ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАҲРОМИ АБӮБАКР: «ЗИНДАГИИ ШАХСИИ МАН, МОЛИ МАН АСТ»

Шахроми Абубакр

TajMusic
Шахроми Абубакр

Шаҳром аз зумраи сарояндагони муваффақест, ки аллакай миёни мухлисон маҳбубият дорад. Маҳз кӯшишу заҳмат ва эҷоди пайдарпайи шабонарӯзии ӯ боис гашт, ки дар соли 2012  яке аз мақомҳои ифтихории «Ҷило-2012»-ро касб кунад.

Рӯйи кор омадани дуэти машҳури ӯ бо Баха-84 «Дили девона» маҳбубияти ӯро миёни ҳаводоронаш бештар кард. Чанде пеш Ҳабиба, Марҳабо, Малоҳат(аз ноҳияи Ҳисор)-мухлисони Шаҳром унвонии идораи ҳафтанома занг зада хоҳиш намуданд, ки дар арафаи соли нави милодӣ бо сарояндаи писандидаашон сӯҳбати хотирмоне анҷом бидиҳем. Инак, фишурдаи сӯҳбати Гулрӯ пешниҳоди шумост.

— Шаҳроми Абӯбакр дар соли 2012 ба кадом муваффақиятҳо ноил шуд ва чиро аз  даст дод?

— Дар ин сол ман ба муваффақиятҳои зиёде ноил шудам. Ҳар таронае, ки сабт намудам, мухлисонам онро хуб қабул карданд. Албатта, барои сароянда ин беҳтарин дастовард аст. Чизеро аз даст надодаам, ҳама нақшаҳои кашидаам амалӣ шуданд.

— Дар нақшаи асосии Шаҳроми Абӯбакр дар соли 2013 чӣ дар ҷойи аввал меистад?

— Фикр мекунам, барои ҳунарманд нақша ҳамеша як хел аст. Ин ҳам бошад, ташкил намудани барномаи ҳунарӣ, ки рӯзи 1-уми январи соли 2013 баргузор мешавад ва нашри албоми сурудҳоям барои мухлисон аст.

— Барномаи ҳунарие, ки 1-уми январ баргузор мекунед, бо сарпарастии кӣ сурат мегирад?

— Ростӣ, сарпарасти консертро намедонам. Маро ба ин консерт даъват карданд. Фақат медонам, ки он бо иштироки Моҳира, Фарида ва як нафар сарояндаи эронӣ баргузор мегардад.

— Аз нигоҳи шумо озмуни «Ҷило-2012» то кадом андоза шаффоф гузашт?

— Фикр мекунам, ин озмун воқеан ҳам шаффоф гузашт. Дар ин озмун ягон чашмбандию амалҳои ғайриқонунӣ набуданд. Овоздиҳӣ шаффоф гузаштааст, зеро аз ҳар як телефони мобилӣ танҳо як СМС ё паёмак қабул карда мешуд. Ростӣ, чандон боварӣ надоштам, ки ман ҳам соҳибҷоиза мешавам. Ҳамааш бо дастгирии мухлисон буд.

— Баъзеҳо мегӯянд, ки шумо маҳз бо шарофати Нигина Амонқулова соҳиби ҷоизаи «Ҷило-2012» шудед. Ба ин фикрҳо розӣ шуда метавонед?

— Ба озмун бадеҳае, ки ман бо Нигина хондаам, пешниҳод нашудааст. Бадеҳаи бо Баха-84 хондаам, пешниҳод шуда буд. Агар гӯянд, ки бо шарофати Баха-84 соҳиби ҷоизаи озмуни мазкур шудам, ман розиам, зеро Баха яке аз сарояндагони маҳбуб дар кишвар эътироф шудааст.

— Чаро Шаҳром аз саволҳои рӯзноманигорон оид ба оила ва зиндагии шахсӣ мегурезад?

— Рост, ман ба саволи ягон нафарашон посух гуфтагӣ нестам ва намегӯям. Ба касе лозим аст, аз ҳаёти эҷодиам, суруду оҳангам пурсад. Ба зиндагии шахсии ман кордор нашаванд. Зиндагии шахсии ман, моли ман аст.

— Шаҳром дар ишқ шикаст хӯрдааст?

— Не.

— Мегӯянд, ки таърихи суруди «Шабинтизорӣ» аз зиндагии шумо гирифта шудааст. Ин то кадом андоза ба ҳақиқат наздик аст?

— Бовар кунед, ин гуфтаҳо заррае ҳақиқат надоранд, зеро он ба зиндагии ман дахл надорад. Ин сурудро Файзалӣ Умаров пешниҳод карду ман онро сурудам. Ягон суруд аз зиндагиам гирифта нашудааст. Ман танҳо дарди дили мардумро месароям.

— Имрӯзҳо баъзе студияҳое пайдо шудаанд, ки бе иҷозати сарояндаҳо консертҳои онҳоро наворбардорӣ карда, ба фурӯш мегузоранд. Ҳатто ин рафтори онҳо боиси сар задани ҷанҷол ҳам гардида буд. Шумо дар инмаврид чӣ фикру андеша доред?

— Ҳамчун як нафар сароянда зидди чунин корҳо ҳастам. Хуб мешуд, агар студияҳо дар асоси шартнома ва ҳамкорӣ бо сарояндаҳо ба сабту фурӯши сурудҳои онҳо пардозанд. Дар чунин ҳолат ҳам лаъл ба даст меомаду ҳам ёр намеранҷид.

— Ғайр аз сарояндагӣ боз ба чӣ кор машғул ҳастед?

— Дар баробари сурудхонӣ ба варзиш ҳам машғул ҳастам. Кӯшиш мекунам, ягон лаҳзаи зиндагии худро беҳуда нагузаронам.

— Нисбат ба овозаҳое, ки атрофи номи сарояндаҳо паҳн мешаванд, чӣ андеша доред?

— Ман ба овозаҳо чандон аҳамият намедиҳам. Бароям фарқе надорад, ки кӣ чӣ мегӯяд. Набояд фаромӯш кард, ки танҳо вирди номи шахсияте овозае паҳн мешавад, ки дар мадди назари ҷомеа бошад, яъне дар бораи нафаре овоза пайдо мешавад, ки ҷомеа нисбаташ бетараф нест.

— Муносибати шумо бо рӯзноманигорон чӣ гуна аст?

— Муносибатам бо рӯзноманигорон аз рафтори онҳо нисбати ман вобаста аст. Яъне тавре ки муносибат мекунанд, ман ҳам ҳамон хел рафтор мекунам. Баъзеашон аз пеши худ ҳар гуна гапҳои дурӯғ менависанд. Ҳайронам, ки чунин гапҳоро аз куҷо пайдо мекунанд. Ҳамин қадар мегӯям, ки на аз ман, балки аз Худованд тарсанд.

— Баъзе сарояндаҳо ба гапҳои дурӯғи онҳо тоб наоварда, ҷавобия менависанд. Оё шумо ҳам ягон маротиба ба журналистон ҷавоб навиштаед?

— Не, ман ягон маротиба даъво накардаам, ҳатто занг назадаам. Боз мегӯям, ки аз Худованд тарсанд, ҳар гуна гапҳои дурӯғро чоп накунанд.

— Шумо боварӣ доред, ки то охир сароянда мемонед?

— Ростӣ, бовар надорам, ки аз ҳамин утоқи кории шумо саломат мебароям. Пешакӣ ҳеҷ чиз гуфта наметавонам, ҳамааш дар дасти Худованд аст.

— Ба мухлисон ва хонандагони ҳафтаномаи мо чӣ таманно доред?

— Ҳамаашон саломат бошанд. Агар саломатӣ бошад, ҳама чиз мешавад. Ман бо таронаҳои марғубам ҳамеша бо онҳо ҳастам.

— Саломат бошед.

Сӯҳбаторо: ГУЛРӮ, «Ману ту»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон

One Response

  1. Аз хама сарояндаи бехтарини Точикистони мо Шахроми Абубакр мебошанд, ва сурудхои бо маъне месароянд, чунки маъне дораду ба дили шунавандагон тез чой мегирад. Акаи Шахром сурудхои бомаънеи навро итизорем саломат бошед Худо нигахбони шумо ва хонадони шумо бошад……

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!