ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

КӢ МАЛИКАИ ҲУНАР АСТ: МАНИЖА Ё ШАБНАМ?

Шабнам ва МанижаШабнаму Манижаро бе муҳобо метавон шаҳсутуни эстрадаи тоҷик номид, вале кадоме аз эшон маҳбубияти бештар дорад. Имрӯз маликаи ҳунар кист: Шабнам ё Манижа? Биёед, назари хонандагони ҳафтаномаамонро дар ин мавзӯъ пурсон мешавем.

Ниссо Ӯроқова: «Ҳарду арзанда»

Фикр мекунам месазад, ки ҳардуро маликаи саҳна хонд. Имрӯз бонуе, ки рӯйи саҳна меояд, ба яке аз ин ду ситора тақлид мекунад. Шабнаму Манижаро мухлисон бо кафкӯбиҳои баробар пешвоз мегиранд. Манижаи ширинсадову хушандом имрӯз аз саҳна дур бошад ҳам, ҳамоно ба мисли Шабнам мухлисони асил дорад. Аҳсан ба ҳарду, ки симои тоҷиконаву сурудҳои ошиқона доранд!

Абдураҳмон Ҳакимзода: «Эҳе, Манижа арзанда аст»

Аз рӯзи аввале, ки Манижаи Давлат рӯи саҳна омад, бо маҳорату истеъдоди нотакрораш тамоми Тоҷикистонро мафтун намуд. 7-сол мешавад, ки Манижа рӯи саҳна нест, аммо то кунун нисбат ба дигар сарояндаҳо бештар мухлис дорад. Манижа маликаи саҳна буд, ҳаст ва мемонад. Шабнам аз дигар ҳофизаҳо бештар мухлис дорад, аммо таронаҳое, ки ӯ 5-сол пеш хонда буд, имрӯз миёни мардум маъруф нестанд. Таронаҳои аз қадами аввалинаш то имрӯз сурудаи Манижа бошанд ҳанӯз шунаванда дорад. Интихоби ман Манижаи Давлат аст.

Фарангиси Фармон: «Шабнамро ҷаҳон мешиносад»

Ҳамагон хуб медонанд, ки Шабнам ба комёбиву дастовардҳои зиёд ноил шудааст, солҳои 2008-2010 бо Ҷонибек ба сафарҳои ҳунарӣ баромада, Шабнам шӯҳраташро ба арши аъло расонд. Манижа низ сарояндаи мумтоз буд, вале… «Дар ёди падар»-и Манижа дар кишвари Афғонистон шӯҳрати ҳунариашро афзуда бошад ҳам, ин сафар боиси аз саҳна дур гаштани Манижа гашт. Вақте, ки Манижа як суруди нав мебарорад тамоми рӯзноманигорон ба тарғибаш мепардозанд.

Суруди охиринаш «Осмон боронист» далели равшани ин гуфтаҳост. Манижа, ки дар гӯшаи хомӯшӣ аст, мардум ташнаю интизори баромадаш ҳастанд. Шабнам бошад мудом дар мадди назарҳо қарор дорад. Манижа дар Тоҷикистон маҳбубияти хоса дошта бошад, Шабнамро ҷаҳон эътироф кардааст. Аз ин бармеояд, ки Шабнам аз Манижа болотар асту арзандаи номи маликаи ҳунар.

Ойпарӣ Носирӣ: «Шабнам ба пояи Манижа расида наметавонад»

Манижа назар ба дигар сарояндаҳои тоҷик маҳбубияти бештар дорад. Ӯ озод месарояд, хуш месарояд, бениҳоят симояш ҷаззобу дилкаш аст, сурудҳояш моломоли ғаму дарди мардум, аз ҳамин хотир нисбат ба дигар санъаткорон Манижаро бештар эҳтиром мекунанд. Манижа зеби маликаи саҳна шудан дорад, чунки ҳам зебост, ҳам симои тоҷикона дорад ва ҳам тарзи либоспӯшияш тоҷикист. Шабнам ҳам зебо месарояд ва мухлисони зиёд дорад, вале либоспӯшияш… Мо тоҷик ҳастем ва бояд урфу оддати худро, фарҳанги миллиамонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки санъати Манижа аз Шабнам болотару Манижа машҳуртар аст.

Муборизи Шервоншоҳ: «Шабнам чӣ маҳбубият дорад?»

Беҳтарин сароянда аз нигоҳи ман Манижаи Давлат аст, зеро аз рӯзи аввали ба саҳна баромаданаш бо сабку услуби хосааш писанди ҳазорон нафар гашта буд. Замоне, ки Манижа муваффақиятҳоро соҳиб гашт, аз Шабнам на хабар буду на дарак. Бонуи дигаре, ки он замон миёни мардум шӯҳрати беандоза дошт Файзигул Юсупова буд.

Манижаву Файзигул дар як сатҳ қарор доштанду дарди ҷомеаро месуруданд. Ин буд, ки ҳамагон ин ду бонуро то ҳол дӯст медоранд. Тоҷи маликаи саҳнаро ба сари Манижахон гузорем хато нахоҳем кард. Ба фикри банда Шабнам 10-соли дигар заҳмату бедорхобӣ кашад ҳам, ба пояи Манижаи Давлат расида наметавонад. То имрӯз ҳофизаеро надидам, ки чун Манижа маҳбубият дошта бошад. Аҳсан ба ҳунараш!

Сурайё Рабиева: «Манижа фахри тоҷикон аст»

Ба ақидаи ман ҳарду ҳам маҳорати хуби сарояндагӣ доранд, аммо Манажабонуи зеборо беҳтарин ва арзандатарин бонуи саҳнаи ҳунар мешуморам. Ҳам аз ҷиҳати овоз ва ҳам аз ҷиҳати сару либос Манижа аз Шабнам ба тамом фарқ мекунад. Бонувони зиёде ба Манижа монанд шудан мехоҳанд, лекин то ҳанӯз ба мартабаи Манижа касе расида наметавонад. Ҷойи Манижа дигар аст. Манижа дубора ба саҳна барояд, чи шӯре, чи исёне миёни мухлисонаш барпо мекунад. Манижа якто асту беҳтарин маликаи саҳнаи тоҷик. Фахри миллати мост Манижа!

Некрӯз Саидов: «Шабнам интересна нест»

Ман фикр мекунам Манижа дар саҳнаи тоҷик малика аст, зеро бо садову симои тоҷикона ҳунари тоҷикиро берун аз Ватан дар Афғонистону дигар давлатҳои ҳамзабон муаррифӣ карда буд ва тавонист фарҳанги моро тарғиб намояд. Ман ба хотири Манижа хоҳарамро Манижа ном гузоштам ва имрӯз Манижаи мо 10-сола аст.

Ҳар қадар хоҳарам бузург мешавад, ҳамон қадар меҳрам нисбати Манижа Давлатова зиёдтар мегардад. Сарояндаи покдоману Худотарс аст. Манижа, мисли дигар ҳофизаҳо ба хотири пул аз шарафу номусаш гузар намекунад. Нобиға аст, нотакрору ягона аст Манижа. Шабнамро умуман гӯш намекунам, чунки «интересна» нест.

Ганҷина Ганҷова: «Шабнам маликаи ҳунар»

Манижаро маликаи ҳунар номидан мушкил аст, зеро ӯ пушти парда монда дар чорабиниву фестивалҳо баромад намекунад. Шабнам бештар дар озмунҳову фестивалҳо иштирок мекунад ва ӯро метавон арзандаи номи маликаи ҳунар хонд. Дар байни халқу миллатҳои гуногун санъати тоҷикро баланд бардоштан кори саҳлу осон нест, аз ин рӯ шаҳсан ман ҷои аввалро ба париваши саҳназеб Шабнами Сурайё лоиқ медонам. Сурудҳои дилнишини Шабнам имрӯз хит шудаанд. Бе муҳобо метавон гуфт, ки Шабнам дар рейтинг дар зинаи аввал қарор дорад.

Фарҳат Ниёзов: «Аз Шабнам бӯи умед ҳаст»

Шабнам ва Манижа ду сарояндае мебошанд, ки дар саҳнаи тоҷик мавқеяшон ниҳоят устувор аст. Мардум ин ду сарояндаро баробари ҷонашон дӯст медоранд. Манижа замоне дар саҳна маҳбуб буд, ки Шабнам нав қадам рӯи саҳна гузошта буд. Азбаски Манижахон баъдан хомӯширо ихтиёр карданду аз саҳна даст кашиданд, мардум «ситораи гунг» барин лақабҳоро номаш часпонданд, Манижа агар дубора рӯи саҳна ояд, он вақт метавон гуфт, ки ҳанӯз арзандаи номи малика аст. Имрӯз ба ҷуз Шабнам касе маликаи тоҷик, маликаи ҳунар ва маликаи дилҳо шуда наметавонад. Ба ҳунари Манижа қоилам, вале ин унвонро ба ӯ арзанда намешуморам, чунки дар саҳна нест.

Муроди Азимшоҳ: «Шабнамро авлотар медонем»

Бори аввал «Модар»-ном суруди Манижаи Давлатро тариқи шабакаи аввал шунида, мухлиси ашшадиаш гашта будам. Баъди ин сурудҳои рӯҳбахши ӯро аз карнаи радиоҳо мешунидам. Оҳиста-оҳиста фиттаи сурудҳояшро ҷуста пайдо кардам. Гӯям, ки аввалин албоми сурудҳои Манижаро ман дастрас намудаам, шояд хато накунам. Манижа бо сурудҳои дилнишинаш ҳамеша дар хонаи ман буд.

Ҳафтаномаҳо «Кӣ беҳтар: Манижа ё Шабнам?» гуфта райпурсиҳо мегузаронданд. Ман ҳам ба ин баҳс шарик мешудаму Манижаро аз ҳама боло мегузоштам, вале… Манижа ман ва садҳо ман барин мухлисони азалияшро ба гӯшаи фаромӯшӣ афканда бо сабаби номаълуме аз саҳна дур шуд. Чанде пеш суруди тозаэҷодаш «Осмон боронист»-ро шунида, бори дигар итминон ҳосил кардам, ки Манижа бемислу монанд аст, аммо Манижаро имрӯз маликаи ҳунар гуфта наметавонам, Шабнамро авлотар аз Манижа медонам.

Намояндаҳои соҳаҳои гуногун чӣ назар доранд?

Хусрав Раҳматов ҳуқуқшинос: «Шабнам ба Аврупо тақлид мекунад»

Аз нигоҳи ман арзандаи унвони маликаи ҳунар Манижа Давлатова аст. Симои мафтункунанда, чашмони мешӣ, қошони сиёҳи пайваста ва нигоҳи ҷодувонаи Манижа пиру барноро мафтун намудааст. Солҳои зиёд бо сабабҳои номаълум рӯи саҳна набошад ҳам, меҳри ин зебосанам аз дили мухлисонаш заррае зудуда нашудааст.

Ин суолро ба ду шахси пиронсол диҳед ҳам, ҳатман Манижаро интихоб мекунанд, чунки то ҳанӯз пиру барно муштоқи савту навои Манижаанд. Шабнам ҷаҳонро тасхир намудааст, вале сару либосаш ба оину расми тоҷиконаи мо рост намеояд. Ба мардуми Аврупо тақлид кардани Шабнам ба аксарият намефорад ва маҳз ҳамин чиз мардумро дилхун месозад. Дар хонадони мо ҳама мухлиси Манижаи Давлатанд. Фарзандонам ҳам Манижаро дӯст медоранду ҳунарашро қадр мекунанд.

Қосимов Маҳмад, кассири Кохи Борбад: «Ба Шабнам эрод нагиред»

Ба назари ман Шабнам аз Манижа болотару арзандатар аст. Дар ниҳодаш хуни санъат ҷӯш мезанад ва як сири муваффақияти Шабнам дар кор ҳамин аст. Ҳунару истеъдоди Шабнам асил намебуд, ҷаҳон эътирофаш намекард. Инқилоби Шабнам буд, ки номи тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ҳамагон шинохтанд. Шабнам ҳамаи дастовардҳоро дар саҳнаҳои калонтарини ҷаҳон соҳиб шуда, номи Тоҷикистонро баланд бардошта ва унвони маликаи ҳунари тоҷикро сазовор гашт.

Манижа хомӯширо ихтиёр намекарду санъаташро давом медод, шояд на танҳо Афғонистон, балки Амрикову Аврупо низ эътирофаш менамуд, вале ин корро накард. Бечоранолии Манижа ғашамро меорад. Меҳре, ки мардум ба Манижа доранд, ҷуз раҳму шафқат чизе нест. Раҳмро бояд аз муҳаббат фарқ кард. Касе ба сурудхониву либоспӯшии Шабнам эрод мегирад, ҳасуд аст. Ба ҳамин хотир Шабнам суруди «Биханд душман»-ро ба ҳасудхӯронаш бахшидааст. Маликаи ҳунари тоҷик Шабнам аст.

Паричеҳр, тоҷир: «Аз Манижа дил канда наметавонам»

Ба назари ман маликаи ҳунар Манижа аст. Санъати нотакрори Манижа дар дили ҳаводорони ҳунари асил ҷовидона нақш бастааст. Шабнами Сурайё ҳам маҳорати хуби овозхонӣ дорад, вале маҳбубияте, ки миёни мухлисонаш Манижа дорад, Шабнам надорад. Боз каме заҳмат кашад, шояд аз Манижа гузарад. Ман бисёр вақт меандешам, ки Манижа рӯи саҳна нест, чаро инқадар ман ӯро дӯст медорам, биё диламро аз ӯ бишӯям, вале боз меҳраш ғолиб меояд. Рӯи саҳна набошад ҳам, мо мухлисонаш Манижаро фаромӯш карда наметавонем.

Маҷидов Нуроншоҳ, соҳибкор: «Хизмати Шабнам ба чашм айён аст»

Маликаи ҳунари тоҷик онест, ки имрӯз миёни халқ ҳунарнамоӣ мекунаду барои табъи мухлисонашро болида доштан, дар як сол чанд суруди тозаву консерти хотирмон медиҳад. Шабнамро арзандаи ин унвони олӣ мешуморам, чунки байни мо ташнагони ҳунараш ҳасту сурудҳои тару тоза эҷод мекунад. Манижа, ки санъатро дар нимаи роҳ гузошту мухлисонашро эҳтиром накард, ҳеҷ вақт номашро ба некӣ ба забон намеорам. Аз ӯ ёд ҳам намекунам.

Барои миллат хизмати бузург кардани Шабнам ба чашм айён аст, офарин ба Шабнам, ки номи тоҷикро, санъати тоҷикро берун аз кишвар муаррифӣ кард! Таманно мекунам, ки Шабнамҷон аз ин дида бештар шӯҳрату обрӯ ёбад.

Диловари Файзулло, корманди бонки «Эсхата»: «Манижа сазовори тамоми унвонҳост»

Аз рӯзи аввали ба саҳна баромаданаш Манижа ғаму дарди мардумро месуруд. Маҳз бо ғаму дард суруд хонданаш ӯро азизи дили халқ гардонидааст. Дур намеравем, вақте Лайло Фуруҳар, сарояндаи эронитабори Амрико меҳмони Ватани мо гашт, аввалан аз Манижа пурсон шуд. Манижа бо Лайло дуэти хубе суруд. Шабнам ҳам суруду оҳангҳои ҷолиб дорад, аммо ба Манижа баробар шуда наметавонад. Ҳар кас ҷою мақоми худро дорад. То имрӯз сарояндаеро надидам, ки чун Манижа азизи дили мардум гашта бошад. Мукофоти Нобелиро барояш ҳадя созем ҳам, кам аст. Манижа сазовори ҳамаи унвонҳост.

Рухшона Ҳикоятулло, ҳамшираи тиб: «Дар бораи Манижа ҳарф назанем, беҳтар»

Манижа агар рӯи саҳна мебуд, шояд ӯро маликаи ҳунар мехондем, чунки замоне бо садову симояш дили мардумро тасхир намуда буд, вале Манижа аз майдони ҳунар рафт. Шабнам имрӯз ин холигиро пур кардааст ва мо Шабнамро маликаи ҳунар мешуморем. Шабнам ҷасорат карда ба саҳнаи ҷаҳонӣ баромаду номи Тоҷикистонро бар арсаи байналмилалӣ ба тамоми кишварҳои олам муаррифӣ намуд. Сабку услубашро ҷаҳон писандид. Пас чи гуна Шабнамро маликаи ҳунар наномем?!

Манижа, ки пушти парда монду хомӯшӣ ихтиёр кард, дигар дар борааш ҳарфе назанем хубтар аст. Меҳнати Шабнамро бубинед, ки дар як сол ду консерти калон дар Кохи Борбад баргузор намуд. Ин кори ҳар сароянда нест! Офарин! Шоҳҷоизаи маликаи ҳунарро танҳо Шабнам сазовор аст!

Мадинаи Аминҷон, муаллима: «Ҷонамонро қурбони Манижа мекунем»

Маликаи ҳунари тоҷик онест, ки дар ботину зоҳираш шарму ҳаёи шарқиёнаю ҳунари волову санъати нотакрор дорад. Ман ин ҳамаро дар ботину зоҳири Манижа Давлатова дарёфтам. Сарояндаҳои имрӯзаи мо аксаран роҳи ҳунарро барои дарёфти сарвату боигарӣ интихоб намудаанд. Дур намеравем, вақте ҳамсояи ман барои писарашро хонадор кардан назди Шабнам рафт, нархи хизматашро фаҳмида, қариб буд сактаи дил шавад. Аз ҳамон рӯз дилам аз Шабнам монду сурудҳояшро дигар гӯш намекардагӣ шудам.

Достони Рустам, корманди амният: «Манижа нописандӣ кард»

Ба фикри ман месазад маликаи саҳна Шабнами фариштахисолу нозанинро эълон намуд. Зеро ӯ тавонист санъати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон баланд бардорад. Шабнамро бояд қадр намуд. Манижа шояд садои хуб дошта бошад, аммо нисбати мухлисонаш нописандӣ кард. Ба қадри меҳри мардум нарасид. Агар мухлисонашро дӯст медошт, имрӯз рӯи саҳна мебуд ва бо таронаҳояш хотири халқашро шод мегардонд. Магар метавон чунин сарояндаи нописандро маликаи саҳна хонд?

Далер Акбаров, иқтисодчӣ: «Ҳарду арзанда нестанд»

Аслан барои ин ду духтарро маликаи ҳунар эълон кардан ҳанӯз барвақт аст. Ҳар ду ҳам барои муваффақият ба даст овардану мисли Нигина Раупова, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова, Шоиста Мулоҷонова, Тӯҳфа Фозилова, Мастона Эргашева ва Сурайё Қосимова азизи дили халқ гаштан бояд бисёр меҳнат кунанд. 5-6 сол рӯи саҳна будани ин ду ҳунарманд маънои онро надорад, ки маликаи ҳунар гаштаанд. Барои дарёфти ҳунари асил шабро шаб нагуфта бояд заҳмату бедорхобӣ кашанд ва барои сайқали ҳунарашон кор кунанд.

Мусоҳиб Рустам Азимов, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон

7 комментариев

  1. Шахик бехтарин апаи Манижа у метавонад

  2. MD:

    Dlovar fayzuloev rost mega shabnam da pewi anija hechizay ovozi xdw nest rangi k… mexona wabnam chi tarifw meknen… manija 1000 foiz balanday daje ay hamai hofizoi imruzai mo. baroi chi to hozira manijara meshinosan? baroi chi to hozira surudhowa guw meknan baroi ki muxlisi bisyor va xubtarin mexond .

  3. MD:

    durugay begayr ay tojikiston wabnama hichka namewinosa a manijara jahon meshinosa karib… avgoniston eron pokiston karochi hami davlatho wabnam ghda kor namiya dafwava ee hofiziw ay sarw mona

  4. Наврузчон:

    Либоспушии Манижабону аз Шабнамда боло аст.

  5. Фуркат..:

    хамеша болотари аз шамбнам …Манижачон!!!!сурудахот кухна намешавад!!!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!