ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Ба канали "Ruzgor CINEMA" обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои хеш рӯзгори Шуморо рангин месозем. Ба канали мо обуна шуданро фаромӯш насозед!

«СИТОРА»-ҲОИ ХУДХОҲ ТО НИСФИРӮЗӢ МЕХОБАНДУ ТО НИМАШАБ ДАР «ОДНОКЛАССНИКИ»…

«СИТОРА»-ҲОИ ХУДХОҲ

«СИТОРА»-ҲОИ ХУДХОҲ

Даҳ соли охир дар самои санъати ҳунари тоҷик ситораҳои зиёде зуҳур карданд, ки ҳисобашонро бо тасбеҳ низ намеёбӣ. Баъзеҳо ба ман эрод мегиранд, ки чаро ту Шабнами Сурайё, Гулрӯ, Баҳром Ғафурӣ, Фарзона ва ғайраҳоро танқид мекунӣ? Шояд ба онҳо ҳасад мебарӣ?

Хоҳ бовар кунед, хоҳ не эҳсоси ҳасад хӯрдан барои ман бегона аст, аммо чун камбудӣ ва аз чорчӯбаи қонунҳои одамгарӣ берун рафтани касеро бубинам, хомӯш истода наметавонам. Барои навиштани ин мавод низ ман сабаб дорам, зеро дар ҳафтаворе сӯҳбати Шабнами Сурайёро хондам, ки хурсандии худро аз ҷашни арӯсии Фирӯза Ҳафизова баён дошта гуфтааст:

-Хурсандии Фирӯза, хурсандии ҳамаи мо ситораҳост!

Ин аз назарбаландӣ ва бузургманишии ӯ хабар медиҳад. Шояд Шабнам барои бархеҳо ситора бошад, аммо худро ситора номидан…

Ситора онест, ки…

Дар ҳама соҳаҳои касбу кор он ашхосеро, ки аз дигарон бартарӣ доранд, ҳурмату эҳтиром менамоянд. Ситора унвон додани ин гуна шахсон шояд аз он бошад, ки онҳо аз дигарон як сару гардан болотаранд? Имрӯз ин вожаро бештар ба ҳунармандони саҳна марбут кардаанду аксари эшон бо ғурури ба худ хос аз Худою бандааш шарм надошта, худро ситора меҳисобанд. Ситора онест, ки истеъдоди фавқулоддаи модарзодӣ дорад ва мисли Одина Ҳошими машҳур девони Ҳофизу Саъдӣ, Бедилу Сайидоро азёд медонад.

Дар шумораи навбатии маҷаллаи «Фирӯза» сӯҳбати Устоди ҳунари тоҷик Нуқра Раҳматоваро хондам. Ӯ мегӯяд, ки то ба тамошобин расонидани як суруд, шоир, оҳангсоз ва сароянда, моҳҳо кор мекарданд. Ҳоло чӣ? Калимаю ибораҳои парокандаро шеър ва пайвастани он ҳарфҳои подарҳаворо бо оҳанги дуздие суруд гуфта, ба самъи тамошобин мерасонанд. Боз шарм надошта, даъвои ситора будан мекунанд.

Ба андешаи ман, ситора бояд ғайри овози форам, қобилияти баланди дарки шеъру оҳанг дошта, бо забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллии худ аз наздик ошно бошад. Боварӣ дорам, ки аксарияти ситораҳои саҳнаи мо зинда суруд хонда наметавонанд! Бо ёрии техника қурбоққа ҳам булбул мешавад ва инро ҳар рӯз мо мушоҳида мекунем.

Аз минбари ҳафтавори бонуфузе Гулрӯ Табарова эълон доштааст, ки то нисфи рӯз хоб меравад ва ба саволи шабона чӣ кор мекунед, гуфтааст: Бовар кунед, то нисфи шаб дар одноклассникум… Оё ҳунарманде, ки шаб то рӯз дар «однокласникай» ва рӯз то бегоҳ хоб меравад, вақти таҳияи суруд дорад? Ман акнун фаҳмидам, ки чаро ин ҳунарманд ин қадар бемағзу маънӣ месарояд!

Дар ҳамин сӯҳбат (нусхаи ҳафтавореро, ки ҳамин сӯҳбати чоп шудааст, маҳфуз медорам ва касе лозим донад, ба ман муроҷиат кунад) рӯзноманигор аз хонум Гулрӯ мепурсад, ки оё рост аст, ки шумо ошиқи сарватманд доред? Гулрӯ иқрор мешавад ва илова мекунад, ки ошиқаш тамоми хоҳишҳои ӯро иҷро мекунаду вай дар навбати худ хизмати ошиқашро аз дилу ҷон ба ҷо меорад. Куҷост шарму ҳаё ва фарҳанги зотии тоҷикдухтар?!

Мо дар ҳаҷв ситора надорем?

Чанде пеш ҳунарнамоии Устод Убайдулло Раҷабовро тамошо кардаму ба андеша рафтам. Чаро ситораи ҳақиқии саҳнаи ҳаҷву танзи тоҷик дигар майли шухӣ кардан надорад? Ман ҳамчун як мухлиси ин ҳунарманд Убайдулло Раҷабовро дар радифи Петросян ва Винокури машҳури русҳо мегузорам. Пас аз монологҳои ҳаҷвии машҳури «оча аллам бигӯ» ва «Слёти говҷӯшҳо»-и устод дигар касе ҷуръати бо ин жанри ҳаҷв ба саҳна баромаданро накард. Убайдулло Раҷабов он қадар табиӣ ва тоҷикона симо меофарад, ки дар ҳаҷв дигар касе ба пояи ӯ нарасидааст.

Шӯхиҳои Аловиддин низ байни мардум маъруфияти зиёд доранд, вале байни онҳо саҳнаҳои тасодуфӣ, ки онҳо ҳатто аз зарофат бӯйе набурдаанд, ёфт мешаванд. Масалан, ба қарибӣ саҳнаеро тамошо кардам, ки марде аз Русия рақами хонаашро хато карда, ба дигар кас занг мезанад. Ин гуфтугӯ дилбазан ва бе танзу лутф буд, муаллифи он ҳолатро хеле сохта ба қалам додаст…

Намедонам, театри «Оина», ки бо роҳбарии ҳунарманди маъруф фаъолият мекард, дар чӣ ҳол аст, аммо бисёр мехоҳам Убайдулло Раҷабовро бори дигар бо монологҳои нав рӯйи саҳна бинам. Гумон мекунам, ки Устод метавонанд бо зуҳури тозаи хеш як дарсе диҳанд ба навоғозони роҳи пуршебу фарози ҳаҷвнигорӣ.

Баъзан аламам мекунад, ки ҳунармандони ҷавон саҳнаҳои таҳқиромезеро ба навор мегиранду симоҳои давлатӣ бошанд, онҳоро нишон медиҳанд. Масалан, ҷавонони театр-студияи «Шакарханд» саҳнае доранд, ки ҷанги Рустам ва Сӯҳробро намедонам масхара мекунанд ё тақлид? Ба он ҳунармандоне, ки ин саҳнаро омода кардаанд гуфтаниям, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ волотарин ҳамосаи адабиёти ҷаҳонист. Ба қавли Устод Гулрухсор, « Шоҳнома, ватан аст». Пас, оё ба арзиши бузурги миллии ниёгон шӯхӣ кардану фоҷиаи куштори писар аз дасти падарро ба шӯхӣ гардонидан кори одами оқил аст?

Дигаронро намедонам, аммо ман ба ин саҳна бо нафрат ва ҳайрат нигаристам. Бо нафрат барои он ки Ҳакими Тусӣ баъди садҳо соли аз Маҳмуди Ғазнавӣ таҳқир дидан, аз дасти ворисони бесаводи худ таҳқир дид. Ҳайратам аз он буд, ки наход тоҷик қимати шоҳасари безаволи Фирдавсиро надонад? Шояд ҳақ бар ҷониби муаллифи «Шоҳнома аст, ки фармуда:

Зи Эрону аз турку аз тозиён,

Нажоде падид ояд андар миён.

На деҳқон, на турку на тозӣ бувад,

Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад!

Лолаи Саидакбар, «Зан ва мард»

Filed under: Номаҳои хонандагон,

Тавзехот / Комментировать

Гулдухтарон …

Ahmad Zahir banner concert
ruzgor.tj

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

mesto-reklama

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Бехуда хорам мекуни

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к еще 315 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

«Ruzgor CINEMA» Ба канали мо дар Ютуб обуна шуданро фаромӯш накунед.

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

mesto-reklama 1

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

Манижа Давлат - Manija Davlat 2012

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

banner_kino_tajmusic

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

the-message

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

Farhad Darya - Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!