ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

Манижаи ҳиҷобпӯш беҳтар аст ё беҳиҷоб?

Манижа Давлат

Манижа Давлат

Манижа Давлатова — ин ном ҳанӯз аз соли 2002 инҷониб вирди забони мардуми тоҷик гардидааст. Ин духтараки зебо бо либоси миллии тоҷикона ва сабку услуби ба худ хос ҳанӯз аз замони қадамҳои нахустинаш ба саҳнаи ҳунар тавонист, як таконеро дар санъати эстрадии тоҷик ворид намояд.

Дар асл, Манижаи Давлат ибтидои соли 2000-ум рӯйи саҳнаи ҳунар омад ва дар кӯтоҳтарин фурсат миёни сокинони кишвар ва дигар форсизабонҳо маҳбубият пайдо намуд. Ӯ соли 2002-юм нахустконсерташро дар «Кохи Борбад» баргузор кард ва худи ҳамон сол албоми таронаҳояшро низ бо номи «Сарнавишти ман» ба бозор баровард.

Чаро имрӯз Файзигул Юсупова танҳо монд?

Он замон сарояндаҳои зан зиёд набуданд, аммо ҳамагӣ тавонистанд, дар фаъолияти худ дар кохи муҳташами «Борбад» консерти худро баргузор намоянд. Зеро он солҳо нархи иҷора хеле ҳам арзон буду сароянда метавонист, бе ягон мушкилӣ дар он консерти худро барпо намояд. Шояд аз ин хотир буд, ки он замон санъати эстрадӣ ба қавле «аз нав зинда шуд»-а буд. Аммо фикр мекунем, ки ин муҳим нест. Асрори аз ҳама ниҳони эстрадаи он замон дар ин аст, ки қариб ҳамаи сарояндаҳои машҳури солҳои 2002-2005 имрӯзҳо рӯйи саҳнаи ҳунар нестанд. Ҳамагӣ як-як саҳнаро бо сабабҳои маълуму номаълум тарк гуфтанд.

Наргис Садриддинова, Малика Саидова, Фирӯза Алифова, Файзигул Юсупова ва Манижа Давлатова аз чеҳраҳои шинохтаи вақт буданд. Вале миёни мухлисон ин се нафар — Файзигул Юсупова, Манижа Давлатова ва Малика Саидова маҳбубияти бештар дошт.

Малика дар он замон пас аз сафар ба Афғонистон хеле машҳур гардида буд, мисли он ки имрӯз Манижаро низ сабаби маҳбубияташро дар сафар ба Афғонистон мебинанд. Аммо фарқ байни ин ду сароянда дар он аст, ки Малика на мисли Манижа пас аз ин сафар саҳнаро ба якборагӣ тарк гуфт, балки санъати худро рушд дод ва танҳо чанд сол қабл бо сабаби тавофи хонаи Каъба намудан, саҳнаро тарк кард. Аммо то ҳанӯз ҳам мухлисони Малика ӯро дӯст медоранду фиттаҳояш дар бозори шоу-бизнес харидорони худро аз даст надодаанд.

Наргис Садриддинова низ аз ҷумлаи сарояндаҳое буд, ки бештар сурудҳои тӯёна месароиду сабку услуби ба худ хосе дошт, аммо тақрибан солҳои 2004-2005 яку якбора аз экрани телевизионҳои мо ғайб зад. Сабаби аз саҳна рафтани Наргисро шореҳон бештар дар шавҳар кардан ва оиларо интихоб намуданаш мебинанд.

Фирӯза Алифова низ мисли Наргис яку якбора саҳнаро тарк кард. Авҷи ҳунари ин сароянда пас аз сафар ба Ҳиндустон буд, ки аксҳои бо либоси ҳиндуёна гирифтааш он замон дар муқоваҳои дафтару рӯзномаҳо хеле зиёд ба чашм мерасиданд.

Манижа Давлатова, қаҳрамони матлаби мо баробари ворид шудан ба саҳна тавонист, ки мӯйҳои ҷингила ва ӯсмаю сурмаи бобоии моро аз нав ба «зебосанамҳои муосир» муаррифӣ намояд. Албатта, дар аввал буданд ақидаҳое, ки «причёска»-и Манижа ғайриоддисту аз доираи одоб берун. Чун тарзи ороиши мӯйи Манижа аз дигарон билкул фарқ мекард.

Хусусан аксаран вақт Манижа бо мӯйҳои баланд бардошта ва зулфони аз ду тараф баровардаю ҷингалакарда рӯйи саҳна мебаромад. Аммо новобаста аз танқиди бархеҳо бештари духтарон маҳз ба ана ҳамин тарзи ороиши мӯй диққат медоданд ё ба қавле ин гуна ороиши мӯй байни гулдухтарони точик мӯд шуд. Манижа маликае буд, ки садҳо духтарону занон орзуи ба ӯ монанд шуданро мекарданд ва ҳатто аксари сарояндаҳои ба тозагӣ вориди саҳнашуда талош менамуданд, ки ба ӯ монандие дошта бошанд.

Файзигул Юсупова низ яке аз сарояндаҳое, буд ки миёни омма бо номи «Файзигули китфҷунбон» маълуму машҳур буд. Хусусан суруди «Деҳқонбача»-ю «Найнавоз»-ашро мардум хеле зиёд гӯш мекарданд. Ҳатто ёд дорам, ки замони мактабхонии мо дар чорабиниҳои мактабӣ — «Иди Алифбо»-ю «Иди камолот» ва «Занги охир» мусиқии ин ду суруд садо медоданд. Аммо тақрибан солҳои 2005 Файзигул низ аз экрани телевизионҳои мо дур шуду танҳо соли 2008 боз аз худ ба қавле «дарак» дод.

Аммо ин навбат Файзигул он Файзигули солҳои 2000-ум набуд. Тарзи либоспӯшию ороиши мӯяш тағйир ёфта буд. Аммо он рейтинге, ки солҳои 2000-ум дошт, аз даст дода буд. Зеро соли 2008 санъати эстрада ба авҷи аълои худ расиду аллакай рақибони зиёде рӯйи саҳна омада буданд. Аммо новобаста аз он ки Файзигул он рейтинги пештараи худро надошта бошад, ҳам имрӯз дар саҳнаи ҳунар аз он панҷгонаи соли 2002 танҳо ӯ боқӣ мондаасту халос.

Сафари Афғонистон ва сукути Манижа

Манижа аз ҷумлаи камтарин овозхонҳои зан дар Тоҷикистон буд, ки соли 2006-ум ба Афғонистон рафт ва дар он ҷо барномаҳои консертӣ ҳам дод, ки овозаи шӯҳраташро ба офоқ расонид. Ин сафар Манижаро куллан тағйир дод. Акнун аз он Манижаи ҷингиламӯй дараке набуд. Дигар Манижаро шинохтан ғайриимкон буд, зеро тарзи либоспӯшӣ, ороиши мӯю рӯй ва ҳатто рақсҳояш низ тамоман дигар шуда буданд. То рафтани Манижа ба Афғонистон мардуми он ҷо аз овозхонҳои тоҷик танҳо Маликаро мешинохтанду халос.

Аммо Манижа рафту он ҷо дар китоби санъати тоҷик саҳифаи тозае кушода шуд. Ҳамакнун тамоми мардуми Афғонистонро на шаб хоб буду на рӯз. Ҳатто бебизоаттарин шахс талоши онро мекард, ки ақаллан аз беруни толор овози Манижаро бишнавад. Овозаи ҳусни зебою рақсҳои ҷаззоби ин зебосанами тоҷик Афғонистонро ба ларза дароварда буд. Шоҳидони ин консерти осмонкаф мегӯянд, ки чӣ қадаре ки дар даруни толор одамон буданд, аз он зиёдтар одамон дар беруни толор муштоқи дидори ӯ буданд.

Хулоса, консерти Манижабону, ки муаррифии албоми наваш — «Дар ёди падар» буд, бо як шукӯҳу шаҳомати хосае дар ду шаҳри бузурги Афғонистон — Мазори Шариф ва Кобул баргузор гардид ва то ҳанӯз ҳам дар бозорҳои Афғонистон ин фитта назар ба дигар фиттаҳои таронасароён қимматтар меистаду хеле камёфт ҳам аст. Ҳар тоҷике, ки ба Афғонистон меравад, аз он ҷо ҳайратзада меояд: «Аз ман танҳо дар бораи Маликаю Манижа мепурсанд. Намегӯянд, ки оё ту Манижаро мешиносӣ ё на? Мегӯянд, ки ҳатман саломи эшонро ба Манижа расонаму аз ӯ хоҳиш намоям, ки боз ба Афғонистон ояд».

Баъд аз ин сафараш дигар Манижа дар саҳнаи ҳунар кампайдо шуд ва дар бораи зиндагиву кори ӯ низ сару садоҳое паҳн гардиданд. Бо вуҷуди ин ҳам то ҳанӯз Манижаи Давлат далели сукут ва канор рафтан аз саҳнаи мусиқиро шарҳ надодааст. Танҳо дар саҳифаи интернетии «Википедия» роҷеъ ба сукути Манижа оварда шудааст, ки гӯиё худи Манижа сабаби аз саҳна рафтанашро дар оинҳои динӣ ва пайдо шудани шахсони тасодуфӣ дар саҳнаи ҳунари тоҷик шарҳ додааст. Ба гуфти Манижабону, имрӯз самои эстрадаи моро «ситораҳо»-е гирифтаанд, ки аксарашон ҳатто овози хуш надоранд, куҷо расад ба дарки шеърфаҳмию шеърдонии эшон.

Дар миқёс бо сарояндаҳое, ки баробари аз саҳна рафтанашон аз хотири мардум зудуда шуданд, Манижа тавонист, натанҳо аз ёдҳо наравад, балки чун беҳтарин сарояндаи тоҷик боқӣ монад. Бештари мардум ӯро Diva-и тоҷик мегӯянд ва бархеи дигар бошад, маликаи саҳна. Имрӯз новобаста аз он ки Манижа дар саҳнаи ҳунар зиёда аз 8 сол инҷониб ҳунарнамоӣ намекунаду аҳён-аҳён суруд мехонад («Осмон боронист», «Аз чашмони ту метарсам» ва «Ватан»), аз ёду хотираи мардум нарафтааст ва тасаввурнопазир аст, ки ӯро фаромӯш кунанд.

Манижаи ҳиҷобпӯш беҳтар ё беҳиҷоб?

Пас аз ин сафар дар саҳфаҳои интернетӣ расмҳои бо ҳиҷоб гирифтаи Манижа рӯз аз рӯз меафзуданд. Азбаски ҷомеаи Тоҷикистон 90%-аш мусалмон ҳастанд, ин кори Манижаро хуш пазируфтанд. Ҳатто Афғонистони ҳамсоя, ки Манижа дар он кишвар на камтар аз Тоҷикистон маҳбубият дорад, бо як хушнудӣ қабул намуданд.

Имрӯз ҳиҷоби Манижаи Давлат мавзӯи баҳси №1- расонаҳои афғонӣ ва саҳфаҳои интернетии онҳо ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон низ ба ин мавзӯъ на камтар аз Афғонистон таваҷҷӯҳ мекунанд. Зеро имрӯзҳо Манижа яке аз чеҳраҳои серхаридортарини рӯзномаҳо ба ҳисоб меравад. То ҳанӯз аз ӯ мегӯянду мегӯянд. Мавзӯи баҳси ҳиҷоби Манижа низ имрӯзҳо дар набзи ахбор қарор дорад. Ҳастанд мухлисоне, ки бо тарк гуфтани саҳна ӯро ба «бевафо»-ӣ ва беэҳтиромӣ нисбати муҳаббати мухлисонаш айбдор намудаанд.

Аммо ҳам ба мухлисони афғон ва ҳам ба бештари мухлисони тоҷик ҳиҷоб пӯшидану напӯшидани Манижа аҳамияте надорад, чун эшон мехоҳанд, лоақал сурудеро бо садои ӯ бишнаванд. Барои мухлисон муҳим он нест, ки Манижа бо кадом либос суруд мехонад, муҳим он аст, ки ӯ кай ба саҳна мебарояд.

Аз мушоҳидаҳою пурсиши андешаҳо танҳо ҳаминро хулоса метавон кард, ки Манижа имрӯзҳо бо ҳиҷоби хеш муҳаббати бештареро пайдо кардааст. Ҳатто афроде буданд, ки Манижаро гӯш намекарданд, аммо бо дидани аксҳои бо ҳиҷоб гирифтааш нисбат ба ин хонуми сароянда меҳр пайдо кардаанд. Акнун ягона чизе, ки мардум аз Манижа мехоҳад, ин бозгашти  ӯ ба саҳнаи ҳунар аст. Аммо кай ин кор ба амал меояд, инро танҳо Худо медонаду худи Манижа…

Фарангиси Фармон, «Ману ту»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон

2 комментария

  1. Hudovand Shumobarin Farishtaro Nigahbon Bosha

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!