ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БОРБАДУ ВАҲДАТ ҶОИ СИТОРАҲОИ БЕ «СПОНСОР» НЕСТ

Кохи Борбад

Кохи Борбад

Продюсерҳо ва ситораҳои саҳнаи тоҷик мегӯянд, нархҳоии осмонӣ иҷораи мустақилонаи толорҳои муътабар ва мулоқот бо мухлисонро маҳдуд кардааст. Онҳо мегӯянд, ҳеҷ овозхоне дигар наметавонад мустақилона шаби ҳунарӣ барпо кунад ва теъдоди дилхоҳи мухлисонро ба толор биёрад.

Марҳабо Азизова, сарвари Маркази продюсерии «Марҳабо», ки бо созмон додани консертҳо машғул аст, ба суоли мо дар бораи шароити баргузаронии консертҳо бадоҳатан чунин посух дод: «Не, не, не! Дигар имкони мустақилона консерт созмон доданро надорем. Агар ягон сарпараст (спонсор) — и пурқувват бошад, ки пулро лоақал қисман супорад, имкон дорад, аммо бидуни сарпараст дар Кохи Борбад ва Кохи Ваҳдат имкони консерт гузаронидан нест.»

Шурӯъ аз моҳи январи соли равон нархи истифода аз Кохи Борбад, бузургтарин ва мӯътабартарин толори консертии Душанбе бо гунҷоиши 1917 нафар аз 10 ҳазор доллари солҳои гузашта ба 150 ҳазор сомонӣ ё беш аз 30 ҳазор доллар боло рафтааст. Иҷораи Кохи Ваҳдат, ки бо гунҷоиши 1247 нафар дуввумин толори обрӯманди пойтахт ба шумор меояд, 30 ҳазор сомонӣ буд, ҳоло то 50 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Аммо созмондиҳандагони консертҳо мегӯянд, бо назардошти реклому баннерҳо ва дигар хароҷот, аз қабили ҳаққи заҳмати мутрибону раққосаҳо ва кормандони техникӣ, қимати воқеии ҳар як билети консертҳо беш аз 200 сомонӣ хоҳад буд.

27-уми апрел дар Кохи Борбад консерти овозхони шинохта Нигина Амонқулова баргузор мешавад ва билети он аз 80 то 250 сомонӣ аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба қавли яке аз созмондиҳандагон, ҳаққи иҷораи онро дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон, соҳибмулки Кохи Борбад 50 дарсад кам кардааст ва ҳам сарпарасти куллаш созмони молиявии «Имон Интернешнл» аст.

5-уми май дар ин толор овозхони маъруфи эронӣ Анди бо иттифоқи сарояндаи тоҷик Ҷонибек Муродов барномаи консертӣ дорад ва билети онҳо аз 100 то 200 сомонӣ фурӯхта мешавад. Нисфи пардохти иҷораи ин консерт ҳам ба зиммаи ширкати мобилии «Tcell» аст.

Ҷонибек Муродов, ки соҳиби қиматтарин танзиму клипҳост, мегӯяд, дар шароити кунунӣ ӯ шахсан бидуни сарпараст консерт дода наметавонад ва аз консертҳое, ки дар толорҳои Тоҷикистон мегузаронад, ҳеҷ интизори даромад надорад:

«Масалан, дар консерте, ки соли гузашта баргузор карда будем, куҷо фоида, балки хеле зарар дидем. Мо бештар дар консертҳоямон дар хориҷа мекӯшем, ки пул кор кунем. Дар Тоҷикистон ба хотири мухлисони асосиамон, ки ин ҷо аввал ба саҳна баромадему халқи мо ин ҷост, консерт медиҳем.»

Аммо Марҳабо Азизова мегӯяд, овозхонони эронӣ асосан ба хотири эҳтиром ва муҳаббат ба Тоҷикистону мардумаш ин ҷо меоянд. Ба қавли ӯ, дастмузди онҳо дар қиёс бо консертҳояшон дар дигар кишварҳо хеле кам аст.

Хонум Азизова нагуфт, ки овозхонони эронӣ барои консертҳояшон дар Тоҷикистон чӣ қадар музд мегиранд. Аммо як манбаъи огоҳ мегӯяд, ин дафъа Анди ба 10 ҳазор доллар меояд ва музди Мансур — 35, Муин – 30, Афшин – 30 ва Самеъ Юсуф – 75 ҳазор доллар буд. Ба қавли ӯ, созмондиҳандагони консерти Самеъ Юсуф то ба ҳол ҳаққи ӯро пурра напардохтаанд.

Аммо коршиносон мегӯянд, бояд шароите ба вуҷуд овард, ки консертҳо ҳам барои овозхонон фоида оранд ва ҳам ба мардум дастрас бошанд.

Беҳрӯз Зеваров, сарвари ширкати «ҶМ», ки бо шоу-бизнес сарукор дорад, мегӯяд, вазнинии иҷораи толорҳо бояд аз дигар тараф ҷуброн шавад:

«Ба назари ман, бояд як толори нави махсус бо тамоми қоида маҳз ба консертҳо ихтисос дода шавад, ки то 4 ҳазор нафарро гунҷоиш диҳад. Тавре шавад, ки як нафар бо 20 – 30 сомонӣ тавонад, ба консерт дарояд. Мусиқӣ ҳам ғизои маънавӣ аст ва мардум аз он набояд маҳрум шавад»

Дар суҳбат бо мо як нафар дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки нахост номашро гирем, гуфт, Кохи Борбад ва Кохи Ваҳдат толорҳои ҳукуматианд ва ҳангоми консертҳо мардум ба онҳо осеб мерасонанд.

Вай афзуд, овозхонҳои зиёде пайдо шудаанд, ки таронаҳои бемаънӣ мехонанд, аз ин хотир, барои онҳо оддӣ кардани дастрасӣ ба ин толорҳо мувофиқи мақсад нест. Бино бар ин манбаъ, як нақшаи ҳанӯз тасдиқнашудаи таъсиси толори махсус барои баргузории консертҳо аз тарафи ҳукумат баррасӣ мешавад. Вале маълум нест, кай он ниҳоӣ хоҳад шуд.

«Озодӣ»

Filed under: Хабар

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!