ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ДАЛЕРИ ХАЙРИДДИН: «ҲАМАИ ОЗМУНҲО ДУРӮҒАНД»

Далери Хайриддин

TajMusic
Далери Хайриддин

Далери Хайриддин яке аз санъаткорони ҷавоне мебошад, ки баробари сароидани сурудҳои эстрадӣ, боз дар дигар жанрҳо низ тарона месарояд. Гарчанде вай ҳанӯз ҷавон аст, шаш сол боз инҷониб дар ансамбли «Дарё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият менамояд. Ӯ дар давоми фаъолияти хеш таронаҳои зиёде эҷод намудааст, ки дар дили шунавандаҳо зуд ҷо гирифтаанд.

— Пеш аз ҳама мехоҳам донам, ки дар соли 2012 лаҳзаи аз ҳама фаромӯшнашаванда бароятон кадом аст?

— Моҳи июни соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии муовини директори радиои «Тоҷикистон», Фаррух Зиёев ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кардем. Ҳадаф аз сафари мо иштирок дар фестивали «Дӯстии халқҳо» буд. Дар ни фестивал аз ҷумҳурии худамон 10 нафар ширкат доштем, ки хело хубу хотирмон буд бароям. Дар он ҷо мо бо намояндаҳои тамоми кишварҳои ба мо дӯст аз наздик ошно шудем. Дар корҳои эҷодиям ин лаҳзаи фаромӯшношуданӣ мебошад.

— Бузургтарин дастоварди Далер дар ин сол чӣ буд?

— Аслан дар ин сол ман суруду таронаҳои хуб ҳам эҷод кардам. Вале бузургтарин дастовардам дар соли 2012 ин ба анҷом расидани сабти албоми навам мебошад. Бо саъю кӯшишҳои зиёде албоми навамро барои соли 2013 омода кардам, ки дар кӯтоҳтарин фосила, Худо хоҳад, он ба дасти мухлисонам мерасад. Бояд гуфт, ки барои ба фурӯш баровардани ин албомам рӯзҳои башумор мондааст.

— Он кореро, ки дар соли 2012 амалӣ кардан мехостеду бароятон муяссар нашуд, кадом буд?

— Дар соли ҷорӣ аз ҳама чизи муҳиме, ки онро борҳо ба мухлисонам ваъда додаму амалӣ карда натавонистам, додани барномаи консерти бо садои зинда буд. Ман инро чандин борҳо барои мухлисон ваъда додам, вале шояд Худо розӣ набуд, ки бо чандин сабабҳо натавонистам консерти мазкурро баргузор намоям. Мехостам дар консерт ҳам мусиқӣ ба таври зинда садо диҳаду ҳам сурудҳо. Ростӣ, шарм медорам дигар дар ҳамин маврид дар ВАО чизе гӯям.

— Ваъда додеду вафо накардед, мухлисон эътироз накарданд?

— Албатта, бе ин намешавад. Онҳо ҳар замон занг зада, дар ин маврид пурсон мешаванд.

— Нақшаи генералии шумо дар соли 2013 кадом аст?

— Нақшаҳоям дар соли 2013 махфиянд, зеро агар ман ҳозир онҳоро ба шумо гӯяму боз иҷро карда натавонам, ин маротиб гунаҳкори вазнин мешавам. Ба ҳамин хотир нақшаҳоямро махфӣ нигоҳ медорам. Ҳатто дар мавриди нақшаҳои дуюмдараҷаам ба мухлисон чизе гуфта наметавонам. Зеро ваъда диҳаму вафо карда натавонам, худамро нороҳат эҳсос мекунам.

— Далер дар мавриди фестивалҳои ба монанди «Ҷило» ва «Суруди сол» чӣ андеша дорад?

— «Суруди сол»-и 2010 буд ё 2011 дар он иҷрои таронаҳо дар ҳама жанрҳоро иҷозат дода буданд. Сарояндаҳо аз жанрҳои гуногун, аз қабили эстрада, шашмақом, фалак, сурудҳои халқӣ таронаҳои худро пешкаши мухлисон мекарданд. Ман ҳамчун сарояндаи ҷавон аз баҳри эстрада баромада, як ғазали Ҷалолиддини Румиро, ки оҳанг баста будам, аз назари устодон гузаронида, ба Вазорати фарҳанг пешниҳод намудам.

Вақте ба Вазорати фарҳанг рафтам, аллакай номи сарояндаҳое, ки бояд дар озмун баромад мекарданд, маълум шуда буд. Ба фикри ман, дар кишвари мо ба «Ҷило-2012»-ву «Суруди сол» ва дигару дигар озмунҳое, ки ҳастанд, ҳоҷати рафтану ширкат кардан нест. Ҳамаи онҳо дурӯғанд. Одамоне, ки соҳиби ҳунару истеъдод ҳастанд, як сӯ мемонанд.

Мебахшед, баъзе аз ширкаткунандагон ҳунари хуб надоранду рафта баромад мекунанд, ки шояд онҳо пешакӣ гапзанон карда, маблағгузорӣ ҳам кунанд. Ростӣ, дилам аз ҳамон сол инҷониб аз чунин озмунҳо мондааст. Дигар парвои ин гуна фестивалҳо надорам.

— Суруде ки гуфтед, аз «комиссия»-и Вазорати фарҳанг нагузашт?

— Такрор ҳам шавад, боз мегӯям, ҳангоме ки Вазорати фарҳанг рафтам, аллакай маслиҳатҳо пухта буданд, ки кӣ баромад мекунаду кӣ суруд мехонад. Ҳатто маблағгузорӣ ҳам карда буданд, ки кадомаш баромад мекунад. Дигар ҳоҷати гӯш кардани суруди ман намонда буд.

— Чаро шумо ҳам мисли дигарҳо маблағ пешниҳод накардед?

— Ман барои сабти суруд, аранжировкаи он ва клипҳоям маблағ сарф мекунам, бе ин намешавад. Аммо барои фестивалу озмунҳо не. Фестивалҳоро бояд аъзои комиссия идора кунаду назорат барад. Таронаҳоро бояд онҳо гӯш кунанд. Бояд таронаҳои пурсазмун пешниҳод шаванд. Вале намедонам…

Ба андешаи ман, «Ҷило-2012» дар ҳолате озмуни хуб мешавад, ки агар сарояндаҳо бо овози зинда сароянд ва 10-12 навозандаи дигар зинда навозанд, то ин ки ҳунару истеъдоди «ситораҳо»-и интихобшуда дар ҳақиқат маълум гардад. Мисле озмуни «Овози тиллоӣ».

— Дар бораи 21-уми декабр, яъне ба охир расидани дунё сару садоҳои зиёде ба миён омадаанд, шумо дар ин маврид чӣ андеша доред (сӯҳбат пеш аз 21 декабр шуда буд)?

— Бале, ҳатто шунидем, ки баъзеҳо худкушӣ ҳам кардаанд. Лекин ҳама чиз дар дасти Худованди меҳрубон аст. Соли гузашта ҳам ин гуна овозаҳо буданд. Ё зимистони соли 2010-ро ба хотир биёред, ки овоза паҳн шуда буд, ки заминҷумбӣ мешавад. Соатҳои 00:00, 1:00-и шаб мардум дар кӯчаҳои шаҳр овораву саргардон буданд. Ҳатто баъзеяшон дар кӯчаҳо хоб рафтанд.

Гумон мекунам, шояд ин ҷо ягон гурӯҳи одамоне бошанд, ки мардумро овораву сарсон мекунанд, дунё ба охир мерасаду фалону бисмадон мешавад гуфта. Аз рӯйи китоби Қуръон ҳам гирем, ба охир расидани дунё ҳам нишонаҳои махсуси худро дорад. Барои ҳамин, гумон мекунам, мумкин ин гуна овозаҳо аз рӯйи нофаҳмии бештари мардум ба миён меоянд. Онҳо ба ҳар овоза бовар доранд. Вале шахсан ман бовар надорам. Баъдан сиёҳшавии дунё ҳам мисли қиссаҳое мебошад, ки шабу рӯз баробар мешаваду дигару дигар.

— Хандаовартарин лаҳза дар соли 2012 ….

— Ханда ҳам доруст, инсонро табобат мекунад, гуфтаанд. Ростӣ, аз хандаи зиёд дигар лаҳзаҳоро низ фаромӯш кардаем. Ҳаргиз фаромӯш карда наметавонам, чӣ тавр ҷавоне барои шогирдам шудан наздам омад. Мутаассифона, ин воқеаро дар газета гуфта наметавонам, чунки намехоҳам, ки ӯ ҳодисаро дар газета хонда, нороҳат шавад.

— Тавре медонем, дар ин сол оиладор ҳам шудед. Арӯс интихоби волидайн буд ё худи шумо?

— Ростӣ, дар мавриди оиладор шудан фикр ҳам надоштам. Ҳамааш бо розигии Худованду падару модарам буд. Худам интихоби арӯсро ба зиммаи онҳо гузоштам. Вақте келин ба падару модар маъқул шуд, иншоаллоҳ, ба мо ҳам маъқул мешавад. Волидайн асло ба бадии мо нестанд.

Ганҷина ГАНҶОВА, «Ману Ту»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!