ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

Шамсиддини Азиз: Ҳар гуноҳе кардам, худ надониста кардам

Шамсиддини Азиз

Шамсиддини Азиз

Вақте, ки сухан аз як ҳунарманд оғоз меёбад, пеши назари мо базму тараб, суруду мусиқӣ, умуман як дунёи рангоранг ҷилвагар мешавад ва хотирамонро болида мегардонад. Ин дафъа хостем мухлисони Шамсиддини Азизро бо сӯҳбате, ки ба наздикӣ анҷом дода будем, шод гардонем. Зеро чандест, ки мухлисонаш аз ин сарояндаи ҷавону умедбахш пурсон мешаванд. Инак, Шамсиддини Азиз дар меҳмонии мо.

— Ба шумо чӣ гуна кор писанд аст: мушкил ё осон?

— Вазъиятро мебинам. Агар кор бар нафъи мардум аст, бароям фарқе надорад. Яъне, ман ба мушкилию осонии ӯ нигоҳ намекунам. Ман ягон маротиба корро ба мушкилу осон ҷудо накардаам. Бекор нишастанро дӯст намедорам, худро хеле бад ҳис мекунам. Зеро ҳар сонияе, ки дар зиндагӣ паси сар мешавад бароям қиммат аст.

— Аз зиндагии худ розиед?

— Бале, зиндагиро бо ҳама пастию баландиҳояш дӯст медорам. Зеро ҳамааш атои Парвардигор аст.

— Дар хона ба корҳои занон, бахусус модаратон кӯмак мерасонед?

— Бале, ҳамон  лаҳзаҳое, ки дар хона касе набуд, ман ба модарам кӯмак мекардам ва агар лозим шавад ҳозир ҳам кӯмак мекунам. Аммо танҳо ба модарам, ба дигарон не  (механдад). Зеро модар гавҳараки чашмам аст. Ман дунёро бе модар тира мебинам. Дар оғӯши модар чор фасли зимистон бароям ҳамеша баҳор аст. Ҳатто дар дами марг низ пеши зонуи модар нафасам озод мебарояд. Аз забони шоир мегӯям:

Дар роҳ будам, ки марг омад зи пасам,

Эй марг бимон, ки ман ба хона бирасам.

Дар пеши пойи модар ба зону бизанам,

Сар дар кафи пош монам, барояд нафасам.

Инро ҳамаи мо медонем ва бори дигар мегӯям, ки эй фарзандони аз ғами модар бехабар, модарро хор накунед.

— Чун ин қадар дар бораи модар бо меҳр сухан гуфтед, пурсиданиям, ки боре шудааст, ки хотири модаратонро озурда бошед?

— Фарзандон баъзан корҳоеро анҷом медиҳанд, ки модарон дар бисёр ҳолат аз онҳо намеранҷанд, аммо ояндаи онҳоро фикр карда, нигарон мешаванд, хотирашон парешон мегардад. Шояд боре модарамро ранҷонида бошам, вале кай, дар хотир надорам. Даврони кӯдакию мактабхониямро ба ёд меорам. Гумон мекунам, ки кореро барқасдона накардаам, ки модар аз ман ранҷида бошад. Ҳар гуноҳе кардам, худ надониста кардам.

— Суруди нав, ремикс бо номи ошиқонро, ки пешкаши мухлисон гардонидед, эҷоди кист?

— Суруди нав ремикс ба номи ошиқонро  бо ҳамроҳии бародар Беҳрӯз сабт кардем, яъне маҳсули тахайюлоти рангини Беҳрӯз аст. Суруди нави дигарамон ки «Ханда ба лабҳои ту» аст, аз сурудаҳои шодравон Аҳмад Зоҳир мебошад.

— Дар ягон клип нақш офаридаед?

— Бале, дар бисёр клипҳоям худам нақш меофарам. Ман қариб ҳамаи сурудҳои хешро клип кардагӣ ҳастам  ва то ҳол аз пайи сабти  клипҳо  ҳастам. Иншооллоҳ ба наздикӣ пешкаши мухлисон мегардонем. Лекин агар дар назар дошта бошед, ки ман дар ягон клипи дигар нақш офарида бошам, ин тавр нест. Ман то имрӯз танҳо дар клипҳои худам нақш офаридааму халос.

— Як клипро тақрибан бо чӣ қадар маблағ тайёр мекунед?

— Барои клипҳо маблағи зиёд сарф мешавад. Агар маблағро зиёд харҷ кунӣ, ҳамон қадар клип хуб мешавад. Ҳаҷми маблағро гуфтан шарт нест.

— Бисёре аз сарояндагон дар клипҳояшон гурӯҳҳои мазҳакавиро истифода мебаранд. Мақсад чист, ҷалб кардани шунаванда, пайдо кардани тамошобин?

— Тамошобину шунаванда ба ҳар суруду клипе, ки дар сатҳи баланд сабт шудааст, худаш ҷалб мешавад. Фарқ надорад, ки он чӣ гуна суруд аст. Ҳастанд одамоне, ки ҳаҷву шӯхиро дӯст медоранд, ҳастанд нафароне, ки дӯст намедоранд. Ин аз худи ҳунарманд вобаста аст. Ба ӯ ҳаҷву шухӣ писанд бошад клипҳояшро бо ҳамон тарз сабт мекунад, агар писанд нест намекунад.

Як чизро набояд фаромӯш кард, ки ба ҳунарманде офаридани ягон нақш писанд набошад, агар ҳазорон ҳазор мухлис пайдо карданаш имкон дошта бошад, он нақшро намеофарад. Зеро ҳунарманд дар нақш аз умқи ҷон талош меварзаду онро дӯст медорад. Чизеро, ки рӯякӣ тайёр кунӣ, онқадар хуб намебарояд. Ман ягон маротиба гурӯҳҳои мазҳакавиро дар клипҳоям истифода набурдаам.

— Саволи аҷибе аз тарафи як мухлисатон: Шамсиддин, китоб хонданро дӯст медоред? Бори охир кадом китобро хондед?

— Бале, китоб хонданро беҳад дӯст медорам. Аз шоира Меҳринисо бештар мехонам.  Инчунин ҳазрати Бедилро мутолиа мекунам. Бори охир девони Лоиқро хонда будам.

— Барои мухлисон чӣ гуфтаниҳо доред?

— Гуфтаниям, ки ҳамеша бо мо бошанд. Моро фаромӯш накунанд ва рӯзҳои наздик фитаи клипу сурудҳои навро метавонанд аз нуқтаҳои фурӯш дастрас намоянд.

Рухшонаи Рустам, «Ману Ту»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!