ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

Шабнамҳо, Таҳминаҳо, Фирӯзаҳо, Бунафшаҳо, Сурайёҳо… Кистанд онҳо?

Шабнам - Фарзон - Сурайё

Шабнам — Фарзон — Сурайё

Дар «кӯл»-и шоу-бизнеси тоҷик бо шитоб заврақҳои нав ба шино медароянд. Табиист, ки на ҳамаи онҳо ба соҳили мурод мерасанд, ҳатто бархе дар аввали масир бозпас гашта, қисме то миёна ҳам намерасад.

Танҳо гуруҳи хурде дар ин кӯл ҷову макон пайдо мекунад. Бештари ин заврақнишастаҳо ба гуруҳи сарояндаҳо шомиланд. Дар кӯли шоу-бизнес ҳамномҳо ҳам ҳастанд. Дар ин матлаб суроғи чанд овозхони ҳамном рафтем, аммо танҳо аз онҳое мегӯем, ки муваффақанду заврақашонро кайҳо ба киштӣ ва ҳатто “яхта” иваз кардаанд.

Аз ҳама бештар Шабнамҳо зиёданд. Аммо теъдоди Шабнамҳои муваффақ дар ҳоли ҳозир ба се мерасад ва шинохтатарини онҳо Шабнами Сурайё мебошад. Ӯ аз хонаводаи сарояндахез аст. Бештар тарафи модарии Шабнам ҳунари хонандагӣ ва шуҳрат ёфтанро доранд. Шабнам овозхониро аз модараш — Сурайё Қосимова, ки примадонаи тоҷикаш ҳам мегӯянд ба мерос гирифтааст. Як хоҳари вай – Фарзона ҳам дар шоу-бизнес мақоми намоёнеро соҳиб аст.

Шабнами Сурайё ҳоло дар раддаи аввали овозхонҳои попи тоҷик мақом дорад. Ӯ дар саҳнаҳои хурду бузурги Русияву Амрикову Аврупо ҳунарнамоӣ кардааст. Клипҳояш гаронбаҳоянд ва дар тӯю маъракаҳои хурсандӣ низ ҳаққи хизматаш кам нест. Беҳрӯз Зеваров дар китоби “Асрори шоу бизнеси тоҷик” (соли 2012) Шабнами Сурайёро дар қатори панҷ овозхоне навиштааст, ки ҳаққи хизматашон барои иштирок дар як чорабинии то 60-дақиқаӣ (Душанбе ва наздиктарини навоҳии тобеи ҷумҳурӣ) аз 2000 доллар бештар аст. Аммо ахиран як нафари огаҳ гуфт, Шабнам барои як соати баромад дар шаҳри Душанбе 7 ҳазор доллар хостааст.

Шабнами Тоҷиддин. Ӯ ҳам аз хонаводаи санъаткор аст. Падараш, марҳум Тоҷиддин Муҳиддинов яке аз ситораҳои дурахшони эстрадаи тоҷик буд. Шабнам пас аз марги падараш дар саҳнаи бузург муаррифӣ гардид. Дар ансамбли “Сипар”-и Вазорати корҳои дохилӣ кор мекунад. Дар китоби “Асрори шоу бизнеси тоҷик” ҳаққи хизмати ӯ аз 1000 то 2000 доллар (барои иштирок дар як чорабинӣ то 60 дақиқаи корӣ (Душанбе ва наздиктарини навоҳии тобеи ҷумҳурӣ) гуфта мешавад.

Ва Шабнами Собирӣ. Ӯро қаблан ба сифати “қаҳрамон”-и клипҳои сарояндаҳои дигар дидан мумкин буд. Ҳоло ба сифати овозхон маъруф аст. Огоҳони шоу-бизнес мегӯянд, кори муаррифии ӯ ба дасти Мансур Неъматов, маъруф ба DJ Aladdin аст. Дар бештари клипҳои Шабнам “марди орзӯҳо”-яш маҳз Мансур мебошад. Шабнами Шамс ҳам ҳаст. Аммо ҳоло ба саҳнаҳои бузург роҳ наёфтааст.

Аз Фирӯзаҳо ду-то дорем. Фирӯза Ҳафизова ва Фирӯза Алифова. Дуюмӣ замоне хеле муваффақ буд, аммо чанд соли ахир тарки хонандагӣ кардааст. Аввалӣ ҳоло ҳам месарояд. Фирӯза Ҳафизова аз раққосаӣ ба овозхонӣ омад. “Аз хурдӣ рақсро дӯст медоштам. Соли 1999 ба Душанбе омада, то соли 2007 дар ансамбли “Ҷаҳоноро” рақс кардам. Дидам ки дар овозхонӣ ҳам мешавад машҳур шуда ва сароянда шудам”,-гуфтааст дар як мусоҳибааш. Ва сарояндагӣ воқеан ба ӯ шуҳрат овард (бешак, таҷрибаи раққосагияш ҳам бенақш нест).

Таҳминаҳо ҳам ду нафаранд. Таҳмина Рамазонова солисти гуруҳи “Авесто” мебошад. Ӯро натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои хориҷ ҳам эҳтиром мекунанд. Иштирокчии озмунҳои байналмилалии мусиқии ҷаз дар Бишкек буд ва соли 2011 бо пирӯзӣ ба ватан баргашт. Таҳмина садои марғуладор ва сабки хоси таронасароӣ дорад ва гуфта мешавад маҳз ҳамин вижагӣӯро маъруфу маҳбуб кардааст.

Таҳминаи дуюм Ниёзова насаб дорад. Номи ӯ замоне, ки 19 сол дошту дар озмуни сурудҳои эстрадии “5 ситора. Интервидение” барандаи шоҳҷоиза гардид (соли 2008), ба шуҳрат печид. Вай набераи шашмақомхонони варзидаи тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов мебошад. Фориғутаҳсили Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар бахши журналистика ҳаст. Иштирокчии чанд озмуни мусиқӣ, бо шумули “Бозори славянӣ” дар Белорусия мебошад. Бештар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарона иҷро мекунад.

Миёни баъзеҳо то ҳамномӣ ҳамагӣ як ҳарф фосила аст: Парвин (Юсуфӣ) ва Парвина (Шукруллоева). Онҳо на дар мусиқӣ ва на дар шеваи таронахонӣ бо ҳам шабоҳат надоранд, аммо ҳар яке дар мақоми худ ҳаводор ва мухлис дорад.

Дар миёни ҷинсҳои латифи ҳамном метавон боз аз Бунафшаҳо — Шокирова, Муқимова, Раҷабова, Фарзонаи Хуршеду Фарзонаи Файз, Сурайё Қосимоваю Сурайё Мирзоева, Миҷгона Ҳакимоваю Миҷгонаи Мирзо ном гирифт.

Дар миёни мардҳо ҳам ҳамномҳоро ёфтан мумкин аст. Агар Рустамҳои муваффақро ҳисоб кунем танҳо се ангушти дастамон хам мешавад: Рустами Нур, Рустам Исоев ва Рустами Сарбандӣ. Рустами Нурро маҳорати “актёрияш”, Исоевро таронаи “Як лаҳза” ва Сарбандиро суруди “Сарвиноз” маъруф кард. Рустами якум ҳоло ҳам “по”-и шуҳратро сахт доштааст, аммо дуи дигар онро ба зудӣ сар доданд. Рустами Нурро гоҳе дар Мисру Амрико ва гоҳе миёни духтарон дар Ҳиндустон дидан мумкин аст.

Суҳроби Маҳмуду Суҳроб Отаев (Суҳроби Сафарзод ҳам ин феҳрастро комил мекард, ки 10 декабари соли 2010 даргузашт), Далер Назарову Далери Хайриддин, Файзалӣ Фозилову Файзалӣ Ҳасан, Қурбоналӣ Абдуллоеву Қурбоналӣ Раҳмон Олими Маҳмуду Олими Ҷуъмахон ҳамноманд.

Ҳамнасабҳо низ дар шоу-бизнес ангуштшуморанд. Албатта, онҳое, ки бо ҳам хешу табор нестанд. Дар ин феҳраст метавон аз Манижа, Ғунчагул ва Ҳабиба Давлатоваҳо, Ҳабибу Фирӯз Ҳакимовҳо, Фарзона ва Фаридуни Хуршед ном гирифт.

Миёни ҳамном ё ҳамнасабҳо ду нафари аз нигоҳи хислат, рафтору гуфтор шабеҳро ёфтан душвор аст. Шеваи хонандагии онҳо низ аз ҳам тафовут дорад, ҳарчанд ин тафовут андак аст.

Маҳбуби ГАНҶААЛӢ, «Озодагон»

Filed under: Хабар

One Response

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!