ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ОЛИМИ МАҲМУД: «ТО ИМРӮЗ АЗ ЯГОН БАРНОМААМ ЗАРАР НАДИДААМ»

Олими Маххмуд

Олими Маххмуд

Олими Маҳмуд ҳунармандест, ки ҳоҷат ба муаррифӣ надорад, зеро ӯ кайҳо бо таронаҳои дилангезаш дар дилу дидаҳо роҳ ёфта, муштариёни бешуморро соҳиб гаштааст.

Олим дар баробари оҳангсоз ва овозхон будан, ҳамчунин маҳорати хуби дар филмҳо нақш бозиданро дорад. Сӯҳбате доштем атрофи кору фаъолият ва эҷодиёти ин марди ҳунарманд.

— Олим, мегӯянд, ки баҳор фасли одамони эҷодкор аст, шумо ин ақидаро чӣ гуна қабул доред?

— Воқеан ҳам дуруст аст. Агар мушоҳида карда бошед, дар баҳорон шояд аз садои форами паррандагон ё чак – чаки борон ва ё ҳавои тозаву табиати зебо эҷодкорон илҳом мегиранд, ки ҳама фаъол мешаванд.

— Бигӯед, ки ин баҳор чӣ корҳоеро анҷом додед ва баҳори соли 2013 аз баҳорҳои гузашта дар зиндагӣ ва фаъолияти шумо бо чӣ тафовут мекунад?

— Имсол якчанд таронаҳои нав омода ва дар рӯзи консертам пешкаши дӯстдорони савту наво гардонидам, оҳангҳои гӯшнавоз эҷод кардам, дар аксар маъракаҳои ҷамъиятӣ ширкат варзидам…

— Аз баргузории барномаи корсертиатон, ки дар арафаи Рӯзи Модар баргузор гардид, розиед, шодед ва ё баръакс?

— Чаро розӣ набошам? Вақте зиёд заҳмат кашидаму натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзиамро назди мухлисон ҳисобот додам ва эшон бо хушнудӣ пазируфтанд, сарам ба осмон расид. Мухлисонам он қадар маро гарм истиқбол гирифтанд, ки муҳаббатам ҳам ба онҳо ва ҳам ба шеъру таронаву саҳнаву санъат дучанд гашт.

— Таронаи «Очаҷон»- атон он қадар самимӣ баромадааст, ки пас аз шунидани он шунаванда ором истода наметавонад…

— Модарон ба ҳама чиз арзандаанд. Мо агар дар бораи онҳо соатҳо ҳарф занему садҳо тарона хонем, кам аст.

— Мегӯянд, ки ҳунармандон байни худ рақобати шадид доранд, ҳатто хоҳарону бародарон ҳам…

— Не, ин гуфтаҳоро қабул надорам, зеро ки байни ману Сӯҳроб то имрӯз нофаҳмие ба вуқӯъ напайвастаасту боре ҳам барои ин ё он суруду тарона ҷанҷол накардаем. Баръакс, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ҳамдигарро дастгирӣ мекунем, барои якдигар матни хуб, оҳанги шуниданӣ ва сухани воло пайдо намуда, дасти кӯмак дароз месозем.

— Бештар дар мавзӯҳои лирикӣ суруд мехонед, чаро? Шояд…

— Азбаски худ ошиқам, мехоҳам ҳамеша васфи ишқ кунам, ишқи пок, ишқи самимӣ, ишқе, ки дар он фиреб набошад.

— Ошиқ? Ба кӣ?

— Ба зиндагӣ, ба ҳамсару фарзандонам, ба шеъру мусиқӣ, ба савту наво, ба табиати биҳиштосои диёрам, ба ҳама зебоиҳои олам.

— Медонам, ки шумо оҳангсоз ҳам ҳастед. Бигӯед, ки ҳам оҳанг эҷод кардану ҳам дар филмҳо нақш бастан ва ҳам ба тӯю маъаракаҳо рафтану ҳам дар маҳфилҳои ҷамъиятӣ иштирок кардан магар душвор нест?

— Не, ҳеҷ гоҳ душворӣ эҳсос накардам, чунки касбамро дӯст медорам. Бале, хеле зиёд муҳаббат дорам ба дунёи савту наво, суруду мусиқӣ ва ана ҳамин дилбастагӣ аст, ки ман мушкилӣ эҳсос намекунам, ҳамеша хушӣ мебинаму хуррамӣ.

— Қисме аз ҳунармандони мо баъди баргузор кардани барномаи консертиашон то чанд муддат ба худ омада наметавонанд, ба қавле «бонкрот» мешаванд, шумо чӣ?

— Худо аз ин рӯзҳо нигаҳ дорад. То имрӯз аз ягон барномаам зарар надидаам ва иншооллоҳ, ки нахоҳам дид.

— Дар охир таманниё ё гуфтаниҳои дили Олим?

— Хушбахт бошед, тансиҳат бошед, дастболо ва ҳамеша муваффақ бошед. Раҳмат.

— Ташаккури зиёд!

Мусоҳиб Дилангез Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон

One Response

  1. самира:

    олими махмуд сухроби махмуд так себе а вот садриддин был первым и будет самый лучший певец в таджикистане

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!