ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

Наимҷон: «Реклама набошад, тараққиёт нол аст»

Наимчони Саидали

Наимчони Саидали

— Наимҷон, аз ноҳияҳои минтақаи Хатлон занг зада гуфтанд, ки Наимҷон дурӯғгӯ асту афишаҳои консерташро мезанад, аммо худаш намеояд…

— Медонед, зиёд мехостам, ки шумо ба ман ҳамин саволро диҳед. Худо маро шунид. Дар ҷавоб ба саволи шумо ҳамин қадар гуфта метавонам, кт Худо шоҳид аст, ман аз паҳн шудани ин афишаҳо умуман хабар надоштам. Тақрибан баъди як ҳафта мухлисонам рақамҳои телефонамро ёфта, занг зада, даъво намуданд, ки чаро афишаи консертамро паҳн намудам, вале худ рӯзи барномаи консертӣ набудам.

Ростӣ, сахт дар ҳайрат афтодам, зеро худам аз ин воқеа хабар надоштам. Аммо мардум бовар карда, ҳатто билет харидаанд. Рӯзи консерт «режиссёру продюсерон» рӯйи саҳна баромада, аз номи ман бахшиш пурсидаанд, ки гӯё бо сабабҳои гуногун ман иштирок карда натавонистаам. Ҳатто боре Рӯзибеки Файзалӣ аз ба ҷойи ман баромад кардааст. Шояд «ташкилкунандагон»-и консерт барои пулкоркунӣ ин корро карданд?

Аммо аҷибаш дар он аст, ки ба ҷойи ман ҳама вақт «замена» тайёр буд. Мардум бо нархи гарон билети «консерти маро» мехариданд, аммо дигар кас дар консерт баромад мекард. Чун ин ҳодиса бисёр такрор ёфту зангҳои телефонӣ зиёд шудан гирифтанд, мо ба хулосае омадем, ки бояд пеши роҳи ин амалро гирем. Бо ин мақсад, аз пайи пайдо кардани «мутасаддиён»-и консерт шуда, дар як муддати кӯтоҳ онҳоро ёфтем ва ҷарима бастем. Умедворам, ки ин ба дигар режиссеру продюсерҳои сохта панд мешаваду дигар ин номаъқулиро намекунанд!

— Овозаи дигаре, ки дар бораи шумо паҳн шуд, ин гӯё ба хизмати ҳарбӣ рафтани шумо буд…

— Бовар кунед, ин дурӯғ аст. Ман дар ин бора гап задан намехоҳам, фақат ҳамин қадар мегӯям, ки агар дар хизмат мебудам, ҳар рӯз консерт намедодаму клип ба навор намегирифтам.

— То ҷое медонем, модаратон дар идораи САҲШ кор мекунанд. Ба шумо через мешавад?

— (Механдад). Через дар чӣ? Аввал ин ки ман ба балоғат расидаам, 25 сол дорам. Ё шояд гумон мекунед, ки ман духтари ба балоғат нарасидаро мегирам? Фикр мекунам, мард бояд бо зани оқила ва ҳама ҷиҳата барои зиндагии оилавӣ омода издивоҷ намояд. Баъдан фикр мекунам, риояи қонун барои ҳама ҳатмист, новобаста аз он ки ту фарзанди корманди кадом идора ва ё мақомот ҳастӣ.

— Дар сомонаи «Одноклассники» қариб 20 нафар бо номи Наимҷони Сайдалӣ сабти ном шудаанд. Кадоми онҳо шумо ҳастед?

— Дутояш: Наимҷони Сайдалӣ ва Наимҷони Сайдалӣ-2. Боқимонда ҳама ба қавле «самозванец» ҳастанд.

— Баъзан дар ин сомона нисбати аксҳои шумо дашномҳои қабеҳ менависанд, ҳатто маҳалгароӣ мекунанд…

— Бале, дар профилҳои ба ном аз ман чунин ҳодисаҳо зиёд рух медиҳанд, аммо профили ман маҳкам аст, ғайр аз дӯстонам каси дигар даромада наметавонад. Дар мавриди маҳалгароӣ танҳо ҳаминро мегӯям, ки магар фаромӯш кардед, ҷанги бародаркуширо? Охир он низ маҳз аз ҳамин маҳалгароӣ шурӯъ шуда буд. Хоҳ хуҷандӣ ҳастӣ, хоҳ душанбегӣ, хоҳ кӯлобӣ, хоҳ помирӣ, пеш аз ҳама ту ТОҶИК ҳастӣ. Бисёр хоҳиш мекунам, ки мардум бас кунанд, ҳамин маҳалгароиро. Беҳтараш ин хислати бадро як сӯ гузошта, барои пешравии ватани азизамон камари ҳиммат бандем. Шахсан ман на кӯлобияму на хуҷандӣ ва на помирию на душанбегӣ, ман тоҷикам ва ба дигарон кор надорам.

— Бисёриҳо нисбати дар суруд зиёд истифода намудани лаҳҷа ба шумо эрод мегиранд. Худи шумо дар ин маврид чӣ мегӯед?

— Чаро зиёд лаҳҷаро дар суруд истифода мебарам? Барои он ки ман ба сурудҳои мардумӣ рӯ овардаам ва бо забони барои мардум фаҳмо месароям. Фикр мекунам, ки агар бо лаҳҷа сароӣ, мардум хубтар матлаби туро мефаҳманд.

— Агар чунин мебуд, пас чӣ ҳоҷат буд, барои қабул намудани «Қонун дар бораи забони давлатӣ»?

— Ман мақсади шуморо фаҳмидам. Ман сурудҳое, ки матнашон бо забони тозаи тоҷикӣ ё худ адабӣ навишташударо низ сароидаам. Дар репертуари ман чунин сурудҳо зиёданд. Масалан, аз ашъори Умари Хайём, Бедил, Ҳофиз, Хайём ва аз муосирон бошад, Лоиқу Хайрандеш зиёд истифода бурдаам. Вале дар баробари ин, сурудҳои бо лаҳҷаи хоси мардумӣ бисёр дорам.

Ман ин анъанаи бо лаҳҷа хонданро давом медиҳам, бигзор касе чизе мегӯяд, гуфтан гирад. Агар гӯем, ки ман соф лаҳҷавӣ мехонам, ин комилан хатост. Чунки дар репертуарам аз сурудҳои бо лаҳҷа хондаам дида, сурудҳои бо забони адабӣ иншошуда зиёдтаранд.

— Матни сурудҳои лаҳҷавиятонро худатон менависед ё…?

— То ҳанӯз дар репертуарам суруди «Шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям» вуҷуд надорад. Матни сурудҳои лаҳҷавиямро шоири мардумӣ — Сироҷи Абдулло менависад. Бубинед, ки новобаста аз лаҳҷавӣ будани ин сурудҳо онҳо аз маънӣ орӣ нестанд. Хеле мазмуни баланд доранду қолаби шеърию вазнашон нашикастааст.

— Биёриҳо сарояндагиро шуғл мегӯянд…

— Не, сарояндагӣ касб аст. Масалан, як табақтарош аз ҳисоби табақҳои тарошидааш рӯзашро мегузаронад, мо бошем, ба тӯйҳои мардум меравем, тӯйро бо заҳмати худ обод мекунем ва тӯйдор ҳаққи хизматамонро медиҳаду бо ҳамин рӯзамонро мегузаронем. Ҳар коре ки музди онро гирифтӣ, касб аст. Ин фикри шахсии ман аст.

— Шашмақом хонда метавонед?

— Бале, метавонам.

— Гуфта метавонед, ки дар репертуари шумо суруде дар жанри шашмақом ҷой дода мешавад?

— Хеле идеяи хуб пешниҳод намудед! Ташаккур! Маҳз ба хотири ана ҳамин саволи шумо дар ояндаи наздик ваъда медиҳам, ки як суруди шашмақом месароям.

— Имрӯзҳо дар байни сарояндаҳо бо забони помирӣ суруд хондан ба қавле «мӯд» шудааст. Соли гузашта Ҷонибек Муродов як суруди помирӣ хонд, имсол бошад, Нигина Амонқулова…

— Бубинед, Ҷонибеку Нигина бо забони адабии помирӣ суруд хонданд, ман бошам, бо лаҳчаи помирӣ насиб бошад, мехонам. Ба наздикӣ ба Дарвоз даъватӣ шудаам. Аз ҳамон ҷо як назар ба Помир меандозам ва ягон суруди мардумияшонро месароям. Фаромӯш накунед, ин дуюм идеяе аст, ки шумо ба ман пешниҳод намудед.

— Вале барои бо ягон забон суруд хондан сараввал бояд он забонро омӯхт, ҳамин тавр не?

— О вай ҳам забони мо тоҷикон аст. Фикр мекунам, ёд гирифтанаш душвор нест. Агар одам хоҳиш дошта бошад, ҳама кор мешавад.

— Ба Суғдзамин рафтаед?

— Ҳа, албатта. Таърихи ба он ҷо рафтани ман хеле хандаовар аст. Аз хурдӣ мешунидам, ки дар Айнӣ қурутҳои хеле бомазза тайёр мекунанд. Ҳаваси қурутхӯриам боло гирифту ба Айнӣ барои қурутхурӣ рафтам. (Механдад).

— Наход танҳо барои қурутхӯрӣ?

— Ин барои шумо хандаовар менамояд, аммо ин ҳақиқат аст. Ман ба Айнӣ танҳо барои қурутхӯрӣ рафта будам, на консерт додам ва на ягон клип сабт намудам.

— Хӯш, маззаҳои қурутҳои Айнӣ чӣ гуна буданд?

— Аз он чизе шунида будам, садҳо маротиба лазизтар омода мекардаанд. Ман ба ин ҳунари айнигиҳо қоил шудам. Натанҳо дар тайёр намудани қурут, балки меваҳои хушк низ онҳо хеле моҳир будаанд. Аҳсант!

— Тавре аз маҷмӯи сурудҳоятон маълум мешавад, дар мавзӯи ғарибӣ зиёд месароед. Ба Русия рафтанӣ нестед, то барои муҳоҷирон суруд хонед?

— Албатта рафтаниям, билет дорам, рӯзҳои наздик ба Русия парвоз мекунам. Медонед, қарибӣ имрӯз дарди ҷомеаи мост. Итминон дорам, ки ин сафар боз чандин одамонеро, ки солҳо боз зану фарзанд ва падару модарашонро аз хотир бароварда буданд, бармегардонам. Зиёд орзу дорам, ки модар рӯйи фарзанду фарзанд рӯйи падарашро, ки чандин солҳо боз надидааст, бубинад.

— Матлабатонро нафаҳмидам?

— Бубинед, замоне ки ман суруди «Ғарибӣ»-ро сароидам, як марде буд, ки бештар аз бист сол рӯйи пайвандон ва Ватанро надида буд. Вақте ки дар Русия ин сурудро шунид, ҳама корашро партофта, озими Ватан гардид. Ана ҳамон мард назди ман омада, зиндагиашро нақл кард ва изҳори миннатдорӣ намуда, ба ман як хона тӯҳфа намуд. Бинобар ин, мехоҳам, ин сафар камаш ба сад муҳоҷири тоҷик ёдрас намоям, ки «аз хотир набарор, туро падар, модар, фарзанд ва заминат интизор аст. Ту модари чашминтизоре дорӣ, ки онро ном Тоҷикистон аст ва ҳамеша туро бо оғӯши кушода интизор аст».

— Дар мавриди реклама чӣ ақида доред?

— Реклама набошад, тараққиёт ба нол баробар аст.

— Аслан сарояндаҳоро айни замон продюсерҳояшон реклама мекунанд, рекламаи шуморо кӣ ба ӯҳда дорад?

— Рӯзномаю радио. Имрӯз вазифаи продюсери маро бисёртар рӯзномаҳо иҷро мекунанд. (Механдад).

— Яъне?

— Продюсер кист? Продюсер шахсе ҳаст, ки маҳбубияти сарояндаро бояд ҳама ҷониба таъмин намояд ва яке аз корҳои муҳимтарини продюсер — ин реклама намудани сарояндааш мебошад. Аммо азбаски ман ягон продюсер надорам, шумо маро реклама мекунед, яъне яке аз корҳои «продюсери маро» иҷро мекунед.

— Чаро аз хизмати продюсер истифода намебаред?

— Барои он ки нест, продюсере ки бояд ҳамаҷиҳата бошад. Продюсер бояд аз ҳисоби худаш консерту клипҳои сарояндаро омода созад, аммо дар мо чӣ? Продюсер аз сароянда пул гирифта, консерташро барпо мекунад. Чӣ даркор ба ман ин хел продюсер? Ман хубтараш аз хизмати продюсерҳои рӯзноманигоронам истифода мебарам. (Механдад).

— Вале бархе аз сарояндаҳо меноланд, ки рӯзноманигорон аз пеши худашон менависанд…

— Ин дурӯғи маҳз аст. То ҳол ягон рӯзноманигор бо ман чунин рафтор накардааст. О ҳамкасбони азизи ман, масалан шуморо сад кас мешиносад, аммо сад каси дигар не. Мумкин як чӣ гӯям, менависед?

— Марҳамат…

— Баъдан аз ҳамаи рӯзноманигорон миннатдор ҳастам, ки ҳамеша ба мо, сарояндаҳои навхат дасти ёрӣ дароз мекунанд. Ба мо дар реклама хеле кӯмаки калон мерасонанд. Ман ҳама вақт дар хизмати рӯзноманигорон, кай вақте хоҳанд, бо камоли майл бо онҳо мусоҳиба мекунам.

— Боз чӣ гуфтаниҳо доред?

— Дигар ҳеҷ чиз, фақат мехоҳам, ки рӯзноманигорон алоқаашонро аз мо накананд ва ҳамеша дӯстии мо ва эшон ҳамин хел мустаҳкам боқӣ монад.

Фарангиси Фармон, «Ману ту»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!