ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

Мино ошиқи кабки Данғара

Мино

Мино

Имрӯз санъати тоҷикро берун аз кишвар бо сарояндаҳои ҷавону маъруф мисли Садриддини Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов, Нигина Амонқулова, Таҳмина Ниёзова, Фарзонаи Хуршед ва чанди дигар мешиносанд.

Ин сарояндаҳо тавонистанд дар муддате худ ва санъати тоҷикро берун аз кишвар муаррифӣ кунанд. Вақте, ки Шабнами Сурайё дар саҳнаи ҳунар пайдо шуд, сабку услуби хонданаш ба аксарият маъқул набуд ва ӯро ҳамчун сарояндаи хасакӣ ном мебурданд, яъне сарояндае, ки танҳо сурудҳои пучу бемаънӣ мехонад.

Ин фикр дар сари аксарият баъди хондани суруди «Ҳанӯз аввали ишқ аст» пайдо шуд. Бо вуҷуди норозигии бархе аз шунавандагон, ки «суруди бемаънии ӯ санъати тоҷикро шарманда кард» мегуфтанд, Шабнам тавонист маҳз бо ҳамин суруд диққати мухлисонашро ба худ ҷалб кунад ва дар муддати кӯтоҳ дар сархати сарояндаҳои машҳур қарор гирад.

Мухлисон мегуфтанд, ки мисли Шабнам сарояндаи «зӯр» — е, ки ҳам дар кишвар ва ҳам берун аз он мухлис дошта бошад, кам аст. Зеро ӯ дар чандин консертҳои байналмиллалӣ иштирок карда, худро ҳамчун сарояндаи муваффақи тоҷик муаррифӣ намуд ва дар муддати кӯтоҳ дар кишварҳои хориҷӣ низ мухлисони зиёд пайдо кард…

Баъди чанд соли дигар ба саҳнаи ҳунар сарояндае бо номи Мино баромад. Суруди «Мино туро дӯст медорад» — и ӯ шунавандаи зиёд пайдо кард. Аксарият ӯро барои ҳаракатҳои «ноҷояш» дар клипи ин суруд танқид карда мегуфтанд, ки ин сароянда нест, ин духтар раққоса аст ва наметавонад дар саҳнаи тоҷик мавқеъ пайдо кунад. Лекин дар муддати кӯтоҳ ӯ тавонист шӯҳрат пайдо кунад. Суруди дигари ин овозхон, ки бо забони англисӣ сароида шудааст, аз тарафи шунавандагон баҳои баланд гирифт ва овозае паҳн шуд, ки  гӯё овози ӯ ба садои сарояндаи машҳури Амрико Шакира монандӣ дорад.

Мино рӯз аз рӯз мухлиси зиёд пайдо карда истодааст. Ду суруди охирини ӯ бо номи «Кабки Данғара» ва «Бытата хай метата, натата наметата» шунавандаи зиёд пайдо кард. Имрӯзҳо мебинем, ки дар тамоми нақлиёти мусофиркаш ва мошинҳои сабукрав ин суруд садо медиҳад, ҳатто дар радиоҳо ҳам хоҳиш мекунанд, ки ин сурудҳоро пахш кунанд.

Меоем сари масъалаи суруди «Кабки Данғара». Чаро Мино маҳз ин сурудро сароид? «Кабки Данғара» — и — Мино кӣ бошад? Кадом бачаи данғарагӣ дили Миноро бурдааст? Ин суолҳоест бе ҷавоб, зеро танҳо худи Мино посухи ин суолҳоро медонад. Аксарият мегӯянд, ки ин суруди «заказной» аст. Овозае паҳн шудааст, ки гӯё ҷавонони пулдори Данғара ба сарояндаҳо маблағ дода мегӯянд, ки ягон суруди зӯр барои бачаҳои Данғара сароида шавад.

Чун вақтҳои охир сарояндаҳо дар васфи  бачаҳои Данғара бештар суруда истодаанд. Агар дар ёд дошта бошед, чанд вақт пеш сарояндаи дигари тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева низ суруде бо номи «Бачаи Данғара» хонда буд ва дар матбуот сару садоҳое дар ин бора пайдо шуда буд. Мухлисон ба редаксияи мо низ занг зада хоҳиш мекарданд, то ёри данғарагии Зулайхоро барояшон муаррифӣ намоем.

«Бытата хай метата, натата наметата». Намедонам номи аслии ин суруд чист, вале ҷавонон сурудро ҳамин тавр ном мебаранд. Ин навбат низ суруди Мино мавриди танқиди шадиди шунавандагон  қарор гирифт. Ҳатто тариқи баъзе шабакаҳои радиоӣ Миноро сарояндаи «хасакӣ» ном бурданд. Аммо ман ҳайронам, баъди чунин танқидҳо чаро боз суруди ӯ дар сархати сурудҳои сершунавандатарин қарор дорад? Агар сурудҳои ӯ бемаънӣ бошад, пас чаро онро пайваста гӯш мекунанд?

Гурӯҳе аз шунавандагони Мино мегӯянд, ки агар як продюсери хуб бошад, ки ӯро роҳнамоӣ кунад, дар муддати кӯтоҳ Мино аз Шабнами Сурайё ва дигар сарояндаҳои тоҷик машҳуртар мегардад. «Пеш аз тӯй нақора задан» хуб нест. Инро танҳо вақт муайян мекунад. Пас, интизор мешавем. Шояд Мино дар ҳақиқат дар як муддати кӯтоҳ аз сарояндаҳои машҳури мо маъруфтар гардад. Шояд.

«Ману Ту»

Filed under: Номаҳои хонандагон

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!