юсуфӣ

Беҳтарин ҳунарманди сол — Қурбони Собир

Беҳтарин журналисти телевизион — Зевар Давлатова

Беҳтарин барномаи телевизионӣ — «Лаззат»

Беҳтарин журналисти радио — Ҷонибеки Асрориён

Беҳтарин барномаи радиоӣ – «Субҳи Ватан»

Беҳтарин тарроҳ — Мавлуда Ҳамроева

Ҷоиза барои гузоштани саҳм дар рушди фарҳанг ва санъат — Убайдулло Раҷабов

Гулафшон СОҚИЕВА, «Ману Ту»

Filed under: Хабар

One Response

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!