ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ДАР ШОУ-БИЗНЕС ЧӢ ГАП?

Ситорахо

Ситорахо

Шоу-бизнес дунёест пурғавғо ва лабрези овозаю ҳангома, мардум мехоҳанд ҳар чӣ зиёдтар дар бораи ин олами махуф бидонанд, зеро намояндагони он новобаста аз ҳунару дороияшон дигар ба худашон тааллуқ надоранд.

Ба қавли Сайдои бузург «Ман он рози ниҳон будам, ки берун аз даҳан рафтам». Ин макони зебосанамҳои ишвафурӯшу мардони бокибру ғурур қонуну қоидаҳои нонавиштаи худро дорад. Ҳар кас наметавонад ба осонӣ узви Шоу-бизнес гардад, барои ин аввал ҳусни зебою андоми мавзун, пулу сарват ва баъд каме истеъдод лозим аст.

Агар истеъдод набошад ҳам, мешавад, зеро ҳозир асри бистуяк — асри технологияи навин асту бо истифода аз техникаи компютерӣ дар чанд рӯз метавонем ситора созем. Аслан ҳадафи мо ҳаргиз «Чирк кофтан аз зери нохун»-и «Шоу-бизнес»-чиён нест. Мо мехоҳем дар бораи фариштаҳои бетолеъ ё батолеъе сухан намоем, ки саҳнаи ҳунарро тарк кардаанд, ё ба рақобат тоб наоварданд ё чизи дигар….

Малика

Маликаи Саидзод чун ситораи тобоне баъд аз хомӯш шудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ аз паси абри ғаму андуҳ сар бароварду ҳамалами халқи азияткашидаи тоҷик гашт. Аввалин сурудаҳои ӯ «Танҳоӣ», «Дар марги ҷавонмардон» ва рубоиҳои ба ғарибӣ бахшидае буданд, ки дар дилу дидаи мардуми ғамдор ҷо гаштанду Маликаро азизи ҳар як хонаводаи Тоҷикистон гардонид. Ман гумон мекунам, ки Маликаи Саидзод дар оштии миллӣ ва ба ватан баргардондани тоҷикони гуреза на камтар аз комиссиюни оштии миллӣ хизмат кардааст.

Зеро гурезаҳои иҷбориеро медонам, ки онҳоро маҳз сурудҳои Малика ба ватан баргардонидаанд. Имрӯз ин хонуми қашанг Хонаи Худоро зиёрат кардаю Бибӣ ҳоҷӣ гаштааст ва ба тиҷорат шуғл меварзад. Ман чун як мухлиси ашаддии Маликахонум ба иродаи ӯ қоилам, зеро дар авҷи камолоти эҷодӣ тарк намудани саҳна ва буғӣ кардани шӯҳрат ба ҳар кас муяссар намешавад.

Дар аксар ҳолатҳо бонувони ҳунарманд ба хотири саҳна аз фарзандону оила руй мегардонанд, то дар паноҳи шӯҳрат бошанд. Имрӯз ҷойи холии ӯро дар саҳнаи ҳунар хоҳараш Олам пур карданӣ шудааст, аммо сабки Малика тамоман дигар буд. Саволи беҷавоби дигар он аст, ки пас аз Маликаи Саидзод навбати ҳоҷибибӣ шудан аз кадом ситораи саҳна бошад?

Манижа

Манижаи Давлат яке аз узвҳои машҳури Шоу-бизнеси тоҷик аст, ки шояд дар ҳаққаш аз ҳама ҳунармандон дида зиёдтар овозаю ҳангома паҳн гаштааст. Овозаҳо гуногунанд, яке мегӯяд, ки Манижа ба касалии ваҳмак гирифтор шудаасту аз саҳна баромадан метарсад, дигаре ӯро дар марги ду кӯдаки маъсум гунаҳгор дониста, андеша доранд, ки азоби виҷдон Манижаро аз сурудхонӣ манъ мекунад. Бархе бо боварӣ иброз медоранд, ки Манижаи зебои саҳнаи ҳунар ба вабои аср -нашъамандӣ гирифтор гаштааст.

Гумону тахминҳо гуногунанд, сабаби хомӯшӣ ихтиёр карданашро танҳо Манижа худаш медонаду Худои мутаол. Баръакси Маликаи Саидзод, Манижа дар хислат каме ноустувор аст, сатрбандии ӯ як падидае буд, ки ҳар кас онро ҳар хел қабул кард, аммо дар як муддати кӯтоҳ бо футболка расмҳояш дар расонаҳои хабарӣ чоп шуданду ихлоси мухлисонашро то як дараҷа аз Манижабону гардонданд.

Ин бонуи зебо як вижагии номақбул дорад, ки бо эҳсоси олии мухлисонаш бозӣ мекунад, аз пазмонию дӯстдории онҳо истифода мебарад. Пас аз таваққуфҳои тӯлонӣ сурудаке месарояду боз хомӯшӣ ихтиёр мекунад, аз ин бармеояд, ки Манижаи Давлатро дурӣ аз саҳна азоб медиҳад. Гоҳ-гоҳе садо баланд карданҳояш бошанд, маънии онро дорад, ки ман ҳастам, фаромӯшам насозед! Шояд вақт муайян кунад, ки чаро ин духтараки соҳибҳунар дунёи пуршӯреро мисли шоу-бизнес тарк намуд?

Наргис

Наргис Садриддинова ҷияни Малика Саидзодаи машҳур аст, ки истеъдоди хуби сарояндагӣ дошту саҳназеб низ буд. Консерти калони ӯ дар саҳнаи Кохи Борбад як навъ ҳисоботи эҷодияш дар назди мухлисони ҳунараш буд, аммо баъди ҳамин ҳунарнамоӣ Наргисбону кампайдо шуд. Гирди номи ӯ овозаҳо кам буданд. Наргис суруди ишқии зебое дошт бо номи «Шоҳи дилам шоҳсаворам туӣ», аксарияти мухлисон бар онанд, ки маҳз «шоҳи дил»-аш сабаби аз саҳна рафтани Наргис гаштааст.

Мо ӯро хуб мефаҳмем, охир, мардон табиатан худпараст мешаванду кам андар ками онҳо мехоҳанд, ки бонуи дили ӯ дар саҳнаи калон мурғаки ғазалхони ҳазорон нафар бошад. Аксари гулдухтарони ҳофиза шавҳар надоранд, боз кӣ мисли Наргис оиларо аз саҳна авлотар мешуморад, номаълум?

Кимиё

Кимиё Ҷӯраеваро мардуми санъатпараст хуб истиқбол карданд, зеро овози марғуладори ба худаш хоси табиӣ ва завқи баланди интихоби матн дошт. Аз сурудаҳои Кимиё накҳати ошно ва форами овозхони шаҳиди тоҷик Муқаддас Набиева меомад, шояд як паҳлуи зуд муваффақият пайдо намуданаш низ ҳамин бошад? Чандин сол аст, ки Кимиёбону ҳам аз саҳна дур мондаасту хомӯшӣ ихтиёр кардааст, дар як мусоҳибааш ӯ иқрор шудааст, ки сабаби хомӯшияш вазъи молиявӣ аст.

Солҳои Шӯравӣ як гуфтаи машҳуре буд, ки «Нон бошад-суруд ҳам мешавад», ҳоло ин ҳикмат баръакс садо медиҳад. Яъне «Суруд бошад-нон ҳам мешавад». Аммо як нуктаи дигар норавшан боқӣ мемонад, ки боз киро вазъи номусоиди молиявӣ метавонад аз саҳна дур созад?

Кибриё

Як муддат байни сарояндагони сурудҳои эстрадӣ, бонуи хушқомату зебо Кибриё Раҷабова ҷилванамоӣ мекард, вале пас аз ба шавҳар баромадану соҳиби фарзанд гаштанаш саҳнаро тарк намуд. Ин воқеа дар зиндагии ҳофизаҳои машҳури дигар Парвина Шукруллоева ва Фарзонаи Файз низ такрор гашт. Мухлисони Кибриё, Парвина ва Фарзона дар ин бобат андешаҳои гуногун доранд.

Як гурӯҳ онҳоро дастгирӣ намуда, мегӯяд, ки барои бону муҳимтарин вазифа дар ин дунёи рӯшан нигоҳ доштани чароғи хонадон, хизмат ба шавҳару пайвандони ӯ ва тарбияи фарзанд мебошад, гурӯҳи дигар бошанд, инро нописандӣ нисбати мухлисон медонанд. Шояд вақт муайян кунад, ки аз саҳна рафтани ин гулдухтарон ба фоидаи онҳо буд ё не?

Фирӯзаҳо

Фирӯза Алифова ва Фирӯза Ҳафизова ҳарду бо як шару шӯри ҷавонӣ вориди дунёи ҳунар гаштанд. Аввалӣ баъд аз шавҳар кардану тавлиди писараш низ рӯи саҳна монд, вале никоҳи аввалааш бебарор анҷом ёфт. Пас аз ҷудоӣ аз шавҳар байни мухлисон овозае паҳн гашт, ки ӯро як нафар марди воломақом ба никоҳи худ дароварда, роҳи саҳнаро ба рӯяш бастааст. Хонуми Ҳафизова бошад, ҳунарнамоиро аз рақс оғоз намуда, баъд ба овозхонӣ гузашт.

Зебоии нотакрор, андоми нозук ва сурудҳои шӯхаш ӯро зуд азизи ҷавонон гардонид. Аммо ин мафтун карданҳо дер давом накарду пас аз издивоҷи дуввум ӯ низ дар саҳнаи ҳунар кампайдо гашт. Мухлисони кунҷков ин кампайдоии кумирашонро ба ҳомиладорияш нисбат медиҳанд, аммо баъд аз тавлиди фарзанд ба саҳна баргаштани Фирӯзаи дуввумро низ касе намедонад.

Ҳилолаи Баҳриддин, «Зан ва мард»

Filed under: Хабар

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!