ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

Шон МС — рақиби Баха-84

Шон МС

Шон МС

Шон МС — репсарое, ки имрӯзҳо байни ҷавонон хеле маҳбубияти беандоза дорад ва бархеҳо бар он ақидаанд, ки айни замон байни ӯ ва репсарои дигари тоҷик Баха-84 рақобат мавҷуд аст.

Ҳатто Шон МС тавонистааст, ки аз озмуни «Шӯри ҷавонӣ» истифода бурда, мақоми Бахаро соҳиб шавад. Баҳри ворид шудан ба ҷаҳони Шаҳбоз ва дарёфти посухҳои аниқ ба саволҳо тасмим гирифтем, сӯҳбате дошта бошем бо ӯ.

— Сараввал мехостем бифаҳмем, ки чаро ба худ тахаллуси Шон МС-ро интихоб намудед?

— Маънои калимаи «Шон»- Шаҳбоз — ороишдиҳандаи нутқ мебошад. Маънои МС бошад, «мастер слов», яъне устоди сухан аст.

 — Шумо худ ба Шаҳбоз — ороишдиҳандаи нутқ ва устоди сухан буданатон розӣ шуда метавонед?

— Албатта, не. Ман ин тахаллусро панҷ-шаш сол пеш, ҳангоме ки дар мактаби миёна мехондам, барои худ интихоб намуда будам. Он замон ман ин ибораро чунин шарҳ намедодам ва сарфаҳм ҳам намерафтам, ки замоне аз ин се ҳарф як ибораи хубе барои пешравии кор ва мутобиқ ба номам мебарояд. Чаро ман ибораи «Шон»-ро тахаллус интихоб намудам? Замоне, ки нав ба ин жанри мусиқӣ рӯ овардам, Шон Пол ном репсарои англисе миёни мо ҷавонон хеле маҳбубият дошт.

Шояд орзуи мисли ӯ машҳур гардидан маро водор сохт, ки ин тахаллусро ба худ касб намоям. Вале бояд як чизи дигаре лозим буд, ки маро аз Шон Пол фарқ кунонад ва пас аз андешаҳои зиёд ба хулосае омадам, ки ду ҳарфи дигар ба ин ибора бояд илова шавад. Ин булл, ки ман интихоб намудам ҳарфҳои МС-ро, ки он замон аксарияти репсароён ин ду ҳарфро дар давоми номи худ илова менамуданд.

Пас аз он ки мактабро хатм намудаму ба қавле каме «ақлам даромад», фикр кардам, ки агар ягон кас маънои ин ибораро пурсад, бояд ҷавоб дода тавонам. Рӯ овардам ба онҳое, ки аз забон хуб огоҳ буданд. Онҳо ба ман маслиҳатҳои гуногун медоданд, аммо ҳеҷ яке аз он маслиҳатҳо бароям писанд намеомаданд. Билохира, ба хулосае омадам, ки худам бояд маънии онҳоро ёбам.

Маҷбур шудам, ба луғат рӯ оварам ва калимаҳои беҳтаринро, ки бо ин cе ҳарф оғоз мешаванд, пайдо намудам. Худ низ ҳар хел ибораҳо месохтам, аммо ахиран истодам сари ибораи «Шаҳбоз — ороишдиҳандаи нутқ». Албатта, айни замон ман сазовор ба ин ном нестам. Аммо кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки дар оянда сазовори ин ном бошам. Барои ин заҳмати зиёде бояд кашам.

— Ҳамчун репсаро шумо метавонед гӯед, ки реп аз дигар жанрҳои мусиқӣ чӣ фарқият дорад?

— Фарқияти асосияш дар он аст, ки ин жанр нисбатан озодтар асту назар ба дигар жанрҳо хеле ҳам осон.

— Осон? Ба кадом маъно?

— Ба он маъно ки ҳар касе мехоҳад, метавонад, дар ин жанр худро санҷад. Албатта, онҳо репсарои асил нестанд, аммо метавонанд, худро санҷанд. Мисол, дар эстрада барои сароидани як суруд бояд оҳанг ба овозат мувофиқ бошад, матни хубу фаҳмо ва маънидор бошад (ин танҳо ба ном шартҳои эстрадаанд, дар асл ками андар кам сарояндаҳои эстрада ин шартҳоро иҷро мекунанд), дар реп ин гуна шартҳо нестанд. Чун матнро аксаран вақт худи репсароён менависанд, барои дарёфти оҳанг ягон хел оҳангсозу доднандаи мусиқӣ лозим нест. Чун аснои хондан, оҳанг худ аз худ пайдо мешавад.

— Аслан шумо кадом мавзӯҳоро интихоб мекунед?

— Мавзӯи асосии реп — ин дарди ишқу ошиқӣ аст. Бештари ҷавононе ки ба ин ҷода қадам мемонанд, аз сабаби бе ҷавоб мондани ишқашон аст. Чаро имрӯзҳо ҷавонон бештар ба реп рӯ меоранд? Барои он ки ҳар чи ки дар дил доранд, озод баён карда метавонанд.

Мисол, барои ибораи «Ман туро дӯст медорам» гуфтан сад ҷумла намегӯянду ин ибораро мегӯянду тамом. Мисли сарояндаҳо аз паси як қофия мувофиқ омадан аз паси сад шоир сарсон намешаванд. Яъне, матнҳои реп вазну қофия надоранд. Хулоса, репсароён шаф- шаф накарда, шафтолуи гапро мегӯянд.

— Гуфтед, ки мавзӯи асосии реп — ишқ аст. Аммо репсароёни машҳури мо амсоли — Мастер Исмайл бештар мавзӯи иҷтимоиро ба ин ришта мекашаду аз ишқу ошиқӣ фарсахҳо дур аст ва ин дард барояш бегона аст…

— Бале, хеле дуруст қайд кардед. Воқеан ҳам Мастер Исмайл репсарои машҳур ва соҳибмалака аст. То ҷойи шунидам, ӯ ду донишгоҳро бо муваффақият хатм намуда, чандин сол боз дар Русия зиндагӣ ва фаъолият дорад. Ӯ алакай ба қавле «пухта расидааст», аз зиндагии мардум, хусусан одамони берун аз ватан хуб огоҳ асту метавонад ин мавзӯро баррасӣ намояд. Ба қавле, аллакай дар ин мавзӯъ «мастер» аст. Болои ҳамаи ин, инсони ниҳоят хоксор аст. Шояд асрори муваффақияташ низ маҳз дар хоксорияш бошад. Ман низ дар ин мавзӯъ навишта метавонам, аммо намехоҳам.

— Чаро?

— Барои он ки ҳоло ақли ман ба ин дараҷа нарасидааст. Шахсан худи ман дар ин мавзӯъ ҳоло ба қавле «гаранг» ҳастам. Бароям сарфаҳм рафтани мавзӯи иҷтимоӣ хеле мушкил аст. Ҳоло ман омода нестам, ки дар ин мавзӯъ реп хонам, зеро барои сарфаҳм рафтани зиндагии мардум бояд зиёд омӯзию ба қавле «пухта расӣ». Ягона дарде, ки имрӯз атрофи он ман реп мехонам, ин мавзӯи ишқ аст, чун имрӯз танҳо ҳамин дардро дорам (механдад).

Баъд ин ки доираи шунавандагонам аз ман танҳо репҳои дар мавзӯи ишқ эҷодшударо шунидан мехоҳанд. Доираи шунавандагони Мастер Исмайл бошад, баръакс нисбати ишқ бегона ҳастанду ин мавзӯъ барояшон кӯҳнашуда. Онҳо масоили иҷтимоиро мехоҳанд шунаванд. Яъне ҳар кас бояд мувофиқи таъбу завқи мухлисонаш сарояд. Баъдан фикр мекунам, ки ин мавзӯъ барои ман нест. Намехоҳам, бо сароидани репҳои иҷтимоӣ барои худ «проблема» кунам.

— Яъне?

— Яъне он чи ки аз ӯ умеди беҳбудӣ надорӣ ва хуб медонӣ, ки пас аз анҷом додани он ба худ мушкилӣ эҷод мекунӣ, хубтараш ба он даст назанӣ. Иҷтимоъ барои ман нест ва намехоҳам, барои «авторитет» шуда, ба худам монеа эҷод намоям. Сиёсат бароям бегона аст. Мегӯянд, коре, ки ба ту дахл надорад, худро дар он наандоз. Чӣ даркор сари бебалоро дар бало мондан?

— Бархе бар он боваранд, ки реп кори бекорхӯҷаҳо аст?

— Киҳо ин гапро мегӯянд? Шахсан ман бештар вақт дар «Шабакаи аввал» мебинам, ки се- чор одами калонсол, ки дар бораи реп умуман маълумот надоранд, онро танқид мекунанд: реп бемазмун аст, маъно надорад, хулигану бекорхӯҷаҳо онро мехонанд, моли мо нест, барои мо бегона аст ва ғайраву ҳоқазо. Чаро ин тавр мекунанд?

Барои он ки дар замони онҳо реп набуд, баъзеи онҳо то ҳанӯз ҳатто зидди эстрада ҳастанд, реп он тараф истад. Реп нав пайдо шуд. Реп ҳамсоли мову шумост ва ӯ ҳамроҳи мо калон хоҳад шуд. Бубинед, вақте ки мо калон шудем, ҳеҷ гоҳ намегӯем, ки «реп кори бекорхӯҷаҳост», зеро мо аллакай дар борааш маълумот дорем.

Мисоли оддӣ, як ҷавон ба боғ меравад. Он ҷо ду зани калонсолро мебинад, ки бо ҳам сӯҳбат доранд. Он тарафтар равад, мебинад, ки ду марди калонсол бо ҳам шоҳмотбозӣ доранд. Дар гӯшаи дигар бошад, ҷавонони ҳамсоли худаш. Бигзор ин ҷавондухтар бошад. Акнун тасаввур мекунем, ки ӯ бо як ҷавон аҳди муҳаббат басту ӯ фиребаш дод.

Агар ӯ назди занҳои калонсол рафта, дардашро гӯяду маслиҳат пурсиданӣ шавад, медонед дар ҷавоб чӣ мешунавад: «Мур ба ҳамон рӯзат, ки туро гуфт, ки бо бача гард? Рӯзат аз ин бад!». Ба пеши мардҳо рафта гӯяд, онҳо мегӯянд: «Бар падари падару модарат ва авлодат лаънат! Агар духтари худам мебудӣ, реза-реза мекардам! Дафъ шав аз пешамон!»

-Агар ӯ ба назди ҳамсолони худ равад, ӯро хуб дарк мекунанд ва маслиҳат медиҳанду ин духтар метавонад, аз ин варта раҳоӣ ёбад.

Ман ин мисолро ба кадом хотир овардам? Барои он ки ҳар як насл ба худ як фикру ақида дорад. Ақидаи калонсолон дигар хел аст, онҳо дар дигар муҳит ба воя расидаанд, муҳити мо бошад, дигар аст. Пеш агар бо мактуб, бо шеъру рубоӣ, бо гул изҳори муҳаббат мекарданд, имрӯз бошад, аксари ҷавонони мо ба воситаи реп дарди дилашонро мегӯянд, чун замона чунин аст. Новобаста аз ҳама монеаҳо ҷавонон ба ин жанр шавқу рағбати бештар доранд. Агар бовар накунед, аз назди дӯконҳои фиттафурӯшӣ гузаред, мебинед, ки аксари одамон фиттаҳои репсароёнро мехаранд.

— Шахсан худи ман репро намефаҳмам. Шояд мазмун дошта бошад, аммо як қолаби аниқ надорад. Ба қавле «Як пояш дар боғу як пойи дигараш дар роғ». Болои ин ҳама, суханҳои қабеҳ дар ин жанр зиёд истифода мешаванд…

— Бале, ин гуфтаатон дуруст аст. Аммо як чиро ба назар бигиред: Ҳар репсарое, ки ба ин ҷода қадам мемонад, ҳар хеле ки худ мехоҳад, ҳамон хел сароидан мегирад. Баъд ин ки ягон кас барои ин кор репсароро ҳуқуқи паст задан надорад. Медонед чаро? Барои он ки мо озод ҳастем. Моро касе дастгирӣ намекунад, ҳар кас ки як репсароро дид, кӯшиш мекунад, зарарашро ба ӯ расонад, ҳама ҷо репро ганда мегӯянд.

Бубинед, як кӯдак тӯббозӣ мекунаду ногаҳон тӯпаш ба тирезаи ҳамсоя мезанаду он мешиканад. Ҳамсоя кӯдакро чунон дашном медиҳад, ки беҳисоб. Бадиҳои ҳафт пушташро таъна мезанад ва дар охир мегӯяд: «Туро авлодат ки паст буд, ту ҳам паст меравӣ. Ҳафт пуштат ки бад аст, ту ҳам бадӣ ва ҳеҷ гоҳ нек намешавӣ!» Дар хона бошад, ин кӯдаки бечораро мушту шаллоқи падару модар ва таънаю маломат интизор аст.

Барои як гуноҳи саҳван содир намуда, ҳаёти ин кӯдак хароб мешавад. Чӣ хел? Ҳама ӯро бад мегӯяд, таъна мезананд, ҳамсоя бинад, санг мепартояд, пеш мекунад, падару модар низ ҳамчунин. Дар натиҷа, кӯдак дилшикаста мешавад ва бо бачаҳои авбошу кӯчагард, дузду ғоратгар ҳамроҳ гардида, воқеан ҳам бад мешавад. Ба ҳамаи ин кӣ гунаҳгор? Албатта, ҷомеа. Агар ҷомеа ӯро ин қадар сахт намегирифту баръакс насиҳат мекард, шояд чунин намешуд.

Тақдири репи имрӯзаи мо мисли тақдири ҳамин писарак аст, ки барои саҳван тирезаро шикастанаш, ба бархӯрди сахти ҷомеа рӯ ба рӯ шуд. Ҳар як чиз ҳангоми нав ба камол расиданаш хатоиҳо дорад, ҷомеа бояд ин хатоиҳоро фаҳмонад, на ин ки таъна занаду бад гӯяд. Имрӯз як репсаро баромада, суруд мехонад ва пӯшида нест, ки суруди ӯ хатоиҳо дорад. Тамоми радиову телевизион сар мекунанд: «Э вай ин хелӣ хонду тафаккури ҷомеаро вайрон кард».

Ҳама ҷо моро бад мегӯянд, ҳама ҷо умедҳои моро барбод медиҳанд. Як касро бад гӯйӣ, бад шудан мегирад. Чун реперон мебинанд, ки мардум ба онҳо рӯйи хуш нишон намедиҳанд, дар чорабиниҳо сароиданашонро манъ мекунанд, мепардозанд ба сароидани матнҳои ҳақоратӣ. Ба ҳамаи ин ҷомеа гунаҳкор аст, агар онҳо ба мо кӯмак кунанд, ақаллан монанд, ки мо баромад кунем, он гоҳ онҳое, ки шеърҳои пастмазмун мехонанд, шарм медоранду аз чунин матнҳо даст мекашанд.

— Вале то ҷойи шунидам, дар репертуаари шумо низ репҳои ҳақоратӣ кам нестанд?

— Бале, ман доштам ду-се репе, ки матнҳои ҳақоратӣ доштанд. Аммо сароидани онҳо сабаб дошт. Аввалин репи сароидаам «Духтарак ҷунбон дунё ғаниматай» ном дошт. Пас аз баромадани ин реп ду-се репсарое ёфт шуданд, ки ба матни ин сурудам бо ҳақоратҳои қабеҳ ҷавоб доданд. Ман низ маҷбур шудам, ба онҳо ҷавоб гӯям. Баъд ин ки он замон реп танҳо дар миёни як гурӯҳ ҷавонон маъмул буду халос. Онро қариб нисфи ҷомеа намедонист.

Он замон ман хеле ҷавон будам. Ҳоло сахт пушаймонам, зеро хуб медонам, ки ин репҳо дар оянда маро пешпо хоҳанд дод ва алакай аз сӯҳбат бо шумо ин пешпоиҳо шурӯъ гардиданд. Фардо агар ман машҳур шаваму репро ҷомеа эътироф намояд, шахсоне ёфт мешаванд, ки ин репҳои маро кофта мебароранд ва мухлисони ашадиям ба рӯям туф хоҳанд кард, барои хатоии гузаштаам, ки аз шӯри ҷавонӣ буд. Бинобар ин, ба ҳамаи репсароён тавсия медиҳам, ки аз ин матнҳои ҳақоратӣ даст кашанд, бовар кунед, оянда пушаймон мешавед, аммо дигар суд надорад.

— Хуб, гуфтед, ки моро дастгирӣ намекунанд. Ман шахсан ба ин фикри шумо розӣ шуда наметавонам…

— Чаро?

— Барои он ки Телевизиони «Пойтахт» махсус барои репсароён озмун эълон карда, ду маротиба консерти репсароёнро ҳам бароҳ монда буд. Пас чаро шумо инро нодида мегиред?

— Бале, воқеан ҳам ман аз мутасаддиёни телевизиони «Пойтахт» аз замин то осмон миннатдор ҳастам, ки бо ин ҳама монеаҳо ба рӯямон дари умедро кушоданд. Хусусан ба апаи Шоираи Раҳимҷон. Ин зан ягона шахсе аст, ки моро дастгирӣ намуд. Бовар кунед, пас аз ин озмун матнҳои ҳақоратӣ хеле ҳам кам шуданд. Аллакай баъзе репсароён аз хондани сурудҳои пур аз дашному ҳақорат шарм медоранд. Ин озмун умедеро дар дили репсароён ҷо намуд. Онҳо бовар намуданд, ки «сад дар баставу як дар кушода» будааст. Аммо бо як гул баҳор намешавад.

— Ҳар як сарояндаи эстрадӣ барои як суруду оҳан камаш 2 ҳазор доллар масраф мекунад, репсаро чӣ?

— Хушбахтона, мо метавонем, қиммати қимматаш то сад доллар як реп омода намоем. Чунки оҳанги репро эҷод кардан хеле осон асту сабти он вақти хеле ҳам кам мегирад.

— Манбаи даромади сарояндаҳо асосан тӯйҳо ҳастанд, аз они шумо чӣ?

— Мо ягон манбаи даромад надорем.

— Пас чаро…

— Танҳо барои он ки мо ба ин ҳавас дорем. Шумо ҳама вақт мегӯед, ки матнҳои репҳои мо харобанд. Чӣ магар матнҳои сарояндаҳои эстрадӣ хубанд? Биёед, як дида мебароем. Як ҳофиза баромада мегӯяд:

Ана, ана ман,

Фирӯза ман.

Ҳама бинед, рақсидану бозидани ман.

Ин чӣ маъно дорад? Ин ҳофиза ба мардум чӣ гуфтанӣ аст? Магар ба тоҷикдухтар мезебад, ки чунин гапҳоро гӯяд?! Ё яктои дигараш баромада мегӯяд:

Латта бастум дар дари дарвозатон,

Очама ройӣ мукунум хонатон.

Ин чӣ шармандагист?! Кадом духтар модарашро ба хостгорӣ равон карда буд. Чаро онҳо дар хондани ин матнҳо шарм намедоранд?! Магар оини тоҷикӣ инро раво мебинад, ки модари духтар ба хостгорӣ равад? То ҷое ки ман медонам, модари писар ба хостгорӣ меравад, нав фаҳмидам, ки духтари тоҷик модарашро ба хостгорӣ мефиристад. Яктои дигараш мегӯяд, ки:

Гули шафтолую санҷид сарнишеб,

Гули шафтолу саломи гули бед.

Ин чӣ маъно дорад, бед ҳам гул доштаааст? Нав фаҳмидам, ки гули шафтолу саломи гули бед будааст. Хайр, реп — сағераи дар кӯча партофта шудааст, аммо эстрада-ку дар фарҳанги мо мақоми махсус дорад, чаро касе онҳоро танқид намекунад?! Ё фақат тири таънаю танқид ба мо нишон гирифта мешаваду мо ҳадафи он қарор мегирем?!

— Чаро репро «сағераи дар кӯча партофта» гуфтед? Шумо бо ин суханҳоятон чӣ гуфтанӣ ҳастед?

— Бубинед, як зан кӯдак таваллуд мекунад ва ӯро дар роҳ мепартояд. Ягон кас ӯро модарӣ намекунаду парастишгоҳе ӯро қабул намекунад. Ояндаи ӯ чӣ мешавад? Ӯро бомжу авбошон ба парасторӣ мегиранд, дар натиҷа ӯ низ як одами барои ҷомеа хатарнок ба воя мерасад. Боз ҷомеа менолад, ки дузд пайдо шуд, авбош пайдо шуд! Охир, кӣ ӯро ба ин аҳвол расонд?

Мо, ҷомеа. Реп низ мисли ана ҳамон кӯдаке аст, ки модараш таваллуд карду дар роҳ партофт ва ӯ ҳоло худ мустақилона калон шуда истодааст. Тоҷикистон репи точикиро таваллуд кард, аммо модарӣ накарду дар роҳ партофт ва реп ҳоло мустақилона гоҳе бо авбошон, гоҳе бо бомжҳо калон шуда истодааст.

Агар Вазорати фарҳанг моро дастгирӣ кунад, дар консертҳо роҳ диҳад, он гоҳ мебинед, ки репи тоҷикӣ чӣ қадар тараққӣ меёбад. Бубинед, ки Мастер Исмайлро дар Русия чӣ қадар одамон мешиносанд. Ӯ бо тахаллуси М1 дар кулли Аврупо машҳур аст. Охир ӯ тоҷик аст-ку! Новобаста аз ҳамаи монеаҳо ҳамеша бо фахр «ман тоҷикам!» мегӯяд. Агар Тоҷикистон репро модарӣ кунад, пешравиҳое мешавад, ки кулли ҷаҳон дар ҳайрат мемонад.

— Чӣ хел пешравӣ мешавад, вақте ки ҳамаи оҳангҳои аксарияти репсароён дуздист?

— Бале, мо оҳанги тайёр мегирем. Медонед чаро? Барои он ки мо ягон манбаи даромад надорем. Моро касе дастгирӣ намекунад, ҳама ҷо моро танқид мекунанд. Пагоҳ як қонуне барояд, ки репро дар Тоҷикистон манъ карда шавад. Он гоҳ ҳамаи меҳнатҳои мо бар бод мераванд. То ин ки ҳам сих сӯзаду ҳам кабоб, хубтараш ё сих сӯзад ё кабоб.

Сӯҳбаторо: Фарангиси Фармон, «Ману ту»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон

3 комментария

  1. Шон МС шумо барой чи хамеша раками 12 ро дар репхоятон ном мебаред раками 12 чи маъне дорад

  2. jam jonee:

    Рост мега Шахбоз чида я барномаи телевизиони барои матнхои эстради намеравад ? ба истилохи имруза (ёки ваё тага доран касе кордор нестйшон)

    • рост мегуй
      братм
      реперора
      бояд дастгири кнан
      сурудои точики дар эстрада ягон мани надоран
      Ана Ана ман гуфтан чи мане дора
      шахсан ами ма суруди точики гуш накадам намекнм….

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!