ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

СИТОРАҲОИ ДУЗДАКУ МУХЛИСОНИ КАМЗАВҚ

Ситорахо

Ситорахо

Мегӯянд, ки Худованд ҷонро ба бадани одамизод бо садои най ворид сохтааст. Шояд пайванди ногусастании байни инсон ва мусиқӣ аз азал ибтидо гирифтаасту барои ҳамин ҳам савту наво як ҷузъи асосии ҳаёти одамон аст. Дигаронро намедонам, аммо ман хастагиямро бо мутолиаи шеър ва шунидани навои дилангезе мебарораму табиист, ки асабам низ ором мешавад.

Дар зеҳни роёнаам сурудҳои ҳунармандони маъруф Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Маъруфхуҷа Баҳодуров, Барно Исоқова, Аҳмад Зоҳир… маҳфузанд ва лаҳзаҳои рӯҳафтодагӣ маҳз садои ширини эшон хотирамро болида мегардонанд. Чанд рӯз пеш чанд суруди Нигина Амонқулова ва Муслима Қодироваро дар қатори ин ситораҳои ҳунар ҳифз кардаму гоҳ-гоҳ онҳоро низ мешунавам. Аламовараш он аст, ки имрӯз ҷавонони зиёде даъвои ситорагӣ мекунанду албомҳояшонро пайи ҳам сабт менамоянд, барои сабти клипҳояшон бошад, ба он тарафи дунё сафар мекунанд, аммо бовар кунед, сурудҳои бомаънию мувофиқи мақсадро ёфтан амрест маҳол.

Фиребгар кист?

Намедонам барои чӣ бошад, ҳофизони мо ҳамин, ки як суруд хонданду мухлисони камзавқи худро пайдо намуданд, дигар ба қавли маъмул «бо бинияшон осмонро мехарошанд» ва моҳу ахтаронро сӯз медиҳанд. Гузашта аз ин, хеле танбалу дурӯғгӯ ҳам мешаванд.

пеш аз ҷавони фиттафурӯше, ки дар гузаргоҳи зеризаминии назди «Автовокзал» савдо мекунад, фиттаеро харидорӣ кардам. Дар рӯйи фитта сурати Шабнами Сурайё ба либоси миллӣ тасвир ёфтаву зераш чунин навишта шуда буд: «Шабнами Сурайё, клипҳои соли 2013». Аммо хушбовариям маро фиреб дод, зеро дар фитта сурудҳои шаш — ҳафт сол пеш сароидаи Шабнам бо сифати хеле бад ҷой дода шуда буданд. Гап дар сари ҳамон чор сомонии сабил, ки бо роҳи фиреб аз ман «канданд» нест, аммо барои чӣ муштариёнро фиреб медиҳанд? Дар саргаҳи фиреб кӣ нишаста, пул кор мекунаду ба ин кӣ бояд ҷавоб диҳад?

Ситораҳои пуркибру ғурур ва ситорачаҳои навбаромади рекломхоҳ мегӯянд, ки паҳн гаштани сурудҳояшон бо роҳи дуздӣ сурат мегираду барои бесифатиашон онҳо гунаҳгор нестанд, аммо ба фикри ман ёфтани фиребгар кори душвор нест. Барои чӣ муштарӣ пул дода, бо умед «Клипҳои соли 2013» — и Шабнамро мехарам гуфта, сурудҳои ба «нафақа» баромадаи бе сифат сабтшударо харида, асабӣ мешавад? Бигузор масъулини фурӯши фиттаҳо ин амали ноҷавонмардонаро, ки боиси таҳқири харидорон аст пешгирӣ кунад.

Ҳофизони ҳарзагӯ

Пас аз шунидани сурудҳои ба рози дилгӯии девона монанди баъзе аз ситораҳои эстрадаи тоҷик, ба як хулоса меоӣ, ки шунаванда безавқу маъниношинос, ки шуд ҳофизон ҳарзагӯ ва танбал мешаванд. Аксарияти ҳофизони мо дар қадамҳои аввал сурудҳои хушоҳангу баландмазмун таҳия намуд пешниҳоди бинанда месозанд, ҳамин ки онҳоро ду кас шинохт Худо зад! Дигар чизеро мехоҳанд, ба бинандаи хеш пешкаш мекунанд, агар барои дуздидани навою оҳанги дигарон сарояндаҳоро ба китоби Рекордҳои Гиннес дохил кунанд, бе ягон шаку шубҳа ситораҳои танбалу дуздаки мо аввалин мешаванд.

Пас аз тамошои фиттаи сурудҳои Шабнами Сурайё, боз як копихонии таҳқиромези ӯро аз ситораи санъати Шарқ Аҳмад Зоҳир кашф кардам. Шабнам суруди машҳури «Лайлиҷон»-и Аҳмад Зоҳирро «Маҷнун»-ҷон карда мехонад, ки барои ӯ барин ҳунарманди шинохта айб аст. Кӣ ба Шабнам ҳуқуқ додааст, ки дар суруди машҳур, бигузор халқӣ ҳам бошад, тағйирот дохил кунад? Охир он солҳои тӯлонист, ки моли Аҳмад зоҳир ба ҳисоб меравад! Шабнам барои ин густохияш бояд аз рӯҳи Аҳмад Зоҳир бахшиш пурсад, ин андешаи ман аст чун як мухлиси ин овозхони шаҳир.

Копихонӣ айб нест, агар нисфи истеъдоди соҳиби сурудро дошта бошӣ. Хонандаҳои азиз шоҳиданд, ки сурудҳои Аҳмад Зоҳир аз тарафи сарояндаи ҷавонмарги тоҷик Зулфиқори Азиз хеле форам садо медоданд. Вақте «Поятонро аз кӯрпаатон берун дароз мекунед» ситораҳои гиромӣ андеша намоед!

Навҳаи мардону берӯии занон

Як падидаи номатлуби дигар дар Шоу-бизнеси тоҷик ба матни суруд аҳамият надодани ситораҳо мебошад. Барои ман чун як шунаванда нафратовар аст, вақте мард монандаи занон дар сурудҳояш навҳа мекашаду бонувон бошанд, баръакс бо як берӯии хос аз мард бӯсаю канор, аз ҳама бадтараш, никоҳу ҳамхобагӣ талаб мекунанд. Дарди зан ба дӯстдораш бояд чунон пардапӯшона изҳор карда шавад, ки пардаи шарму ҳаё канда нагардад. Вақте зан мехонад, ки:

Ман дар ҳаваси нигоҳи ту мурдам,

Ман дар ҳаваси никоҳи ту мурдам.

ё:

Як бӯса талаб кардам,

Чашмаш ба гирён омад.

ё:

Биё лаби об равем

Дар шаби маҳтоб равем.

Бигӯем бо ҳам рози дил,

Бо ҳам шабе хоб равем!

Ин аз ҳазор як мисоли беодобии бонувони санъаткори мост, ситора-хонумҳои моро лозим аст, ки дар тарзи либоспӯшӣ ва рафтору гуфтор намуна бошанд, зеро онҳоро садҳо духтаракони ҷавону бетаҷриба мухлисӣ мекунанд.

Ҳилолаи Баҳриддин, «Чархи гардун»

Filed under: Номаҳои хонандагон

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!